Барак Обама раиси ҷумҳури Амрико дар суханронии телевизионии худ бегоҳи чаҳоршанбе гуфт, Амрико "ба таври ҳадафмандона ба ҳамлаҳои ҳавоӣ" алайҳи гурӯҳи "Давлати исломӣ" идома медиҳад: "Ба ин маънӣ, ки ман барои иқдом алайҳи "Давлати исломӣ" дар Сурия, ҳамон тавр ки дар Ироқ, таъхир нахоҳам кард. Ин авлавияти аслии раёсати ҷумҳури ман аст. Агар Амрикоро таҳдид кунӣ, паноҳгоҳи амне пайдо нахоҳӣ кард."
Барак Обама мегӯяд, "мо наметавонем ҳама осори бадиро аз чаҳон пок кунем, вале гурӯҳҳои даҳшатафкани хурд ва одамкуш қодир ҳастанд зарбаи шадиде ворид кунанд. Ин қабл аз ёздаҳи сенятбри соли 2001 буд ва имрӯз ҳам боқӣ аст". Раиси ҷумҳури Амрико афзудааст, "ба ҳамин хотир мо бояд ҳамин ки таҳдид падидор мешавад, дунболи он бошем."
Ба гуфтаи Барак Обама, дар ҳоли ҳозир бузургтарин таҳдид аз Ховари Миёна ва Шимоли Африқо меояд ва яке аз ин гурӯҳҳо "Давлати исломӣ" аст. Раиси ҷумҳури Амрико дар ин суханронии худ гуфт, "Давлати исломӣ" як гурӯҳи исломӣ нест, зеро ки ҳеҷ мазҳабе куштори одамҳои бегуноҳро раво намедонад. Ба гуфтаи Барак Обама, ин гурӯҳ дар Ховари Миёна, аз ҷумла мардуми Ироқ ва Сурияро таҳдид мекунад ва агар пешаш гирифта нашавад, "таҳдиди бештаре бар хориҷи минтақа, аз ҷумла Амрико сироят мекунад."
Раиси ҷумҳури Амрико дар суханронии худ дар айни ҳол ба фиристодани 475 нерӯи низомии дигар ба Ироқ ишора кард ва гуфт, ҳамон тавр, ки қаблан ҳам гуфтаам, ин "нерӯҳои амрикоӣ маъмурияти ҷангӣ надоранд". Ба гуфтаи ӯ, Амрико даргири ҷанги заминии дигаре дар Ироқ нахоҳад шуд, аммо онҳо барои омӯзиши низомӣ, амниятӣ ва ҳимояти нерӯҳои ироқӣ ва курд, лозим ҳастанд.
Раиси ҷумҳури Амрико пештар низ таъкид карда буд, ки моил нест, то нерӯҳои низомии он кишвар вориди амалиёти низомӣ дар кишварҳое монанди Ироқ шаванд. Бо иҷозае, ки ӯ содир кардааст, давоми ҳафтаи гузашта нерӯҳо ва мавзеъҳои "Давлати исломӣ" ҳадафи ҳамлаҳои ҳавоӣ қарор гирифтаанд. Бар иловаи ҳамлаҳои ҳавоии Амрико, нерӯҳои артиши Ироқ, башмаргаи курд алайҳи нерӯҳои "Давлати исломӣ" меҷанганд.
Барак Обама дар айни ҳол таъкид кардааст, ки Вошингтон бо муттаҳидони худ ҳамкорӣ хоҳад кард, то пеши ҷангиёни хориҷӣ, ба дохил ва хориҷи Ховари Миёна гирифта шавад. Ӯ дар айни ҳол афзудааст, ки давлаташ ба фиристодани кӯмакҳои инсондӯстона барои ғайринизомиён низ идома хоҳад дод. Суханронии Барак Обама дар остонаи солгарди 11-и сентябр сурат гирифтааст.