Сайнуриддин Муродов, сокини ноҳияи Ҷайҳун (Қумсангири собиқ) 17 сол боз лимӯ мепарварад ва имсол ҳосилаш фаровон шудааст ва мумкин аст, 5 тонна лимӯи хушбӯи тоҷикӣ бигирад.
Кишоварзи тоҷик, ки зери ниҳолҳои пурбори лимӯ бо хабарнигори Радиои Озодӣ сӯҳбат мекард, гуфт, “Ҳосили хуб ҷамъ овардем, даромад хуб мешавад”.
Ба Сайнуриддин 18 нафар ва ҳама аз аъзои хонавода кӯмак мекунанд. Меваро ба бозор ҳам намебарад, зеро харидорон худашон меоянд.
“Меоянд аз ҳамин хона мегиранд, мераванд. Ҳар килояшро 4-5 сомонӣ мехаранд” -мегӯяд, ӯ.
Лимӯи Сайнуриддин бо номи «лимӯи тоҷикӣ» шуҳрат дорад, чун онро аз Абхозистон оварда, соли 1946 аз роҳи дурагасозӣ бо афлесун ба вуҷуд овардаанд. Бӯи хуш ва пӯсти тунук дорад. Барои ҳамин дар берун аз Тоҷикистон ҳам харидори зиёд дорад. “Ба Русия мебаранд. Агар 5 сомонӣ фурӯшем 20 ҳазор сомонӣ мешавад.“
“Муҳоҷирати меҳнатӣ намеравем. Харҷи хонаву туй аз ҳисоби лимӯ мешавад”- мегӯяд, Фаррух Нуров, лимӯпарвари ҷавон. Парвариши лимӯ сахт ва харҷи он дар гармхонаҳо зиёд аст, вале заҳматро даромадаш ҷуброн мекунад.
Дар Русия лимӯи тоҷикӣ 90 рубл нарх дорад, ки тақрибан як баробар гаронтар аз лимӯи ҳиндӣ ва туркӣ аст. Ноҳияи Ҷайҳун яке аз навоҳии лимӯпарвари Тоҷикистон аст ва аз онҷо солона садҳо тонна лимӯ ба Русия ва Қазоқистон содир мешавад. Мақомот мехоҳанд, парвариши он вусъат ёбад.
“Ҳосилнокӣ хуб мешавад. Мо дар назар дорем, ки парвариши лимӯро дар ноҳия зиёд кунем” – мегӯяд, Аминов Қутбиддин - мутахассиси шӯъбаи кишоварзии ноҳияи Ҷайҳун.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Хоҳишмандони парвариши лимӯ ҳам зиёдтар мешаванд. Муслиҳиддин Ҷалолов, ки 10 сол дар Русия муҳоҷири корӣ буд, яке аз онҳост. Ҳоло гармхона месозад ва мехоҳад 60 ниҳоли лимӯ парвариш кунад.
«Мақсади мо ин аст, ки аз лимӯ даромад гирем. Ҳамин гармхонаро дуруст кардем, 30 ҳазор сомонӣ харҷ кардем. Иншоллоҳ оянда хуб мешавад – гуфт, ӯ ба Радиои Озодӣ.
Харҷи калон дар гармхонаро Муслиҳиддин сармоягузорӣ барои ояндаи кӯдаконаш меҳисобад. Намехоҳад, фарзандонаш мисли ӯ азоби муҳоҷиратро бикашанд, балки аз ҳосили лимӯ ва дар ватани хеш дар назди хонавода зиндагиашонро таъмин созанд.