Ҳушдори Чин ба донишҷӯёни тоҷик: "Хобгоҳ ҷойи намозгузорӣ нест"

Акс аз бойгонӣ.

Маъмурияти донишгоҳҳои вилояти худмухтори Шинҷон-Ӯйғури Чин ба донишҷӯёни хориҷӣ аз ҷумла донишҷӯёни тоҷик ҳушдор додааст, ки дар сурати пайдо кардани адабиёти мазҳабӣ ва ё ҷойнамоз аз хобгоҳашон онҳо бидуни гуфтугӯ аз донишгоҳ ва қаламрави кишвар ихроҷ мешаванд.

Давлатбек Аҳмадов, як донишҷӯи тоҷик, ки дар Донишгоҳи забонҳои шаҳри Урумчӣ мехонад, рӯзи 25-уми сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, соли нави таҳсил дар донишгоҳ бо як ҷаласаи вижаи маъмурият шурӯъ шуд. Вай гуфт:

“Дар донишгоҳ пеш аз сар шудани дарсҳоямон барои ҳамаи донишҷӯёни хориҷӣ як маҷлис доир карданд. Ба ин маҷлис асосан донишҷӯёни тоҷику узбек, қирғиз ва Афғонистону Покистон даъват шуданд. Садорати донишгоҳ ба мо ҳушдор дод, ки бо худ китобҳои динӣ наорем ва дар дохили кампус ба ибодат машғул нашавем”.

Донишҷӯи тоҷик гуфт, садорати донишгоҳ бо сароҳат ба таъкид кард, ки дар сурати ёфт шудани ҷойнамоз дар утоқи хобгоҳ, адабиёти динӣ ва ё ба дарс ҳозир нашудан дар рӯзҳои ҷумъа онҳо имкони таҳсилу иқомат дар Чинро аз даст медиҳанд.

БА КОР ҲАМ ҲАҚ НАДОРЕД

Аҳмадов гуфт, маъмурияти донишгоҳ дар баробари ин талабот инчунин таъкид кард, ки донишҷӯёни хориҷӣ дар Чин ҳаққи кор кардан надоранд ва дар сурати ошкор шудани фаъолияти пинҳонии донишҷӯ дар ягон ширкат ин донишҷӯ аз кишвар ронда мешавад.

Садорати донишгоҳ ба мо ҳушдор дод, ки бо худ китобҳои динӣ наорем ва дар дохили кампус ба ибодат машғул нашавем.

Ҳамсӯҳбати мо гуфт, бисёр донишҷӯёни тоҷик дар Чин баъд аз каме балад шудан бо забони чиноӣ ба ҷӯстуҷӯи кор мепардозанд ва умдатан барои тоҷирони тоҷик, ки ба Чин барои хариди мол мераванд тарҷумонӣ мекунанд.

Аҳмадов гуфт, бо вуҷуди талаботи сахтгирона донишгоҳҳои Чин аз ҷумла донишгоҳи ӯ, ҳамаи шароитро барои зиндагиву таҳсилро хуби донишҷӯён фароҳам кардааст: “донишгоҳ ба мо хобгоҳ, адабиёти таълимӣ ва идрорпулӣ медиҳад, ки қариб 500 доллар аст. Барои омӯзиши забони чинӣ ҳамаи шароит фароҳам шудааст” афзуд Аҳмадов.

ҲАЗОРОН ДОНИШҶӮИ ТОҶИК ДАР ЧИН

Дар Чин айни замон беш аз се ҳазор донишҷӯи тоҷик дар 112 донишгоҳу мактабҳои олии ин кишвар таҳсил мекунанд. Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар сафари ду ҳафта қаблаш ба Чин дар назди донишҷӯёни тоҷики донишгоҳи Синхуа суханронӣ кард ва гуфт, соли 1994 нахустин бор ду донишҷӯи тоҷик ба Чин барои таҳсил омаданд ва айни замон шумораи онҳо ба 3 ҳазор нафар мерасад.

Масҷиде дар Урумчӣ

Нигаронии Чин аз вуҷуди донишҷӯёни мазҳабӣ дар ҳолест, ки бархе аз шаҳрвандони Осиёи Марказӣ баъди хориҷ шудан аз кишварҳояшон, бо ҳадафи кору таҳсил, дар маҳдудаи забониву фарҳангӣ қарор мегиранд ва такя ба муштаракоти мазҳабӣ мекунанд. Сар аз соли 2014 ҳазорҳо шарҳванди Осиёи Марказӣ дар масҷидҳои Русия тундрав шуданд ва роҳи ҷангҳои Ховари Миёнаро пеш гирифтанд.

Чанде аз тоҷирони тоҷик, ки сари чанд вақт барои ворид кардани мол ба Урумчӣ сафар мекунанд, мегӯянд қисмате аз тоҷикон, ки дар ин шаҳр машғули кору зиндагӣ буданд, аз Чин ихроҷ шуданд.

ИХРОҶИ ДАҲҲО НАФАР ТОҶИК

Хушбахт Қурбонов як тоҷири тоҷик, ки пайваста ба Урумчӣ сафар мекунад дар суҳбат бо “Озодӣ” гуфт, моҳи сентябр дар бозгашти охираш аз Урумчӣ нафаронеро дар ҳавопаймо дид, ки аз қаламарави Чин ихроҷ ва ё депортатсия шудаанд.

“Бисёре аз ҳамсафарони ман, ки дар Урумчӣ дар ошхонаву тарабхона кор мекарданд ва ё ба саррофӣ машғул будаанд. Ҳамроҳи ман дар дохили ин ҳамопаймо беш аз 100 нафар буд, ки аз Чин депортатсия шуданд" -гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Урумчӣ борҳо шоҳиди нооромиҳо шудааст.

Дар сафорати Чин дар Душанбе, аз теъдоди депортшудаҳо ва сабабҳои ихроҷи шаҳрвандони Тоҷикистонро аз Чин изҳори беиттилоӣ карданд. Аммо коршиносон мегӯянд, Чин аз ҳаракатҳои ҷудоиталабонаи бархе аз гурӯҳҳои мазҳабӣ дар Вилояти Худмухтори Шинҷон нигарон аст ва аз ин рӯ ба ҳар гуна гаравиши ҷавонон ба сӯи мазҳаб ва тундгароӣ ҳассосият нишон медиҳад.

НИГАРОНИИ ЧИН АЗ ЧИСТ?

Абдуғанӣ Маҳмадазимов як масъули Маркази таҳқиқотии Осиёи Миёна “Як камарбанд -- як роҳ”-и Чин дар Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар ин робита гуфт:

“Чин мубориза бо он чӣ се қувваи бадӣ медонад, дар авлавияти сиёсатҳои худ қарор додааст. Инҳо терроризм, экстремизм ва сепаратизм ҳаст. Дар солҳои охир дар вилояти худмухтори Шинҷон-Ӯйғӯр вазъ муташанниҷ аст ва ҳукумат бо ҷудоихоҳон мубориза мебарад. Муборизаи Чин бо риш ва ё дигар зуҳуроти мазҳабӣ аз он аст, ки мабодо ин донишҷӯёни хориҷӣ бо нерӯҳои ҷудоиталаб напайванданд."

Урумчӣ маркази вилояти худмухтори Шинҷон-Уйғури Чин дуввумин шаҳри он кишвар аст, ки байни он ва Душанбе парвозҳои мустақим сурат мегирад. Аксарияти тоҷирони тоҷик низ маҳз аз ҳамин шаҳр либосу пойафзор, мошину таҷҳизот, масолеҳи сохтмонӣ ва ғизоӣ ба Тоҷикистон ворид мекунанд.