Дар наҷоти қисме аз бошандагони маркази тиҷоратии оташгирифтаи “Зимная вишня” дар шаҳри Кемеровои Русия панҷ шаҳрванди Тоҷикистон низ саҳм гузоштанд. Ин панҷ нафар, ки корманди мағозаи либосу пойафзол дар ошёнаи дувуми марказ буданд, беш аз 50 нафарро аз дами оташ берун бурдаанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Шояд ҳар нафари дигар дар ҷои мо мебуд, ин корро мекард
Фарзон Салимов, зодаи шаҳри Душанбе, яке аз ин наҷотдиҳандагон аст. Ӯ рӯзи 28-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ дар бораи сӯхтори рӯзи 25-уми март дар маркази савдои “Зимная вишня” нақл кард.
"Дуди ғафс ҳама ҷоро зер кард ва... ночор берун шудем"
Ӯ гуфт, “рӯзи якшанбе буд, як рӯзи маъмулии кори мо. Як ҷиянам муҳофизи мағоза аст. Ӯ бо “ратсия” хабар дод, ки дар ошёнаи чаҳорум сӯхтор сар задааст ва мардум мефароянд. Ба ақиб нигоҳ кардам, ки воқеан ҳама медаванд. Мо дар дохили мағоза “ратсия” дорем ва зуд ба кормандони дигар хабар додем, ки ҳамаро берун бароред ва худатон ҳам бароед.”
Дар миён одамони зиёде аз ошёнаҳои боло ба поён медавиданд ва дар баромадгоҳи асосии марказ талотуми одамон ба вуҷуд омад. Фарзон Салимов гуфт, “мо зуд кормандону муштариёни мағозаи худамонро ба берун баровардем. Баъд дидем, ки дар назди “эскалатор” занону кӯдакон ҷамъ шуда, аз дари асосии бино баромада наметавонанд. Ба онҳо ёрӣ кардем, ки аз даруни мағозаи мо гузашта, бо дари эҳтиётӣ ба берун бароянд. Занону кӯдакон ва пиронсолон буданд. Ҳамаро баровардем. Аллакай дуди ғафс ҳама ҷоро зер кард ва мо низ ночор берун шудем.”
"Қарзи инсонии худро анҷом додем"
Баробари берун баромадани ӯ ва ҳамкори дигараш Маҳмуд Хоҷаев ба наҷоти одамон аз қисмати дигари бино идома доданд. “Аз тарафи дигари бино барои баромадани одамон аз назди лифт ёрдам кардем. Дар онҷо ду нафар бо аробачаи маъюбӣ дармонда буданд. Онҳоро низ зуд ба берун баровардем”, - нақл кард ӯ.
Аммо бо ин вуҷуд, Фарзон мегӯяд, танҳо қарзи инсонии худро анҷом дод ва то ҳадди имкон ба раҳо ёфтани одамон аз оташ кумак кард. Вай мегӯяд, “шояд ҳар нафари дигар дар ҷои мо мебуд, ин корро мекард.”
Ҳамсуҳбати мо, ки зодаи шаҳри Душанбе аст, гуфт, соли 2003-юм ба Русия рафта, пас аз хатми донишгоҳ барои кору зиндагӣ ин кишварро интихоб кард. Ҳоло шаҳрвандии Русияро низ гирифта, бо зану се фарзандаш дар шаҳри Кемерово ба сар мебарад.
Се рӯз боз дари мағозаи Фарзон бастааст
Дар мағозаи либосу пойафзол, ки дар ошёнаи дувуми маркази савдои “Зимная вишня” ҷойгир буд, ҳамроҳ бо чаҳор нафар тоҷики дигар ба тиҷорат машғул буданд. Бо гузашти се рӯз аз сӯхтор дар ин маркази савдо, ки боис ба марги 64 нафар, аз ҷумла кӯдакон гашт, Фарзон Салимов ва ҳамкорони дигараш аз тақдири мағозаашон ҳеч хабар надоранд.
Ӯ мегӯяд, то ба ҳол тафтишот дар макони сӯхтор идома дорад ва касеро вориди бино шудан намемонанд. “Ҳамин ки одамонро баровардем, дари мағозаро пӯшида, берун баромадем. Чизе, ҳатто пули савдои ҳамонрӯзаро ҳам нагирифтем. Танҳо одамонро наҷот додем”, - гуфт Салимов. Аз ин рӯ, ҳанӯз маълум нест ин сӯхтор ба мағозаи ӯ чӣ миқдор зиёни молӣ ворид кардааст.
Сӯхтори маргбори 25-уми март дар Кемерово
Сӯхтори рӯзи 25-уми март дар маркази тиҷоратии “Зимняя вишня” дар Кемерово 64 кушта ва даҳҳо захмӣ бар ҷой гузошт. Додгоҳи Кемерово дар заминаи сӯхтор мудири маркази тиҷоратии "Зимняя вишня" Надежда Суденнокро ба муҳлати ду моҳ боздошт кард.
Дар маҷмӯъ, аз рӯйи қазияи сӯхтори ахир дар Кемерово панҷ нафар боздошт шуд. Ба фарзияи тафтишот, бино аз чораҳои бехатарӣ бархӯрдор набуд ва кормандони бахши амният натавонистанд мардумро бо шеваҳои ҳирфаӣ аз бино берун баранд.