Пешниҳоди ним сол кам кардани муҳлати хидмат дар артиш

Вазорати дифои Тоҷикистон дар чаҳорчӯби ислоҳот дар бахши низомӣ ба ҳукумати кишвар пешниҳод кардааст, ки муддати хидмати сарбозон дар артиш аз 2 соли феълӣ то ба 1,5 сол коҳиш ёбад. Фаридун Маҳмадализода, сухангӯи Вазорати дифоъ, рӯзи 9 август ба Озодӣ гуфт, ин пешниҳод дар ҳоли баррасист ва тасмими ниҳоиро ҳукумату порлумон хоҳанд гирифт.

Вай афзуд, “Вазорати дифоъ ба Қонуни “Ӯҳдадориҳои умумии ҳатмӣ ва хизмати ҳарбӣ” тағйироту иловаҳо пешниҳод кардааст, ки поин бурдани мӯҳлати хизмати ҳарбӣ аз 2 сол то якуним сол аз ҷумлаи онҳост. Ин пешниҳод дар вазорату идораҳои Тоҷикистон баррасӣ шуда ва сипас, ба ҳукумат ирсол мешавад.” Ин қонун соли 2000-ум қабул шуда буд.

Ба қавли сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон, ним сол камтар шудани муддати хидмати сарбозӣ ҳавасмандии ҷавононро барои пайвастан ба сафи нирӯҳои мусаллаҳ бештар хоҳад кард. “Ҳамчунин, мумкин аст, сафи сарбозони соҳиби маълумоти олӣ, ки дар донишгоҳу донишкадаҳо таълими ҳарбӣ нагузаштаанд, бештар шавад. Аз сӯи дигар, аз таҷрибаи кишварҳои собиқи Шӯравӣ, бахусус, Русия бартарии коҳиши муддати хидмати сарбозӣ дар раванди омодагии низомию техникӣ маълум шудааст,” – афзуд ӯ.

Фаридун Маҳмадализода

Мӯҳлати ҳатмии хидмат дар Шӯравии собиқ, ки Тоҷикистон ҳам ҷузъе аз он буд, ду сол муайян шуда буд. Баъди пошхӯрии ин иттиҳод ин низом то ҳанӯз дар баъзе аз ин кишварҳо ҳифз шуда, баъзеи дигар тадриҷан дар низоми хидмати сарбозӣ ислоҳот ҷорӣ карданд. Масалан, дар Русия хидмати сарбозон дар артиш аз 2 сол то ба 1 сол поин оварда шуд.

Ислоҳот дар самти низомӣ дар Тоҷикистон мавзӯи тоза набуда, созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар ва ташкилоти ғайридавлатии кишвар борҳо ба зарурати ислоҳот дар хидмати ҳарбӣ, аз ҷумла, ҷорӣ кардани хидмати алтернативӣ таъкид кардаанд. Аз ҷумла, ба гуфтаи Дилафрӯз Самадова, як масъули Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ, ин ниҳод пешниҳод кардааст, ба ҷои 2 соли хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ ҷавонони синни даъват ба хидмати алтернативӣ ҷалб шаванд. Самадова гуфт, хидмати алтернативӣ дар ниҳояти кор метавонад ба боло рафтани обрӯи артиш мусоидат кунад.

Вале ин пешниҳод ҳангоми таҳияи тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи Қонуни нави “Ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” аз ҷониби ниҳодҳои давлатӣ пазируфта нашуд. Ҳамчунин, пешниҳоди дигари созмонҳои ҳуқуқи башари Тоҷикистон дар мавриди пардохти маблағи муайян барои озод шудан аз хизмати ҳарбӣ ба далели мухолифаташ ба қонунгузории кишвар қабул нагардидааст.

Дилафрӯз Самадова

Ба бовари Дилафрӯз Самадова, ба банди 5-и моддаи 36-и ин қонун, яъне, тартиби даъват ба хизмати ҳарбӣ низ тағйирот ворид шуда, тибқи он даъватнома танҳо ба дасти ҷавони синни хизмат супурда шавад, на аҳли хонаводаи ӯ. Зеро ба гуфтаи ӯ, ҳоло бештари ҷавонони синни хизмат ба Русия рафта, падару модарон дар сурати гирифтани даъватнома ба хизмати ҳарбӣ ва ҳозир нашудани фарзанди онҳо ба комиссариати ҳарбӣ мумкин аст тибқи қонунҳои Тоҷикистон ба ҷазои маъмурӣ ва ҳатто ҷиноӣ маҳкум шаванд.

Даъват ба ислоҳи муқаррароти хизмат дар артиш дар ҳолест, ки яке аз муҳимтарин масоили мавриди нигаронӣ аз назари хизмат дар артиш вуҷуди муносибатҳои ғайрионномавӣ ё “дедовшина” мебошад. Ҳанӯз аз замони Шӯравӣ дар артиш ҳодисаҳое мушоҳида мешавад, ки кӯҳнасарбозон болои сарбозони ҷавон зӯрӣ ва онҳоро зери мушту лагад қарор медиҳанд.

Созмони Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ, ки масоили бадрафторӣ дар артишро таҳқиқ мекунад, аз соли 2014 то имрӯз 17 ҳолати бадрафторӣ дар қисмҳои низомии Тоҷикистонро ба баррасӣ гирифтааст, ки аз ин шумор, 8 ҳолаташ бо фавти сарбозон анҷомидааст. Вале, ба гуфтаи ин созмон, ин омори ниҳоӣ ва расмӣ нест.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин мушкил, аксари ҷавонони синни хидмати сарбозӣ аз рафтан ба артиш худдорӣ мекунанд ва баробари хатми мактаб, роҳ сӯи муҳоҷират пеш мегиранд. Зоҳиран, пешниҳоди то якуним сол кам кардани мӯҳлати хизмат дар артиш мавриди истиқболи баъзе ҷавонон шудааст.

Вале масъулони Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯянд, ки барои ҷалби ҷавонон ба хизмат дар артиш мушкиле вуҷуд надорад ва ҳамасола нақшаи ҷалби ҷавонон ба артиш иҷро мешавад. Аз ин лиҳоз, ҳукумати Тоҷикистон ба чунин иқдом ниёз надорад.

Дар Тоҷикистон даъват ба хизмат дар артиш соле ду бор - баҳору тирамоҳ сурат мегирад ва дар ҳар даъват аз 15 то 16 ҳазор ҷавони аз 18 то 27-сола ба хизмати ҳатмии аскарӣ ҷалб мешаванд. Бино ба иттилои манобеи расмии Тоҷикистон, теъдоди афроди синни даъватӣ дар кишвар беш аз 600 ҳазор нафар ҳисоб шудааст, ки 150 ҳазор нафари ин шумор аз хидмати артиш озод ҳастанд.