Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Падар ба гӯши писар мехонд, ки ба ҷанги Сурия равад


Шаҳри Панҷакент
Шаҳри Панҷакент

Додгоҳ як сокини шаҳри Панҷакентро айбдор кард, ки хостааст, писараш ба гурӯҳи "Давлати Исломӣ" пайваста, дар Сурия "ҷиҳод" кунад. Ӯ аз соли 1994 узви Ҳизби Таҳрир будааст.

Як сокини Панҷакент, ки хостааст писараш дар ҷанги Сурия ширкат намояд, аз сӯи додгоҳ ба зиндон маҳкум шуд. Айни замон ду бародари дигар ва сокинони ҳамин ноҳия барои пинҳон доштани хабари рафтани як узви оилаашон ба ҷанги Сурия, ҷазо гирифтаанд.

Дар ин бора рӯзи 5-уми май аз додгоҳи шаҳри Панҷакент ба Радиои Озодӣ хабар доданд. Дар додгоҳ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳукми се нафар, С.Т сокини деҳаи Камартош ва бародарон Т.М. ва Т.Н, сокинони деҳаи Чимқалъаи чанде пеш мавриди иҷро қарор гирифт.

Ба гуфтаи муфаттишон, С.Т, сокини деҳаи Камартош, ки мехост, писараш ба ҷанги Сурия биравад, аз соли 1994 узви созмони тундрави Ҳизб-ут-таҳрир будааст ва «ҳамчун аъзои фаъол дар ҷамъомадҳои ин ҳизби ғайриқонунӣ» ширкат мекард. Маъмурони интизомӣ мегӯянд, ки ин сокини Панҷакентро моҳи октябри соли 2014 дастгир карданд ва аз хонаи ӯ, адабиёти дорои ғояҳои ифротӣ ва даъват ба ғасби ҳукумати қонунӣ пайдо кардаанд.

Дар ҳукми додгоҳи Панҷакент нисбат ба С.Т омадааст, ки ин падар мехост, писарашро ба воҳидҳои мусаллаҳ ва ширкат дар амалиётҳои ҷангӣ дар ҳудуди Сурия ҷалб кунад, вале аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ дастгир шуд ва «ҷинояташро ба анҷом расонда натавонист.» Додгоҳ ин сокини Камартошро барои ин кораш ба 5 соли зиндон маҳкум кардааст.

Аммо бародарон Т.Н ва Т.М, ки фарзанди дуввумиро моҳи август шахсе аз шаҳри Свердловски Русия ба ҷанги Сурия фиристодааст, барои узвият дар Ҳизб-ут-таҳрир ва хабардор накардани мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз ҷинояти вазнин ҷазо додаанд, ки барои ин ҷиноятҳо дар Тоҷикистон аз 3.5 то 5 соли зиндон таъйин шудааст.

Додгоҳи Панҷакент мегӯяд, ки муттаҳамон ба гуноҳҳои худ иқрор шуданд ва гуфтаҳои шоҳидону, далелҳои хаттиву шайъӣ, гуноҳи онҳоро собит кард. Пайдо кардани вакилони дифои ин афрод ба Радиои Озодӣ муяссар нашуд.

Дар Тоҷикистон дар гузашта, чандин нафар барои талоши ҷалби ҷавонони тоҷик ба ҷангҳои Сурияву Ироқ ба зиндон маҳкум шудаанд, вале бори аввал аст, ки як падар барои ташвиқи писараш ҷиҳати пайвастан ба сафи гурӯҳи «Давлати исломӣ» дар Ироқу Сурия ба зиндон маҳкум мешавад.

Бино ба гузоришҳо то кунун тақрибан 300 ҷавони тоҷик ба сафи гурӯҳҳои тундрави исломӣ дар ин ду кишвар пайваста ва дар ҷангҳои онҷо бештар аз 50 нафарашон кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG