Комил: Дар Фаластин зидди яҳудиҳо ҷангиданӣ будам (ВИДЕО)

Комил Раҳматов. Акс аз саҳифаи пулиси Ӯш дар Фейсбук.

Пулиси шаҳри Ӯши Қирғизистон парвандаи Комил Раҳматов аз Тоҷикистонро, ки шаби 11 сентябр дар фурудгоҳи Ӯш дар роҳи сафар барои "ҷиҳод" дар Фаластин боздошт шуда буд, ба Кумитаи амнияти миллӣ супурдааст.

Раёсати умури дохилаи шаҳри Ӯши Қирғизистон парвандаи Комил Раҳматов, сокини ноҳияи Спитамени вилояти Суғди Тоҷикистонро баъди ҳамагӣ як рӯзи боздошташ ба ГКНБ - Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар супурдааст. Комил Раҳматови 45-сола шаби 11 сентябр дар фурудгоҳи Ӯш замоне дастгир шуд, ки бино ба эътирофи худаш, қасд дошт, барои "ҷиҳод" ба сарзаминҳои фаластинӣ биравад.

Комил Раҳматов рӯзи 12 сентябр дар гуфтугӯи ихтисосие бо хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар Ӯш Идрис Исҳоқов сабабҳои азмаш барои рафтан ба "ҷиҳод" ба Фаластинро шарҳ дод. Ӯ дар ин мусоҳибаи видеоӣ эътироф мекунад, ки мехост аз роҳи Туркия худро ба Фаластин бирасонад. Ба ин суол ки оё чигуна расиданӣ буд ба Фаластин, Комил Раҳматов содадилона мегӯяд, дар Туркия аз раҳгузарон пурсида-пурсида бо автобусҳо мерафт.

Вақте хабарнигор аз ӯ ҳадафи ниҳоиии сафарашро пурсид, Комил Раҳматов гуфт, ҳадафаш Фаластин буд, "онҷое ки ҷанг зидди яҳудиён аст." Ӯ мегӯяд, ки мехост ба мусалмонон кумак расонад. Дар посух ба ин суол ки "Чи гуна?", ин "муҷоҳиди бебарор" мегӯяд: "Ҷанг мекардам."

3 АКС: Боздошти Комил дар роҳи сафар ба "ҷиҳод" дар Фаластин

Мақомоти шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Спитамен рӯзи 11 сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аз тарки қаламрави Тоҷикистон кардани Комил Раҳматов, сокини ин ноҳия ба қасди иштирок дар “ҷиҳод” огоҳ шуда, барои баргардонидани вай ба ватан талош доштанд.

Як масъули ин ниҳод, ки нахост аз вай ном бурда шавад, гуфт, ки зоҳиран мақомоти интизомии Қирғизистон Раҳматовро дар пайи дархости ҷониби Тоҷикистон оздошт кардаанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, кормандони интизомӣ ба ин мақсад ба хонаи Раҳматов рафта, бо аҳли оилааш сӯҳбат доштаанд: “Дар ин бора мақомоти масъулро низ дар ҷараён гузошта будем. Шояд пулиси қирғиз барои ҳамин ӯро дар фурудгоҳ дастгир ва аз сафараш пешгирӣ кардаанд. Инро мо албатта месанҷем.”

Аз сӯҳбати масъулони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Спитамен маълум мешавад, ки Комил Раҳматов дар таҳти назорати ин ниҳод қарор доштааст. Мақомоти пулиси Спитамен мегӯянд, аз пайи бо роҳи қонунӣ гирифтани Раҳматов аз дасти пулиси қирғиз мебошанд. Ба гуфтаи онҳо, Комил Раҳматов бе хабардор кардани касе аз наздиконаш аз қаламрави Тоҷикистон берун рафтааст.

«Вай ба касе нагуфтааст, ки куҷо меравад, ҳамсараш ҳам инро намедонистааст. Вай зану оила дорад, мо оилаашро пурсидем, Раҳматов ба онҳо гуфтааст, ки Русия меравад. Ҳамсараш мегӯяд, ки намедонад шавҳараш куҷо рафтааст,» - гуфт як масъули ин ниҳод. Боздошти Комил Раҳматов дар ҳолест ки соли равон 2 сокини дигари ноҳияи Спитамен дар пайи ваъдаи афви мақомот аз ҷанги Сурия баргаштанд.

Замир Сиддиқов, сухангӯи раёсати умури дохилии шаҳри Ӯш рӯзи 11 сентябр дар сӯҳбати ихтисосие бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, шаҳрванди Тоҷикистон Комил Раҳматовро дар фурудгоҳи ин шаҳри ҷануби Қирғизистон кормандони шӯъбаи 10-ум, ки ба мубориза бо терроризм машғул аст, бар асоси маълумоти фаврӣ дастгир кардаанд.

Ба гуфтаи ӯ, Комил Раҳматов дар даст чиптаи парвоз то Туркия аз тариқи ҳавопаймои ширкати "Сибирия Эйрлайнз"-ро дошт ва қасди барои "ҷиҳод" ба Фаластин рафтанашро пинҳон намекард. Сухангӯи пулис гуфт, Комил Раҳматов як шахси хеле мазҳабӣ ва, ба таъбири вай, "ифротгаро" намудор мешуд.

Замир Сиддиқов гуфт, ғолибан Раҳматов дар роҳи сафар ба "ҷиҳод" танҳо набуд ва ҳоло мақомоти қирғиз дар ҳамкорӣ бо ҷониби Тоҷикистон дар пайи пайдо кардани шарикони ӯянд.

Вале азбаски қасди ба "ҷиҳод" рафтани як шаҳрванди он ҳам аз Тоҷикистон дар қаламрави Қирғизистон ҷиноят нест, ба гуфтаи Сиддиқов, алайҳи ӯ ҳанӯз ягон парвандаи ҷиноӣ боз накардаанд ва баъид нест, ки ин шаҳрванди тоҷикро баъди анҷоми бозпурсиҳо ва тай кардани тартиби муқарраркардаи қонун ба мақомоти Тоҷикистон таслим кунанд.

Қаблан бахши қирғизии Радиои Озодӣ хабар дод, ки маъмурони шӯъбаи даҳуми умури дохилии шаҳри Ӯш дар ҷануби Қирғизистон соати дуи шаби 11 сентябр дар фурудгоҳи ин шаҳр як шаҳрванди Тоҷикистонро дастгир кардаанд. Мақомоти раёсати умури дохилаи шаҳри Ӯш гуфтаанд, ки ин шаҳрванди 45-солаи тоҷик дар нахустин бозпурсӣ иқрор кардааст, ки қасди сафар ба сарзаминҳоли фаластиниро дошт, дар “ҷиҳод” алайҳи яҳудиён ширкат кунад.

Бино бар ин манбаъ, нафари боздоштшуда Комил Абдуллоевич Раҳматов, соли таваллудаш 1969, зодаи ноҳияи Спитамени вилояти Суғди Тоҷикистон буда, ба парвози Ӯш- Истамбул чипта доштааст. Ӯ ба мақомоти милиса гуфтааст, ки гови худро фурӯхта, то Туркия билет гирифтааст. Зоҳиран Комил Раҳматов мехост аз роҳи Туркия ба Фаластин биравад. Ба гуфтаи пулиси Ӯш, шаҳрванди тоҷик дар ҷараёни бозпурсӣ гуфтааст, ки “дигар тоқати дидани азоби фаластиниҳоро ба дасти яҳудиҳо надорад ва мехоҳад, то охир биҷангад.”

Ба гуфтаи дафтари матбуоти раёсати умури дохилии шаҳри Ӯш, ин шаҳрванди Тоҷикистон чаҳор фарзанд -- як писар ва се духтар дошта, қаблан ӯро барои авбошӣ дар Тоҷикистон маҳкум ҳам кардаанд.

Акси як гурӯҳ тоҷиконе, ки мегӯянд, дар Сурия меҷанганд

Боздошти Комил Раҳматов нахустин мавриди боздошти як шаҳрванди тоҷик дар роҳи сафар ба “ҷиҳод” дар Фаластин мебошад. То кунун бештар дар бораи ширкати шаҳрвандони тоҷик дар “ҷиҳод”-ҳо дар Афғонистону Покистон ва Ироқу Сурия гузоришҳо ба даст мерасид. Аз ҷумла ба ҳисоби мақомоти Тоҷикистон, танҳо дар Сурия алайҳи режими Башор Асад то 200 шаҳрвандони Тоҷикистон меҷанганд. Гоҳ-гоҳ дар Интернет аз сӯи ин ҷангиёни тоҷик, ки ба иддаои худашон, дар Ироқу Сурия меҷанганд, паёмҳои тунде ҳам бо интиқод аз сиёсати ҳокимони кунунии Тоҷикистон нашр мешавад.

“Давлати исломӣ”, як танзими умдаи тундравони исломӣ, ки ҳам дар Ироқу ҳам дар Сурия алайҳи ҳукуматҳои кунуниашон меҷангад, ахиран аз интисоби як тоҷик ба ҳайси волии Риққа, устоне дар Сурия хабар дод. Аммо на ҳамаи ҷангиёни тоҷик дар ин ҷангҳои дур аз Ватани онҳо чунин “карйера”-и мусбат доранд. То кунун 7 мавриди ҳалокати тоҷикон, аз ҷумла ҳалокати 4 сокини Кӯлоб, як сокини Восеъ, як сокини Исфара ва якеи дигар аз Истаравшан дар ҷангҳои Сурия тасдиқ шудааст.

Манзили фақиронаи хонаводаи Бобоҷон Қурбонов дар шаҳри Кӯлоб

Охирин шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар поёни моҳи август дар Сурия кушта шуд, Бобоҷон Қурбонов ном сокини шаҳори Кӯлоб буд. Наздиконаш мегӯянд, ки ӯ барои мардикорӣ ба Русия рафта буд, вале ахиран аз Сурия занг зада, онҳоро "табрик" карданд, ки Бобоҷон кушта ваё ба таъбири худи ин ҷангиён, "иншоаллоҳ, шаҳид" шудааст.

ТАФСИЛОТИ БЕШТАР НАШР МЕШАВАД