Анвар Юнусов муштзан аз Чинро шикаст дод (10 АКС)

Муштзани маъруфи тоҷик Анвар Юнсов дар нахустин даври интихобии мусобиқоти бокс дар вазни то 60 килограмм аз рӯи барномаи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия бар варзишгари Чин Ҷун Шан бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд.

Ҷун Шан барои Анвар Юнусов рақиби ошност. Имсол ҳарду бо ҳам дар вазни то 60 килограмм ду бор рақобат карда буданд. Қувваозмоии аввал дар мусобиқоти интихобии олимпии қораи Осиё дар Чин бо пирӯзии Ҷун Шан хотима ёфтааст.

Дар мусобиқоти ҷаҳонии олимпӣ, ки моҳи июн дар пойтахти Озарбойҷон – шаҳри Боку – баргузор шуд, Анвар Юнусов қасоси бохтро гирифт.

Қувваозмоии севуми ҳарду дар Олимпиадаи Рио 6-уми август соати 18:15 ба вақти маҳаллӣ (соати 02:15 шаби 7-уми август ба вақти Душанбе) баргузор шуд. Ҳарсе довар муштзани тоҷикро ғолиб донистанд.

Зимнан, Анвар Юнусов дар байни варзишгарони тоҷик, ки дар Олимпиадаи Рио ширкат мекунанд, аввалин шуда ба мусобиқа шуруъ намуд ва пирӯзӣ ба даст овард.

АКСҲОИ БЕШТАРРО ИНҶО БУБИНЕД:

Аксҳо аз сабқати Анвар Юнусов бо муштзани Чин

Рақиби Анвар дар даври баъдӣ, ки рӯзи 9-уми август соати 12:20 ба вақти маҳаллӣ (соати 20:20 ба вақти Душанбе) доир хоҳад шуд, муштзани маъруфи бразилӣ Робсон Консеикао мешавад. Бар асоси қуръакашӣ вай бидуни даври аввал ба даври дувум роҳ ёфтааст.

Робсон барандаи медали нуқра (соли 2013, Алматии Қазоқистон) ва медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон (2015, Доҳаи Қатар) мебошад.

Анвар Юнусови 29-сола, ки Тоҷикистонро барои бори севум дар Бозиҳои олимпӣ намояндагӣ мекунад, мақсад дорад ба Ватан бо медал баргардад.

Дар ҳоли ҳозир ӯ дар шаҳри Рио-де-Жанейро бо раҳбарии мураббиаш Аббос Неъматуллоев дар Деҳаи олимпӣ тамрин карда, ба қувваозмоии дувумаш омодагӣ мебинад.

Анвар Юнусов дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "дар қувваозмоии дувум низ бо рақибам аз Бразилия тамоми кӯшишу ғайратамро баҳри пирӯзӣ сафарбар мекунам. Мақсади ман дар ин Олимпиада ба даст овардани медал аст. Ба ҳамаи онҳое, ки маро мешиносанд, ба ман мухлисӣ мекунанд, аз Рио салом мегӯям ва мекӯшам, ки ба бовариашон сазовор бошам."

АНВАР ЮНУСОВ

Бокс, вазни то 60 кило.

1 феврали соли 1987 дар Душанбе таваллудшудааст.

Хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон (2009) мебошад.

Ба бокс аз 12-солагиаш машғул аст. Аввалин мураббиаш Борис Ковтун буд. 13 сол бо роҳбарии Мирзо Шамсиев машқ кардааст. Феълан таҳти раҳбарии Аббос Неъматуллоев тамрин мекунад.

Устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Ҷойи 5-ум дар Олимпиадаи Пекин (2008).

Ҷойи 3-юм дар чемпионатиҷаҳон дар Боку (2011).

ҚаҳрамониОсиё (КореяиҶанубӣ, 2011).

Ҷойисеюм дар чемпонатиОсиё дар Урдун (2013).

Ғолиби Ҷоми ҷаҳон байникишварҳои тавлидкунандаи нефт дар Ханти-Мансийски Русия (2013).

Ғолиб ва ҷоизадори бисёркаратаи мусобиқоти байналмилалист.

Бори сеюм дар Бозиҳои олимпӣ иштирок мекунад. Дар Олимпиадаи Пекин-2008 ҷойи панҷумро гирифтааст. Дар Олимпиадаи Лондон-2012 дар давриҳаштякниҳоӣ мағлуб шудааст.

Дар мусобиқоти ҷаҳониии нтихобии олимпӣ моҳи июни соли 2016-ум дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон дар вазни то 60 кг ҷойи дувумро касб кард ва соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Рио-2016 гардидааст.

Оиладор аст, соҳиби ду писар.

Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия то 21 август идома мекунанд.

Ба ҳайати мунтахаби олимпии Тоҷикистон ҳафт варзишгар - Дилшод Назаров (варзиши сабук, гурзандозӣ),Комроншоҳи Устопириёнва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (ҳардудар риштаи дзюдо), Анвар Юнусов (бокс), Олим Қурбонов ва Анастасия Тюрина (ҳарду оид ба шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод) ва Кристина Пронженко (давидан ба масофаи 200 метр) – дохиланд.

Бояд тазаккур дод, ки варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистони соҳибистиқлол сар аз соли 1996 ширкат меварзанд. Ба ин тартиб, барои шашумин бор аст, ки Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпӣ беҳтарин варзишгарони кишвар намояндагӣ мекунанд.

Тақвими мусобиқоти варзишгарони тоҷик дар Рио-2016

9 август, бокс

Анвар ЮНУСОВ, дар вазни то 56 кг

10 август, дзюдо

Комроншоҳи УСТОПИРИЁН, дар вазни то 90 кг

12 август, дзюдо

Муҳаммадмурод АБДУРАҲМОНОВ, дар вазни +100 кг

11-12 август, шиноварӣ

Олим ҚУРБОНОВ, бо тарзи озод ба масофаи 50 метр миёни мардон

12-13 август, шиноварӣ

Анастасия ТЮРИНА, бо тарзи озод ба масофаи 50 метр миёни занон

15-17 август, варзиши сабук

Кристина ПРОНЖЕНКО, давидан ба масофаи 200 метр миёни занон

17, 19 август, гурзандозӣ

Дилшод НАЗАРОВ

20 август, маросими супурдани медалҳо ба ғолиб ва ҷоизадорони мусобиқаи гурзандозӣ баргузор мешавад.

Нарзуллоҳи Латиф,
Рио-де-Жанейро.