Дар ҳамоише, ки бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 7-уми май дар "Кохи Ҷомӣ"-и шаҳри Душанбе баргузор шуд, сокини 25-солаи Хуҷанд Фаррух Шарифов гуфт, пас аз як моҳи зиндагияш дар Сурия, аз пайвастанаш ба гурӯҳи "Давлати Исломӣ" пушаймон шуда, бо талошҳои зиёд аз он ҷо гурехтааст. Вай афзуд, зимни мухолифаташ бо сиёсатҳои ин гурӯҳ ва дидани бераҳмӣ ва беадолатиҳои афроди гурӯҳи "Давлати Исломӣ" аз раҳбарони он хост, бо баҳонаи мушкилоти хонаводагӣ ӯро ҷавоб диҳанд. Аммо дархости ӯ баррасӣ нашуд ва зери хатари марг Шарифов маҷбур шуд, аз Раққаи Сурия фирор намояд.
Вазири умури дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода, ки Фаррух Шарифовро ба ҳозирони сершумори ин ҳамоиш шиносоӣ намуд, гуфт, Фаррух Шарифов ҳамагӣ чанде пеш худро аз Сурия ба Туркия расонд ва мақомоти Тоҷикистон ба ӯ кӯмак карданд, ки ба ватан баргардад. Вай афзуд, Шарифов мавриди афв қарор ёфта, ба зиндагии осоишта баргаштааст ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ амнияти ӯро таъмин хоҳанд кард.
САРБУРИҲОИ "ДАВЛАТИ ИСЛОМӢ"
Бо тасвири шамшер ё ханҷари дароз Фаррух Шарифов ҳикоят кард, ки дар пеши чашми ӯ сари як курдро буриданд ва ба ӯ нишон дода, гуфтаанд, бо ҳамаи "хавориҷиҳо" ҳамин гуна рафтор хоҳанд кард. "Хавориҷӣ" -- истилоҳи диниест барои афроде, ки мусулмонон гумон мекунанд, аз маҳзаб берун шудаанд.
Шарифов мегӯяд, дар Раққа дар як хона ҳамроҳи 27 нафар, аз ҷумла як тоҷик, як доғистонӣ ва чанд озарбойҷонӣ зистааст. Яке аз озарбойҷониҳо ба ӯ ҳикоят кардааст, ки 3-4 "ҷиҳодӣ"-и озарбойҷониро афроди гурӯҳи "Давлати Исломӣ" бе ягон таҳқиқ, зимни тӯҳмати он ки гӯё Аллоҳро дашном додаанд ё ҷосуси курдҳо будаанд ва ё суруди исломиро баланд хондаанд, сар буриданд. Фаррух Шарифов, ки русӣ ва арабиро медонад ва ҳамчунин аз аҳкоми шариати исломӣ ва мазҳаби ҳанафӣ огаҳӣ дорад, сари ин мавзӯъ бо шариконаш вориди баҳс шудааст. "Ман ба онҳо гуфтам, ки ин "Давлати Исломӣ" нест, ин давлати зулм аст."
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Фаррух Шарифов гуфт, баъд аз дидани авзоъ дар Сурия, шоҳид шудан ба сарбуриҳо ва бераҳмиҳои афроди гурӯҳи "Давлати Исломӣ", дидани он ки занони муҷоҳидони тоҷик хариду фурӯш мешуданд ва фарзандонаш дарбадаранд ва баҳсҳои зиёдаш бо афроди ин гурӯҳ дар фикри фирор аз урдугоҳи "Давлати Исломӣ" шудааст.
Ба гуфтаи Фаррух, аз сӯҳбатҳое, ки вай бо ҷангиёни ин гурӯҳ доштааст, маълум мешавад, якрӯза мабалағе ки барои фаъолияти ин гурӯҳ ворид мегардад, 3 миллион доллар будаааст.
Фаррух Шарифов дар ин ҳамоиш хотираҳои худро аз рӯзгораш дар Раққа ҳикоят кард ва гуфт, ҷангҷӯёни гурӯҳи "Давлати Исломӣ" занонро ба ҳайси ғуломи шаҳвонии худ истифода мебаранд ва "замоне ки ба дилашон зад, ба "бародарон"-и худ тӯҳфа мекунанд. Ҳамсарони "ҷиҳодиён"-е, ки дар ҷангҳо кушта мешаванд, насиби ҷангҷӯёни дигар мешаванд ва "аз даст ба даст" мегузаранд.
Рамазон Раҳимзода гуфт, то имрӯз чандин зане, ки ҳамроҳи шавҳаронашон дар Сурия буданд ва шавҳаронашон кушта шудаанд, ба ВКД муроҷиат карда, барои берун овардани онҳо аз Сурия кӯмак хостаанд. Аммо, ба гуфтаи ҷаноби вазир, аз онҷо ба осонӣ берун шудан имкон надорад. Вай мегӯяд, ин гурӯҳи террористӣ одамони махсуси худро доранд, ки тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ҷавононро ҷалб мекунанд ва барои ин маблағ мегиранд. Русия чандин чунин анфронро боздошт ва зиндонӣ кардааст. Феълан як гурӯҳи калони тафтишотии аз ВКД, хадамоти амният ва ҳамчунин Додситонии кул барои муайян кардани теъдоди афроде, ки дар Сурия бо хонаводаҳояшон қарор доранд кор мекунад, ки роҳҳои баргардонидани онҳоро ба ватан ҷустуҷӯ доранд.
НАҚШАИ ФИРОР
Дар ин порчаи видеоӣ Фаррух Шарифов, ҷавони тоҷик, ки аз Сурия баргаштааст, чӣ гуна берун шуданаш аз қаламрави зери назорати "Давлати Исломӣ"-ро ҳикоят мекунад. Вай мегӯяд, баъд аз расидан ба Сурия шиносномаи ӯро сӯзонда буданд ва танҳо роҳаш ин буд, ки аз модараш хоҳиш кунад, "шиносномаи сурх"-и тоҷикияшро барояш фиристанд, то ӯ тавонад аз марзи Туркия гузарад. Вай мегӯяд, розӣ буд, ки мақомоти Туркия ӯро расман ихроҷ кунанд.
Аммо расидан аз Раққа то марзи Туркия ба иллати постгоҳҳои бешумори "Давлати Исломӣ" ва минтақаҳои минагузоришуда хатарбор будааст. Дар ҳоле ки як ҳамхонаи тоҷики Шарифов аз кӯмак ба нақшаи фирори ӯ худдорӣ мекунад, шиноси доғистонияш изҳори омодагӣ мекунад. Ин нафар мегӯяд, метавонад, бо мотосикл ӯро то Истамбул расонад. Дар ниҳоят як араб барои Фаррух Шарифов харитаи роҳи амнро барои расидан то Туркия барояш таҳия мекунад.
Фаррух Шарифов мегӯяд, гурӯҳи "Давлати Исломӣ" он нафарони худро, ки камтарин нишонаи саркашӣ ё дигарандешӣ нишон медиҳанд, аз байн мебарад. "Онҳоро шахсони автоматдор мебаранд ва ҳеҷ вақт намедонӣ, ки куҷо мешаванд." Фаррух меафзояд, "агар онҳо эҳсос кардаанд, ки ту ба ақидаи онҳо мухолифат нишон медиҳӣ ва дар ҷангҳо ширкат кардан намехоҳӣ, дарҳол ба қатл мерасонанд. Вале агар “ба суханони онҳо хуб гуфта , кор кунӣ шонси зинда мондан ва ё дар амалиёт ҷароҳат бардоштану фирор кардан ба маротиб бештар аст. ”
Дар марзи Туркия ӯро боздошт ва латукӯб кардаанд, аммо ӯ талаб намудааст, ки расман ихроҷаш намоянд.
АЗ РУСИЯ БА СУРИЯ
Ин сокини шаҳри Хуҷанд мегӯяд, баъд аз фурӯпошии оилааш дар шабакаи "Одноклассники" бо духтаре дар Русия ошно шуд, ки ӯро ба Маскав даъват кард ва аз он ҷо ба Туркия ва Сурия фиристод. Бино ба гузоришҳо, то кунун тақрибан 300 ҷавони тоҷик ба сафи гурӯҳҳои тундрави исломӣ дар Сурия ва Ироқ пайваста ва дар ҷангҳои онҷо бештар аз 50 нафарашон кушта шудаанд. Вазири умури дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода, ки дар ин ҳамоиш ҳузур дошт, гуфт, дар робита ба афроде, ки барои ширкат дар ҷангҳо ба Сурия ва Ироқ рафтаанд, 150 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Вай афзуд, ҳоло 40 хонаводаи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Сурияанд.
Ҷаноби Раҳимзода афзуд, Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти Русия чандин нафареро ошкор кардааст, ки бо ҷалби ҷавонон ва фиристодани онҳо ба Сурия ва Ироқ машғуланд. Ба гуфтаи вазир, чунин афрод дар худи Тоҷикистон низ ифшо ва боздошт шудаанд. Ҳамзамон ба гуфтаи Рамазон Раҳимов, ҳоло ин ниҳод бо Вазорати умури дохилии Туркия дар гуфтугӯ аст, то ин ки аз рафтани шаҳрвандони Тоҷикистон ба Сурия ҷилавирӣ шавад.
Аз ин қабл чаҳор мавриди бозгашти шаҳрвандони Тоҷикистон аз роҳ ба ҷанги Сурия, нашр шуда буд. Аз ҷумла дар ҳафтаи равон як ҷавони сокини Шаҳритӯс, ки барои ширкат дар "ҷиҳод" озими Сурия шуда буд, аз ин амали худ пушаймон шуда ва эълон кард, ки мехоҳад аз Туркия ба Тоҷикистон баргардад.
Аммо ин бори аввал аст, ки як шаҳрванди Тоҷикистон, ки амалан дар ҷангҳои ин кишвари бӯҳронзадаи арабӣ ширкат кардааст, ба ватан бармегардад ва ба таври ошкоро дар ҳузури мардуми зиёд сӯҳбат кард. Бо ташкили ин мулоқот мақомоти Тоҷикистон умедворанд, ки сарнавишти Фаррух Шарифов барои ҷавонони дигар намунаи ибрат мешавад.