Наздикони Хайриддини Абдуллоҳ (Хайриддин Доcтаков), рӯҳонии боздоштшудаи тоҷик, иддао доранд, ки ӯ зери шиканҷа иттиҳоми ифротгароиро ба дӯш гирифтааст. Ин рӯҳонӣ рӯзи 29-уми декабри соли 2019 ҳангоми бозгашт аз Маскав дар Душанбе дастгир шуд. Мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 28-уми январ иддаои шиканҷа шудани Хайриддини Абдуллоҳро рад карда ва гуфтанд, рӯҳонии ҷавон ба тарғиби, ба қавли онҳо, "ақидаҳои ифротӣ машғул буд".
Парвина Илолиева, ҳамсари рӯҳонии 35-сола, рӯзи 28-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, чанде пеш дар боздоштгоҳ бо шавҳараш мулоқот кардааст. Ба нақли ӯ, Хайриддини Абдуллоҳ гуфтааст, "барои ба дӯш гирифтани иттиҳоми ифротгароӣ шиканҷа шудааст".
Илолиева гуфт, мулоқот рӯзи 22-юми январ сурат гирифт: "Ба воситаи телефон ва аз паси ойина суҳбат кардем. Ӯ ба ман гуфт, ҳар гапе, ки дар парванда аз номи ман овардаанд ва гӯиё ман бо гуруҳи ифротӣ байъат карда бошам, бовар накунед. Ин суханони онҳост. Ман чизеро навиштам, ки онҳо ба ман гуфтанд. Шавҳарамро хеле тарсондаанд, ӯ намехост ин гапҳоро расонаӣ кунам, аммо мехоҳам шавҳарамро наҷот диҳам."
Мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистнон гуфтанд, нисбат ба Хайриддини Абдуллоҳ (Хайриддин Доcтаков), рӯҳонии тоҷик, бо иттиҳоми ифротгароӣ парванда кушода шудааст. Ӯ бар асоси ду банди моддаи 307-и Кодекси ҷиноӣ, яъне “Даъвати оммавӣ барои ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ” ва “Иштирок дар иттиҳоди экстремистӣ” гумонбар аст.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Музаффар Юсуфӣ, як масъули Додситонии кулли Тоҷикистон, рӯзи 28-уми январ дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт: "Дар ҳақиқат, нисбат ба Хайриддин Достаков маълумот аз Вазорати корҳои дохилӣ ба мо ворид шуд. Дар кирдорҳои ӯ аломатҳои таркиби ҷинояти дар моддаи 307 дида мешуд ва нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноӣ оғоз шуд. Дар рафти санҷиш маълум шуд, ки ӯ бо мақомот ҳамкорӣ накардааст."
Наздикони Хайриддини Абдуллоҳ иддао доранд, ки ӯ, баръакс, солҳо дар Русия ба зидди тундравон мубориза бурдааст. Як масъули намояндагии расмии Тоҷикистон дар Русия соли 2015, баъди сӯиқасд ба ҷони Хайриддини Абдуллоҳ дар Маскав, дар паёме ӯро "нафаре, ки солҳо боз дар миёни ҷавонону наврасон дар мавриди исломи анъанавӣ, ахлоқи ҳамида ва фарҳанги таҳаммулпарварӣ сӯҳбатҳо мекунад ва ҳамеша алайҳи равияву гурӯҳҳои ифротиву радикалӣ садо баланд менамояд" тавсиф карда буд.
Парвина Илолиева мегӯяд, пас аз боздошти ҳамсараш, мақомоти интизомӣ манзили зисти ӯро ду дафъа ҷустуҷӯ карданд ва баъзе китобу нашрияҳои ӯро барои ташхис бурдаанд.
Дар ҳамин ҳол, Каромат Шарипов, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, бо фиристодани як нома ба унвонии Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ё Омбудсмен хостааст, барояш иҷоза диҳанд, ки дар қазияи додгоҳии Хайриддин Абдуллоҳ ба ҳайси вакили дифои иҷтимоӣ ширкат кунад. Вай мегӯяд, чунин таҷриба дар кишварҳои дигар маъмул аст.
Шарипов дар муроҷиати худ ба унвонии Омбудсмен Умед Бобозода аз нақз шудани ҳуқуқи Хайриддини Абдуллоҳ ва хонаводаи ӯ нигаронӣ кардааст. Ба гуфтаи ӯ, талоши вакилони дифои Хайриддин ҳам, ки хонаводааш киро кардаанд, барои ҳимояи ҳуқуқи ӯ чандон чашмрас нест ва зоҳиран "онҳо ҳам ҳарос доранд".
Каромат Шарипов рӯзи 28-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ин пешниҳод ва нигарониҳои худро дар суҳбати ҳузурӣ бо Ваколатдори ҳуқуқи инсон низ дар миён гузоштааст. Мулоқот рӯзи 24-уми январ баргузор шудааст. "Гуфтам, ки чаро дар 12 рӯз ба ӯ ҳатто адвокати давлатӣ дода нашуд. Ин нақзи ҳуқуқи инсон нест? Гуфтам, намояндаи Омбудсмен ҳам бояд қазияи Хайриддинро зери назорат бигирад. Вай гуфт, ман меомӯзам," -- нақл кард ӯ.
Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар робита ба ин масъала ҳанӯз ибрози назар накардааст.
Хайриддини Абдуллоҳ бо фаъолиятҳои илмиву мазҳабии худ машҳур аст. Ӯ таҳсилкардаи Эрон буда, дар Русия кору зиндагӣ мекард. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ӯро ба таблиғи мазҳаби шиа дар миёни муҳоҷирон муттаҳам мекарданд, аммо худи ӯ борҳо ин иддаоро бепоя хонда буд.
Ӯ ду сол пеш роҳбарии бахши дини Федератсияи муҳоҷирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ), як созмони ҷамъиятиро ба уҳда дошт.
Манобеи Радиои Озодӣ, ки аз ҷараёни таҳқиқи парвандаи Хайриддини Абдуллоҳ огоҳ ҳастанд, мегӯянд, чанд муҳоҷир ба зидди ин рӯҳонӣ ба мақомот шоҳидӣ додаанд, ки онҳоро ба ифротгароӣ даъват кардааст. Манобеъ дар мақомоти тафтишотӣ гуфт, "тафтиши ибтидоӣ нишон дод, ки Хайриддини Абдуллоҳ бо нафаре бо номи "Абу Ҳусейн" тамос дошт ва аз ӯ барои тарғиби ифротгароӣ дастур мегирифт." Тасдиқи ин ҳарфҳо аз манобеи мустақил феълан ғайриимкон аст. Аммо пурра маълум нест, ки далелҳои мақомот барои муттаҳам кардани Хайриддини Абдуллоҳ ба ифротгароӣ чӣ ҳастанд.