Ба руҳшиноси кӯдакон дар Тоҷикистон ниёз нест?

Дар зеҳни мардуми тоҷик то кунун фарҳанги муроҷиат ба равоншинос ба хотири ҳалли мушкилоти равонӣ ва табобати ҷону рӯҳи онҳо шакл нагирифтааст.
Бо вуҷуди таълими ҳамаҷонибаи ахлоқию динӣ, Абдураҳмони 15-сола мисли бештари ҳамсолонаш гоҳ-гоҳе сохти бадани худро меомӯхту имтиҳон мекард ва одате пайдо карда буд, ки бо олати таносулии худ бозӣ кунад. Аммо рӯзе аз ин рафтораш эҳсоси гуноҳ кард ва бо дасти худ олати мардиашро бурид. Чун ӯро ба назди равоншинос оварданд, аллакай кор аз кор гузаштаву илоҷе ёфтан ғайриимкон буд.

Чунин кӯдакону наврасоне мисли Абдураҳмон дар ҷомеа кам нестанд, ки наметавонанд хоҳишҳову эҳсосҳо ва рафторашонро худашон таҳлил кунанд ё асрори дилашонро бо волидон дар миён гузоранд. Маърифати равонии бештари падару модарон ҳам дар пояе нест, ки ҳолати фарзандонашонро фаҳманду онҳоро дастгирӣ кунанд. Дар чунин ҳолат танҳо равоншинос метавонад кумак расонад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Равоншиносӣ-касби камхарид дар Тоҷикистон



Равоншиносон мушкилоти зеҳниро аслан эътирози ҳар фард ва аз ҷумла кӯдакон ба ҷомеа ва муҳити атроф медонанд. Ба андешаи онҳо, сохтори равонии ҳар кӯдак мухталиф аст, яке нерӯи зиёд дораду бетоқат аст, дигаре заифтар асту камҳаракат. Бештари волидон инро дарк намекунанд ва мехоҳанд фарзандашон айнан мисли дигар ҳамсолонаш бошад.

«Мардуми мо ба психологияи кӯдак диққат намедиҳанд. Мекӯшанд фарзандро маҷбуриву бо зӯрӣ тарбия кунанд. Дар ҳолатҳои истисноӣ ба назди мулло мебаранд. Аз муроҷиат ба равоншинос шарм медоранд, ё ор мекунанд. Гумон мекунанд, ки мардум онҳоро девона мепиндоранд,» - меандешад равоншинос Маҳмуд Кабирӣ.

Ӯ мегӯяд, «Тамоми кӯдакон хато мекунанд. Аммо мардуми мо барои иштибоҳе кӯдакро чунон мезананд, ки ӯро «мешикананд». Як кӯдаки нотарс пайдо шавад, чӣ падару модар, чӣ муаллимону кормандони ҳифзи ҳуқуқ мекӯшанд бо зӯрӣ тарбияаш кунанд. Ва баъд мегӯянд, ки «мо ӯро боодоб кардем». Боодоби чӣ? Бачаи дасташ пеши бар, яъне аҳмақе ки ҳеч чиро фикр карда наметавонад ва ба ҷои ӯ калонсолон фикр мекунанд. Баъд насле ба воя мерасад, ки ба ҷуз муҳоҷират дигар аз ӯҳдаи ҳеҷ коре намебарояд.»

Маҳмуд Кабирӣ, равоншиноси тоҷик.

Ба андешаи ин равоншинос, камбудию рафтори ношоистаи кӯдакон аз мушкилоти равонӣ доштани онҳо сар мезанад, аммо падару модарон инро намедонанд. «Шабона дар ҷогаҳ пешоб кардани атфол низ ба вазъии равони ӯ иртибот дорад. Падароне ҳастанд, ки хеле бадқаҳру бадҷаҳланд ва дар он хонавода ҳама кӯдакон дар ҷойи хобашон пешоб мекунанд,» - таъкид мекунад Маҳмуд Кабирӣ.

Дар назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон Маркази бӯҳронии «Боварӣ» вуҷуд дорад, ки ба мардум хидмати ройгон мерасонад. Тавре Заррина Кенҷаева, равоншиноси ин марказ гуфт, падару модароне ҳам ба онҳо муроҷиат кмеунанд, ки бо фарзандашон нофаҳмӣ доранд. Баъзан духтароне ҳам муроҷиат мекунанд, ки аз муносибати падару модарон изҳори норизоӣ мекунанд.

Хонуми Кенҷаева мегӯяд, бештар хонаводаҳои нокомил ва хонаводаҳое, ки падари хонавода ба муҳоҷирати корӣ рафтааст, вазъи равонии заиф доранд.

«Ба мо зане муроҷиат кард, ки аз шавҳараш ҷудо шудааст. Ҳамеша дар бозор нишаста савдо мекунад ва наметавонад духтарашро назорат кунад. Беназоратӣ боиси он мешавад, ки духтарак зуд-зуд ва бесабаб аз хона меравад, модарашро фиреб карда, ба мактаб намеравад, дӯстони нодуруст пайдо мекунад. Либоспӯшиаш ҳам дигар мешавад. Модараш ӯро ба назди ман овард. Ҳамроҳаш кор кардам. Баъди чанд муддат тамоман рафтораш дигар шуд,» - мисол меорад Зарина Кенҷаева.

Ӯ ҳамчунин аз кӯдаки панҷсолае ёдовар шуд, ки баъди ҷудо шудани падару модар рафтору гуфтораш тамоман тағйир меёбад: «Дар асл ба ӯ муҳаббату таваҷҷӯҳи падар намерасид. Аммо ӯ эътирозашро ба чунин вазъият бо беадабиву рафтори нохуб баён мекард.»

Аммо соҳибназарон бар инанд, ки калонсолон бо мушкилоти равонии худашон ба равоншиносон муроҷиат намекунанд, чӣ расад ба муроҷиати онҳо бо мушкили фарзанд. Ба андешаи онҳо, фарҳанги муроҷиат ба равоншинос дар ҷомеаи мо ҳанӯз ташаккул наёфтааст. Ин дар ҳолест, ки дар кишварҳои пешрафта ин як кори маъмулист ва аксари мардум ҳар кадом равоншиноси хусусии худро дорад.

Аз ин ҷост, ки Заррина Кенҷаева мегӯяд, «мардуми мо мегӯянд, ки беҳтарашро дарди диламро ба дугонаам мегӯям. Аммо баъди он ки аз дугона ва хешу таборонаш «шатта»-ашро мехӯраду гапаш овоза мешаваду ба ғайбат мепечад, дигар воқеан бемор мешаваду аз ҷояш хеста наметавонад. Ин дар ҳолест, ки аз мо муроҷиат ба мо зараре намебинанд, дар мо ному насаби муроҷиаткунандаҳо махфӣ мемонад».

Акс аз бойгонӣ

Бо онки қариб 4 миллион аз аҳолии Тоҷикистонро кӯдакону наврасон ташкил мекунанд, тибқи иттилоъи маркази омору таҳлили вазорати тандурустии Тоҷикистон, дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 7 равонпизишки кӯдакон фаъолият доранд. Шумораи умумии равонпизишкон 126 нафар будааст.

Ба иттилои равоншинос Маҳмуд Кабирӣ, ки аз фанни равоншиносӣ дар Донишгоҳи тиббӣ дарс мегӯяд, дар ин донишгоҳ факултаи алоҳидае, ки табиби равоншинос омода кунад, мавҷуд нест ва ин фан танҳо ба таври умумӣ ба ҳамаи донишҷӯён омӯзонида мешавад. Дар донишгоҳи омӯзгорӣ факултаи омӯзгорӣ-равоншиносӣ амал мекунад, ки хатмкардаҳои он аслан дар кӯдакистонҳо фаъолият мекунанд.

Иллати набудани факултаи алоҳидаро таваҷҷуҳ надоштани мардум ба чунин мутахассис арзёбӣ мекунанд. Ин дар ҳолест, ки ба андешаи ҷаноби Кабирӣ, бояд дар ҳар кӯдакистону мактаб равоншинос бошад, равоншиносе, ки ҳамаи илмҳои замона ва донишҳои динӣ баҳравар бошад, то мардум ба назди мулло нараванду ба ҳама суолҳо аз ӯ посух гиранд. Зеро танҳо равоншиносон бо муомилаи хуб, дарки ҳолати равонӣ ва машварати судманд метавонанд ба онҳо мадади ихтисосӣ расонанд, мегӯяд ӯ.

Абдураҳмони 15-сола аз тарси волидон сиррашро ба онҳо накушод, чун умед надошт, ки мушкилашро дарк мекунанд. Ба равоншинос ҳам вақте муроҷиат карданд, ки алакай кор аз кор гузашта буд...Агар Абдураҳмон саривақт ба равоншинос муроҷиат мекард, ба ӯ фаҳмонида мешуд, ки ин амалаш табиист ва ҷои нигаронӣ надорад.