Пулиси Маскав аз боздошти як шаҳрванди 28-солаи Тоҷикистон бо иттиҳоми педофилия (бачабозӣ) хабар дода, мегӯяд, ин рассоми тоҷик нисбат ба дастикам 4 кӯдаки аз 3 то 9-сола ҳаракатҳои зӯроваронаи шаҳвониро раво дидааст.
Раёсати “К”-и вазорати умури дохилаи Русия, ки ба таъқиби ҷиноёти кибернетикӣ, аз ҷумла ҷиноёти интернетӣ ва марбут ба фанновариҳои навин машғул аст, мегӯяд, аъмоли ҷиноии ин шаҳрванди тоҷикро кормандони ҳамин раёсат ошкор кардаанд. ба гуфтаи мақомот, ин шаҳрванди тоҷик дар Интернет ба андозаи 400 гигабайт порнографияи кӯдаконаро нашр кардааст.
Лариса Жукова, корманди масъули раёсати “К” дар вазорати умури дохилаи Русия рӯзи 5 ноябр ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти ин кишвар дар мавриди қазияҳои ҳасосе, назири "педофилия", ҳеҷ гоҳ исми нафари гумонбарро дар ҷараёни тафтиши пешакӣ фош намекунанд. Хонум Жукова гуфт, ин мавзӯъ аз як тараф марбут ба "сирри тафтишот" аст ва аз тарафи дигар "презумпсияи бегуноҳӣ” низ дар миён ҳаст, ки ифшои исми гумонбар дар чунин ҷиноётро ба мақомоти тафтишотӣ манъ мекунад.
Мақомоти Русия ба ин тартиб, эътироф мекунанд, ки дар марҳалаи кунунӣ ин шаҳрванди 28-солаи Тоҷикистон ба бачабозӣ танҳо гумонбар мешавад, вале баҳои дақиқтарро ба амъоли ӯ танҳо тафтишот ва сипас додгоҳ хоҳад дод.
Бо ин ҳол, феълан дар бораи нафари гумонбар танҳо ин маълум аст, ки ӯ дар Тоҷикистон касби рассомӣ омӯхта, дар Маскав ягон кори доимӣ надошт ва баъзан бо зиннат додани биноҳо машғул буд. Дар айни замон сухангӯи вазорати умури дохилаи Русия гуфтааст, ин шаҳрванди Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ чанд гурӯҳи баста таъсис дода, тавассути он наворҳои шаҳвонӣ ё порнографияи кӯдакона нашр мекард.
Ба гуфтаи пулис, бархеи ин наворҳоро гумонбар аз манобеъи хориҷӣ мегирфт, вале баъзеашро худи ӯ мустақилона рӯи навор меовардааст. Пулис мегӯяд, “ин шаҳрванди Тоҷикистон барои наворгирии роликҳои шаҳвонӣ бо занони ҷавоне ки кӯдакони хурдсол доштанд, шинос мешуд ва дар ғайби модараш бо ин кӯдак ҳаракатҳои шаҳвонӣ мекард ва ин ҳамаро бо телефони мобилаш ба навор гирифта, дар Интернет мегузошт.”
Гуфта мешавад, ин видеороликҳо ҳамин тавр, тавассути эмейл ба аъзои гурӯҳҳои бастае, ки ин гумонбари тоҷик дар Интернет таъсис дода буд, ирсол мешуданд.
Мақомоти тафтишотии пулиси Маскав мегӯянд, як мавриди ҳаракатҳои зӯроваронаи шаҳвонии ин марди тоҷик бо як духтари 9-соларо ошкор кардаанд, вале ӯ ба анҷоми айни ҳаракатҳо бо чандин кӯдаки дигар ва натанҳо дар минтақаи Маскав низ гумонбар дониста мешавад.
Сухангӯи вазорати дохилаи Русия гуфтааст: “Дар ҳоли ҳозир, дар бораи як қурбонӣ, ки духтараки 9-сола аст, маълумоти мӯътамад дар даст ҳаст. Ҳамчунин дар бораи аз ҳаракатҳои зӯроваронаи ӯ ҷабр дидани ҳади ақал 3 кӯдаки аз 3 то 4-сола маълумот дорем.”
Ин шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шуда, алайҳаш парвандаи ҷиноӣ кушодаанд.