Хайриддини Абдуллоҳ, рӯҳонии 35-солаи тоҷик, ки даҳ рӯз пеш ҳангоми бозгашт аз Русия ба Душанбе аз ҷониби мақомоти интизомии Тоҷикистон "ба бозпурсӣ даъват шуда буд", ҳанӯз раҳо нашудааст. Мақомот дар робита ба эҳтимоли дастгир шудани Хайриддини Абдуллоҳ ва оғози парванда нисбат ба ӯ шарҳе намедиҳанд. Парвина Достакова, ҳамсари Хайриддини Абдуллоҳ, рӯзи 7-уми январ гуфт, шавҳараш чанд дафъа бо ӯ тамос гирифта ва хостааст, "дигар аз паяш нашаванд".
Достакова бовар дорад, суҳбатҳои шавҳараш "зери назорат ва фишори мақомот сурат мегирифт". Ба гуфтаи ӯ, то ҷое маълумот доранд, "дар давоми 10 рӯз нисбат ба шавҳарам ягон айбнома эълон нашудааст".
"Вале ба ман гуфт, бояд ба касе чизе нақл накунам, чун ба ӯ чизи дигаре кумак карда наметавонад. Ӯ ба терроризм муттаҳам дониста мешавад, вале расмӣ нест. Онҳо шавҳарамро гумонбар медонанд. Даҳ рӯз боз дида наметавонам," – афзуд ҳамсари Хайриддини Абдуллоҳ.
Парвина Достакова мегӯяд, шавҳараш рӯзи 29-уми уми декабри соли 2019 ба воситаи ҳавопаймо аз Маскав ба Душанбе омад ва бо ҳамин дигар ӯро надиданд.
Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 31-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ боздошти Хайриддин Абдуллоҳро рад карда ва гуфта буданд, ки ӯ танҳо барои "суҳбат" даъват шудааст.
Каромат Шарифов, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, солҳои зиёд бо Хайриддини Абдуллоҳ ошно будааст. Вай ба ин бовар аст, ки Хайриддини Абдуллоҳ ба зидди гурӯҳҳои ифротгаро мубориза мекард ва боздошташ "ғайриқонунӣ сурат гирифтааст".
"Ӯ бо шиносномаи тоҷикӣ ва русӣ ба назди зану фарзандонаш омада буд. Барои бозпурсӣ ва боздошти як нафар бояд қаблан даъватнома пешниҳод мешуд," – афзуд ӯ.
Мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 7-уми январ аз ҳар гуна шарҳ ба суолҳо дар бораи Хайриддини Абдуллоҳ худдорӣ карданд. Ҳарчанд ҳафтае қабл сухангӯи ин ниҳод дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки рӯҳонии 35-солаи муқими Русия пас аз бозгашт ба Душанбе ба бозпурсӣ даъват шудааст.
Дар зимн, номи Хайриддини Абдуллоҳ дар феҳрасти афроде, ки дар пайгард қарор доранд, набудааст. Ин рӯйхат дар сомонаи расмии Вазорати умури дохилӣ нашр шудааст.
Дар ҳамин ҳол, ҷамъияти муҳоҷирони сиёсии Осиёи Марказӣ дар Русия ният доранд, бо баргузории намоише дар Маскав аз ҳукумати Тоҷикистон озодии Хайриддини Абдуллоҳро талаб кунанд. Баҳром Ҳамроев, раҳбари ин ҷамъият, гуфт, "пас аз таътили идона, санаи 9-уми январ, ба ҳукумати Русия санад пешниҳод мекунем ва мехоҳем тазоҳуроти осоишта баргузор намоем."
Хайриддини Абдуллоҳ, ки насабаш дар санадҳо Достаков аст, бо фаъолиятҳои илмиву мазҳабии худ машҳур аст. Хайриддини Абдуллоҳ таҳсилкардаи Эрон буда, дар Русия кору зиндагӣ мекард. Дар ин кишвар чанд дафъа ба ҷони ӯ суиқасд сурат гирифтааст.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ӯро ба таблиғи мазҳаби шиа дар миёни муҳоҷирон муттаҳам мекарданд, аммо худи ӯ борҳо ин иддаоро бепоя хонда буд.
Хайриддини Абдуллоҳ то ду соли пеш роҳбарии бахши дини Федератсияи муҳоҷирони Иттиҳоди Давлатҳои Мутсақил (СНГ), як созмони ҷамъиятиро ба уҳда дошт.