Оё Ҷовидон зери шиканҷа гуноҳро ба гардан гирифт? ВИДЕО

Ҷовидон Ҳакимов.

Рӯзи 28 март се корманди Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе дар робита ба шикояти латту кӯб ва шиканҷаи сокини 29-солаи Кӯлоб дар як мурофиаи додгоҳӣ посух доданд. Ҷовидон Ҳакимови гумонбар дар ҷалби ҷавонон ба ҷанг дар Сурия, ба додситонӣ шикоят кардааст, ки эътирофи гуноҳи ӯ дар ҷалби ҷавонон ба ҷанг зери парчами сиёҳи гурӯҳи “Давлати исломӣ”, зери шиканҷа гирифта шуда, дар асл ӯ гуноҳ надорад.

Вале кормандони полисе, ки дар ин мурофиа ба ҳайси шоҳид иштирок карданд, иддаоҳои ин гумонбарро бепояву асос хонда, шикояти Ҳакимовро комилан рад карданд. Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои шиканҷа муҷозот таъйин кардааст. Мурофиа идома дорад ва ҳукми додгоҳ баъдан маълум мекунад, ки то куҷо иттиҳоми Ҳакимов аз рӯи парвандаи “ҷалби ҷавонон ба ҷанг”, баррасӣ мешавад ё на.

Ҷовидон Ҳакимов, ки гумонбар дар ҷалби ҷавонон ба ҷанг дар Сурия аст, шикоят дорад, ки эътирофи ӯ зери шиканҷа гирифта шуда ва дар асл ӯ гуноҳе надорад.

Мурофиаи додгоҳӣ рӯзи 28 март таҳти раёсати додраси додгоҳи Исмоили Сомонӣ - Баҳодур Шарофзода сурат гирифт ва дар ибтидо се корманди сарраёсати Вазорати корҳои дохилӣ - Ҷамшеди Хуршед, Дилшод Таҷаллиев ва Низом Содиров мавриди пурсиш қарор гирифтанд. Ба ҳангоми шунидани мавқеи шоҳидон – кормандони вазорати умури дохила, бо исрори намояндаи Додситониии кулл, журналисти Радиои Озодӣ аз толори додгоҳ берун карда шуд.

​Аммо Моҳира Мирзоалиева ва Муҳаббат Усмонова, вакилони мудофеи Ҷовидон Ҳакимов пас аз анҷоми мурофиа дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки кормандони милиса даст доштани худро дар латту кӯб ва шиканҷаи зерҳимояашон рад карданд.

Муҳаббат Усмонова гуфт: “Худи Ҷовидон гуфт, ки ӯро дар бинои Сарраёсати корҳои дохилӣ дар кабинет пурсиш намекарданд, балки ба таҳхона бурда бо истифода аз чӯбдаста ва қувваи барқ зӯроварӣ мекарданд ва биниашро шикастаанд, аммо кормандони сарраёсат Ҷамшеди Хуршед, Дилшод Таҷаллиев ва Низом Садиров тасдиқ накарданд ва ҳамаро рад намуданд”.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Додгоҳ сокини Кӯлобро бо ҷалби ҷавонон ба ҷангҳои Ироқу Сурия муттаҳам мекунад

Моҳира Ҳакимова, хоҳари Ҷовидон Ҳакимов, ки дар мурофиа ҳузур дошт, низ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки додрас нагузоштааст то кормандони милиса ба пурсишҳо батафсил ва ошкоро посух диҳад. Дар ҳамин ҳол, вакилони дифои Ҷовидон Ҳакимов аз додгоҳ дархост кардаанд, то зерҳимояаашонро дубора аз ташхиси тиббӣ гузаронанд, аммо додрас ин пешниҳодро рад кард. Мақомоти додгоҳи Исмоили Сомонӣ гуфтанд, ки бо сабаби ҳанӯз идома ёфтани муҳокимаи додгоҳӣ, аз шарҳи ин мавзӯъ худдорӣ мекунанд.

Зимнан, парвандаи Ҷовидон Ҳакимов, таҳти рақами “26 564” аз тарафи Вазорати корҳои дохилӣ дар моҳи феврал ба додгоҳи Исмоили Сомонӣ ирсол шуд. Ҷовидон Ҳакимов бо ду моддаи Кодекси ҷиноӣ: 187 -- “таъсиси иттиҳодияи ҷиноӣ” ва 401 -- “зархаридӣ” муттаҳам мешавад.

Акси Ҷалил Ҳакимов -- бародари Ҷовидон, ки аз Сурия фиристодааст.

Дар парванда зикр шудааст, ки “Ҷовидон Ҳакимов соли 2013 дар Русия мунтазам тавассути телефони мобилӣ бо бародараш Ҳакимов Абдуҷалил Абдухолиқович ва ҳамсояаш Назаров Нусрат, ки ҳамон вақт дар сафи аъзои созмони ифротӣ ва террористии “Давлати Исломӣ” муқобили ҳукумати Ироқ меҷангид, алоқа барпо карда ва ҳамсуҳбат мешуд. Ҳангоми суҳбат ӯ бо мақсадҳои ДИИШ шинос шуда онҳоро қабул ва ҷонибдорӣ намуда ба таклифи онҳо дар хусуси ёфтан ва фиристодани шаҳрвандон барои иштирок дар амалиёти ҷангӣ розӣ шудааст. Ҳатто ӯ чанд шаҳрванди кишвар, аз ҷумла Бахтиёр Юсуфов, Одилҷон Қурбонов ва Толибҷон Шарифовро ба Сурия ва Ироқ фиристодааст”.

Вале худи Ҷовидон Ҳакимов дар мурофиаи додгоҳӣ ин иттиҳомотро рад карда гуфт, ки ӯ дар муҳоҷират дар Русия кор мекард ва ба ҳеҷ гурӯҳи ғайриқонунӣ шомил нашуда буд. Ҷовидон Ҳакимов авоили моҳи январи соли ҷорӣ ҳамроҳи бародараш Абдулазиз боздошт шуд, аммо пас аз собит шудани бегуноҳии дувумӣ, ӯро ҷавоб доданд. Абдулазиз Ҳакимов баъди ин дубора ба Русия барои мардикорӣ рафт. Дар сурати исбот шудани гуноҳи Ҷовидон Ҳакимов, ӯро мӯҳлати тӯлонии зиндон таҳдид мекунад.

Тибқи иттилои расмӣ, наздики 1100 шаҳрванди Тоҷикистон баъди соли 2014 барои ширкат дарҷангҳои Сурия ва Ироқ ва бархе ҳамроҳ бо зану кӯдакони хурдсоли худ рафтаанд. Ҳоло шумори зиёде аз ҷавонони тоҷик дар ин ҷангҳо кушта шудаанд, вале зану фарзандонашон дигар имкони бозгашт ба ватанро надоранд.