Табиби тоҷикро баъди марги як гирифтори "илтиҳоби шуш" латукӯб кардаанд

Дар Тоҷикистон то кунун бештар аз 1700 табибу парастор ва дигар кормандони тиб ба СОVID-19 гирифтор шудаанд.

Як табиби тоҷикро, ки бемораш дар натиҷаи илтиҳоби шуш ва ё зоҳиран COVID-19 фавтидааст, ба ҳадде задаанд, ки дар шӯъбаи эҳё бистарӣ шудааст. Ҳодиса рӯзи 20-уми июн дар беморхонаи сироятии шаҳри Турсунзода рух додааст ва мақомоти милиса ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.

Ёқуб Дадаҷонов, ревмотолог ва анестизиологро баъди он задаанд, ки як сокини шаҳр, ки дар беморхона муолиҷа мегирифт, дар замони навбатдории ӯ фавтидааст. Ёқуб Дадаҷонов, ки рӯзи 22-юми июн аз бистари беморӣ бо Радиои Озодӣ суҳбат мекард, гуфт: “Нисфи шаб бояд беморонро назорат мекардам. Ин бемор, ки бо ташхиси илтиҳоби шуш бистарӣ буд, фавтид. Ду хешаш, ки намедонам писаронаш буданд, ё каси дигар, баъди шунидани хабари марги ӯ, якбора ба ман ва ҳамкоронам дарафтоданд. Вақте ба сарам заданд, аз ҳуш рафтам ва дигар намедонам, чӣ шуд. Ба ҳуш омадам, дар бемористон ҳастам. Дар шуъбаи эҳёи бемористони марказӣ ду рӯз нигаҳ дошта, имрӯз ба шуъбаи неврохирургия интиқол доданд”.

Ҳамкоронаш гуфтаанд, ки дар натиҷаи зарбаи сахт мағзи сари Ёқуб Дадаҷонов осеб дидааст ва бояд дар шифохона муолиҷа бигирад. Дадаҷонов гуфт, ҳодиса соати дувуними шаб рух дод ва натанҳо ӯ, балки парастору фарроши шуъбаро ҳам задаанд. Табиби тоҷик мегӯяд, то ҳол намедонад, чаро хешовандони бемори фавтида бо онҳо чунин рафтор карданд. Дар Беморхонаи сироятии шаҳри Турсунзода ду моҳ боз аст, ки гирифторони бемории илтиҳоби шуш ва ё СOVID-19 табобат мешаванд. Дадаҷонов гуфт, ӯ мисли дигар пизишкон бояд ду ҳафта бидуни танаффус навбатдорӣ ва беморонро табобат мекард.

Як манбаъ дар мақомоти интизомӣ дар Турсунзода ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳодисаро кормандони милиса таҳқиқ мекунанд. Ба гуфтаи мусоҳиби Радиои Озодӣ, рафтори ду нафаре, ки яке аз онҳо писари марди фавтида бо номи “А” аст, тафтиш мешавад. Марди фавтида сокини 56-солаи шаҳри Турсунзода буда, ба гуфтаи табибон, бемории қанд доштааст ва гирифтори илтиҳоби дутарафаи шуш шудааст, ки табибон натавонистанд, ҷони ӯро наҷот диҳанд.

Узрхоҳӣ пас аз ҳамла

Аммо бисёре аз мутахассисон мегӯянд, сабаби аслии фавти гирифторони бемориҳои музмин ба мисли бемории қанд ҳамин коронавируси нав аст, ки дар Тоҷикистон ба қадри кофӣ онро озмоиш намекунанд. Талошҳои хабарнигори Радиои Озодӣ барои суҳбат бо афроди муттаҳам ба латукӯби табиб натиҷа надод ва дар сурати изҳори назар, гуфтаҳои онҳо ҳаминҷо нашр мешавад.

Дар беморхонаи сироятии шаҳри Турсунзода ҳодисаро тасдиқ карданд. Маҳмадшариф Талбаков, мудири шуъбаи бемористон рӯзи 22-юми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, воқеан марги як бемор хешовандони ӯро асабонӣ ва рӯҳафтода кардааст, ки ба сари табибону кормандони дигар даст бардоштаанд.

Дар ҳоле ки ба гуфтаи табиб, ин шабурӯз онҳо барои наҷоти ҷони ҳар бемор ҳар кореро, ки аз дасташон меояд, мекунанд. Маҳмадшариф Талбаков мегӯяд, вирус ба худи ӯ низ сироят кардааст: “Ман худам ҳам бемор шудам ва ду моҳ табобат гирифта, дар карантин будам. Вақте сари кор омадам, гуфтанд ки чунин ҳодиса шуд. Ҳоло тамоми бемороне ки аломатҳои ҳамин бемориро доранд, дар ҳамин беморхонаи мо ҳастанд. Ҳоло на ҳама мефаҳманд, ки табибон чӣ рузҳоеро паси сар мекунанд.”

Ёқуб Дадаҷонов гуфт, рӯзи аввал маъмури милиса аз ӯ дар мавриди ҳодиса пурсидааст, вале афзуд, пас аз табобат тасмим мегирад, ки аз рафтори латукӯбгарон шикоят мекунад ё не. Табиби тоҷик гуфт, дар тӯли даҳсолаҳои кораш, бори аввал аст, ки бо ӯ чунин муносибат мекунанд: “Ман 30 сол аст, кор мекунам, вале ин ҳодисаро тассавур намекардам. Фикр кунед, дар чунин ҳолат, ки ҳатто муҳофизон бехабар монданд, агар онҳо маро ё ҳамкоронамро мекуштанд, чӣ мешуд?”.

Яке аз онҳое, ки табиби тоҷикро латукуб кардааст, омада аз ӯ узр хостааст. Латукӯби табибон дар давраи пандемияи COVID-19 дар Тоҷикистон камсобиқа аст. Дар кишварҳои дигар низ аз бадрафторӣ бо табибон дар замони пандемия гузориш шудааст. Пизишкони тоҷик, ки дар сафи пеши мубориза бо беморӣ ҳастанд, то кунун даҳҳо ҳамкори худро аз даст додаанд. Бино ба гузориши вазорати тандурустии Тоҷикистон аз моҳи апрел то кунун бештар аз 1700 табиб ва парастору дигар кормандони тиб, ба бемории СOVID-19 гирифтор шудаанд.