Ҳафтаи оянда дар саҳнаи театри “Балтийский дом”-и шаҳри Санкт-Петербурги Русия ҷашнвораи байналмилалии театрҳои кишварҳои СНГ ва Балтия бо номи “Встречи в России” оғоз ба кор мекунад. Дар ин ҷашнвора, ки барои бори 18-ум доир мешавад, ду намоишномаи коргардони маъруфи тоҷик Барзу Абдураззоқов – “Достони манқурт” ва “Ҳамсинфон. Сабақҳои зиндагӣ” низ ба маърази тамошо гузошта мешаванд. Аммо Барзу Абдураззоқов бо ин намоишномаҳо дар ин ҷашнвораи мӯътабар на аз Тоҷикистон, балки аз Қирғизистону Қазоқистон намояндагӣ мекунад.
Барзу Абдураззоқов, ки солҳои охир дар театрҳои Қирғизистону Қазоқистон кор мекунад, “Достони манкурт”-ро бар пояи романи “Дуроҳаи бӯҳронӣ ё як рӯзи дарозтар аз аср”-и Чингиз Айтматов дар театри русии ба номи Айтматови шаҳри Бишкек ба саҳна гузоштааст. “Ҳамсинфон” – фаровардаи дигари ин коргардони маъруф дар театри Алма-Атои Қазоқистон рӯи саҳна омадааст. Ин намоишнома бар пояи асари драматурги поляк Тадеуш Слободзянек соли гузашта барои Барзу Абдураззоқов дар Петербург шоҳҷоизаи озмуни театрии “ArtОкраина”-ро оварда буд.
Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Барзу Абдураззоқов соли 1959 дар Душанбе ба дунё омадааст. Падари ӯ ҳунарпешаи шинохтаи тоҷик Ҳабибуллоҳ Абдураззоқов ва модараш коргардони низ маъруфи театр Фотима Ғуломова мебошанд. Соли 1980 риштаи коргардонии Донишкадаи санъати Тоҷикистн ва соли 1987 Донишкадаи театрии ба номи Луначарский дар шаҳри Маскавро хатм кардааст.
Дар соли 2009 намоишномаи “Девонагӣ. Соли 93”, ки Барзу Абдураззоқов дар театри русии ба номи Маяковскийи шаҳри Душанбе ба саҳна гузошт, аз ҷониби мақомоти вазорати фарҳанг манъ карда шуд. Баъди он дар Тоҷикистон ба ин коргардон имкони кор надоданд ва ӯ дар соли 2013 ба Бишкек рафт ва ду сол паиҳам коргардони беҳтарини соли Қирғизистон эътироф шуд. Соли гузашта мақомоти вазорати фарҳанги Тоҷикистон эълон карданд, ки ба ин коргардон дар Душанбе шароити кор фароҳам хоҳанд овард, вале худи ӯ мегӯяд, дар ниҳоят ягон пешниҳоди расмие аз сӯи мақомот нагирифт.
Барзу Абдураззоқов рӯзи 31 март дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ дар бораи намоишномаҳое, ки ба Петербург мебарад, ва ҳам дар ин бора ки чаро ба Тоҷикистон баргаштанӣ нест?, гуфтугӯ кард.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Барзу Абдураззоқов: Шоми 5 апрел дар Петербург “Достони манқурт”-ро намоиш медиҳанд ва шаби 6 апрел – “Ҳамсинфон”-ро.
Озодӣ: Яъне ду рӯзи тамом дар Петербург бенефиси шумост?
Барзу Абдураззоқов: Бале ва аз ин хеле дар ҳаяҷонам. Ва ҳамин ҳоло ман бояд ба Бишкек парвоз кунам, то пеш аз сафари Петербург як бори дигар “Достони манқурт”-ро бо ҳунарпешаҳои театри Айтматов машқ кунем. Вале шиносномаамро барои сабти ном бурдаанд ва ман либосҳоямро алакай пӯшидаву ҷомадон дар даст дар Алма-Атоам ҳанӯз ва мунтазирам, ки аснодамро биоранду ман ба роҳ бароям.
Озодӣ: Қиссаи манқурти Чингиз Айтматов, ки достони инсонҳои ҳувияти худро гумкарда аст, дар солҳои 80 хеле сарусадои зиёд ба по карда буд. Аммо шумо чаро имрӯз дубора ба ин мавзӯъ рӯ овардед?
Барзу Абдураззоқов: Идеяаш дар Қирғизистон пайдо нашудааст. Ман дар Душанбе дар балкони хонаам истода будам ва як гурӯҳи наврасон дар кӯчаро дидам, ки як қуттии партовро дар назди мағозаи “Ақиқа” дар маркази шаҳр зери по мекарданд. Бо доду вой заданду заданд ва билохира ҳамон қуттиро канда партофтанд. Беҳуда, бе ягон мақсад. Вале ин қадар хурсанд буданд аз кори кардаашон. Вақте ин ҳамаро аз балкон дидам, ногаҳон ба забонам калимаи “манқурт” омад. Ҳамон вақт дарк кардам, ки даврони мо даврони манқуртҳост. Қаҳрамони Айтматов низ танҳо хотираашро аз даст дода буд, ақлашро – не. Ба гуфти русҳо, “овощ” нест. Мисли одамони дигар меравад, мегардад, мехӯрад, ҳама хусусиятҳои физиологӣ ва психологии як инсонро дорад. Ва вақте аҳли қабилаи жуан жуан хотираашро шустанду 10 000 уштурро барои нигоҳубин ба манқурт супурданд, ӯ ба худ фикр кард, ки императори ин шутурҳост ва замину само ба ҳукми ӯ мечархад. Дар асл ман ба хулосае расидам, ки Чингиз Айтматов дар ин асар тарҷумаи ҳоли худро гуфтааст, худро ҳам “манқурт” мешуморад. Чунки ӯ дар даврони Шӯравӣ хеле иззат медид, ҷоизаҳову унвонҳо барояш медоданд ва дар иваз маҷбур буд, ба низом хидмат кунад, даркор шавад, Солженитсинро маҳкум кунад, ҳукуматро биситояд. Аммо агар Айтматов дар бораи худашу кишвари худаш навишта буд, ман дар ин намоишнома дар бораи ба чӣ табдил ёфтани кишвари худам ва худи ман қисса мекунам. Асли достон ҳамин аст.
Озодӣ: Аммо асли қиссаи “Ҳамсинфон” чист?
Барзу Абдураззоқов: Ин достони 10 ҳамсабақ аз як шаҳри Лаҳистон дар наздикии марз бо Беларус аст ва чӣ гуна тағйир ёфтани зиндагии онҳо дар тӯли 70 солро ҳикоят мекунад. Дар бораи он ки соли 1939 шаҳри онҳоро Шӯравӣ ишғол кард, баъд Олмони фашистӣ ва ин 10 ҳамсабақ – 5 поляк ва 5 яҳудӣ – ба истилоҳи маъруф дар байни мо – ба “вовчик” ва “юрчик” ҷудо шуданд. Бузургтарин воқеаҳои асри 20 дар ин намоиш дар мисоли тақдири ин 10 ҳамсинф мегузаранд.
Озодӣ: Яъне ҳарчӣ ки Шумо рӯи саҳна мегузоред, аз таҷрибаи зиндагии худи Шумост ва аз таҷрибаи зиндагии кишвари Шумо, яъне Тоҷикистон?
Барзу Абдураззоқов: Тақдири кишвари ман тақдири дунёст. Ман мебинам, ки ҷаҳон куҷо рафта истодааст ва мо аз он воқеаҳое, ки соли 1939 дар Полша гузашт, зиёд дур нарафтаем. Русияро бинед, ки чӣ мегузарад ва мардумаш чӣ қадар тақсим шудааст. Ё дар Қриму дар Украина. Мо мебинем, ки дар Тоҷикистон чӣ гузашта истодааст? Ҳарҷое ки ҳастем, мебинем, ки дар ҳадди таркиш аст. Ҳатто инҷое ки ман ҳоло ҳастам, ҳама мунтазири ким-чизи баданд, мутаассифона. Моҳи феврали соли 1990 ман бо Толиб Шаҳидӣ дар театри Лоҳутӣ машқ мекардем. Вақте баромадему пиёда тарафи “Домпечат” рафтем, дидем, ки ягон 10-15 кас дар назди Сека ҷамъ шудаанд. Кӣ медонист, ки гирдиҳамоии ин 10-15 кас дар ниҳоят таркише мешавад, ки мо инак 25 сол боз ба худ омада наметавонем? То даме ки тақсимкуние ба мисли ин ки ман бузургаму ту хурдӣ, мо олиему ту нестӣ, мо Худопарастему ту нестӣ, ман мусалмонаму ту кофир, ин ҳама ба фашизм мебарад, оқибаташ хеле бад аст. Мо аз воқеаҳои солҳои 90-уми Тоҷикистон ҳеҷ дур нарафтем. Ва “Ҳамсинфон” ин тарси ман аз эҳтимоли бозгашт боз ба ҳамон солҳост. Як дӯсти ман гуфт, медонам, ки вазъи Тоҷикистон бад мешавад, вале вазифаи ману ту чӣ қадаре ки тавонем, ақалан як рӯз ба қафотар партофтани ин аст. “Ҳамсинфон”-и ман кӯшиши ба қафо партофтани ин даҳшат аст. “Достони манқурт” ҳам кӯшиши ба қафо партофтани таъқибу куштору даҳшат аст. Ин ташвишу нигарониҳои нуҳуфта дар умқи қалби мананд, ки дар намоишномаҳоям рӯ мезананд. Бахусус дар ҳамин ду намоишномаи охирин.
Озодӣ: Яъне зиёд хушбин нестед ба оянда? Манзурам, ба ояндаи Тоҷикистон?
Барзу Абдураззоқов: Сад афсӯс, ки не. Хеле хавотирам. Ростӣ, хеле-хеле хавотирам барои Тоҷикистон. Хеле! Ҳатто аз соли 1992 дида бештар хавотирам.
Озодӣ: Соли гузашта мақомоти вазорати фарҳанги Тоҷикистон гуфтанд, ки мо талош дорем, Барзу Абдураззоқовро ба Душанбе баргардонему барояш дар ҳаминҷо ҷои кор диҳем. Чӣ шуд билохира ин масъала?
Барзу Абдураззоқов: Чизе нашуд. Ман тобистон дар Душанбе будам, моҳи декабр баргаштам ба инҷо. Вале инҳо ҳеҷ гоҳ Барзуро намеёбанд. Бубинед, вазорати фарҳанг дар хиёбони Рӯдакӣ, 34 ҷойгир шудааст ва манзили ман дар Рӯдакӣ, 35. Маро ҳамин рӯз аз ду кишвари хориҷӣ пайдо карданду сӯҳбат карданд. Вале инҳо дар тӯли чанд моҳ аз Рӯдакӣ, 34 то Рӯдакӣ, 35 Барзуро пайдо карда натавонистанд. Хандаовар нест?
Озодӣ: Аммо муҳит то куҷо созгор аст, ки агар барои мисол, даъват ҳам шавад, баргардеду дар Душанбе кор кунед?
Барзу Абдураззоқов: На, аслан. Ҳатто агар шароит ҳам бидиҳанд, масъалаи сонсур ин қадар сахт аст дар Тоҷикистон, ки тақрибан ягон чизро ба саҳна монда намешавад. Масалан, Шекспирро ба саҳна монда наметавонед. Барои онки ҳатман дар асарҳои ӯ ҳатман як чизеро меёбанд, ки муқобилашон аст. Масалан, “Тартюф”-и Молерро монда наметавонед. Классика аслан роҳ намеёбад ба саҳнаи театр, чунки ҳар чизе ки аз классика бигиред, ҳатман дар бораи ҳамонҳост. Маҷбур мешавӣ, ягон чизҳои безарар ба саҳна гузорӣ. Вале баргаштан ба хотири ин маъно надорад. Як дӯсти файласуфи ман аз Олмон мегӯяд, театр оппозитсияе ҳаст, ки пулашро худи давлат медиҳад. Агар ин вазифаҳояшро театр иҷро карда натавонист, вой бар ҳоли театр. Рафтану омадан ва афсона нишон додану дурӯғ нишон додан маъно надорад. Театр он қадар поймол шуд, ки дигар тавони ба по хестан надорад. Умри ман чӣ қадари дигар мондааст, ки раваму беҳуда сарфаш кунам?
Озодӣ: Аммо Тоҷикистон, ба ҳар сурат, Ватан аст ва дилатон месӯзад барояш, не?
Барзу Абдураззоқов: Чӣ хел намесӯзад? Ман ҳар чизе ва дар ҳар куҷое ба саҳна мондам, дар бораи Тоҷикистон мондам. Ҳар чизе ки дар хориҷ аз Тоҷикистон мегӯям, дар бораи Тоҷикистон мегӯям. Шеърро ҳам аз тоҷик мегӯям, гапамро ҳам, мисоламро ҳам аз тоҷик мегӯям. Характери персонажҳоям ҳам ҳама тоҷикианд. Ман куҷо канда метавонам худамро аз ин миллат? Куҷо биравам аз тоҷику Тоҷикистонам? Ҳар куҷое биравам, мисли як холи модарзод бо ман аст, онро аз тан канда намешавад.