Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳаммадмурод: Он кист, ки орзуи генерал шуданро надорад? (ВИДЕО)


Муҳаммадмурод Абдураҳмонов
Муҳаммадмурод Абдураҳмонов

Паҳлавони маъруфи тоҷик Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, ки барои аввалин бор ба ҳаққи иштирок дар Бозиҳои олимпӣ мушарраф шудааст, дар Олимпиадаи Рио-де-Жанейрои Бразилия дар мусобиқоти ҷудо рақобат хоҳад кард. Ӯ дар вазни беш аз 100 кило рӯзи 12 август қувваозмоӣ мекунад.

Ин гуштигири тоҷик дар Деҳаи олимпӣ ба сар мебарад ва дар онҷо ба Олимпиада омода мешавад. Ӯ 5 август дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, ки ҳар рӯз ду бор тамрин мекунад ва субҳаш асосан бо тарбияти бадан оғоҳ меёбад. "Баъдан дар толори гуштӣ ҳамроҳи Комроншоҳи Устопириён таҳти назорати мураббиён Владимир Елчанинов ва Усто Устопиров тамрин мекунам. Ҳангоми тамрин бештар ба иҷрои усулҳо машғул мешавам. Мураббиён хатоҳоямро мегӯянд ва ман мекӯшам, ки иштибоҳҳоро ислоҳ намоям," - иброз дошт Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар суҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ.

Муҳаммадмурод: Он кист, ки орзуи генерал шуданро надорад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:46 0:00

Бар асоси қуръакашӣ, ки рӯзи 4 август баргузор шуд, рақиби паҳлавони тоҷик Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар нахустин даври мусобиқоти дзюдо дар вазни беш аз 100 кило аз рӯи барномаи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия варзишгари Куба Алекс Гарсиа Мендоза мебошад. Алекс Гарсиа Мендоза паҳлавони номдор ва пуртаҷриба буда, ҷоизадори бисёркаратаи Гран-при ва Grand Slam (Тоскулоҳи бузург) аст.

Муҳаммадмурод Абдураҳмонов рӯзи 5 август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “бо паҳлавони кубагӣ ман як бор дар мусобиқоти Гран-при дар Тсиндаои Чин қуввваозмоӣ карда, пирӯз шудаам. Ин дафъа низ ба қувваозмоӣ муқобили ӯ ҳамаҷониба омодаам ва барои ғалаба талош хоҳам кард.” Қувваозмоии Муҳаммадмурод ва Алекс Гарсиа Мендоза дар Олимпиадаи Рио рӯзи 12-уми август соати 10-и пагоҳӣ ба вақти маҳаллӣ ва соати 18-и бегоҳӣ ба вақти Душанбе шурӯъ мешавад.

Муҳаммадмурод Абдураҳмонов аз иштироки худ дар ин мусобиқоти бузургтарини варзишии олам изҳори хушҳолӣ карда, гуфт, “ҳар як варзишгар ба Олимпиада, ки барояш қуллаи баландтарин дар варзиш аст, бо мақсади пирӯзӣ меояд, ман ҳам истисно нестам. Зеро гуфтаанд, “сарбозе, ки орзуи генерал шуданро надорад, сарбози хуб нест.” Бо ин мақсад ман хеле омодагии хуб дидаам ва умед дорам, ки ба Ватан бо натиҷаи хуб бармегардам.”

Муҳаммадмурод гуфт, ба ҳамаи варзишгарон – ширкаткунандагони Бозиҳои тобистонаи олимпии Рио-2016 Ширкати “Samsung”, шарики Кумитаи байналмилалии олимпӣ, ба таври ройгон телефони мобилии Galaxy S 7 edge тӯҳфа кардааст. Бо ин телефон паҳлавони тоҷик ҳар рӯз бо аҳли хонавода, падару модар ва дӯстонаш дар тамос мешавад.

МУҲАММАДМУРОД АБДУРАҲМОНОВ

29 ноябри соли 1986 дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон таваллуд шудааст.

Гуштии дзюдо, вазни + 100 кг

Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистонро соли 2014-ум хатм кардааст.

Аз соли 2003-юм ба дзюдо машғул аст. Аввалин мураббиаш Носир Бозоров мебошад. Феълан бо раҳбарии Фаррухрӯз Собиров тамрин мекунад.

Устоди варзиши дараҷаи байналмилалист.

Дар Ҷоми ҷаҳон соли 2011-ум дар Алматӣ (Қазоқистон) ҷойи панҷум, дар Бозиҳои XVI осиёӣ дар Гуанҷоу (Чин, 2010) ва Бозиҳои XVII осиёӣ дар Инчон (Кореяи Ҷанубӣ, 2014) ҷойҳои панҷум, дар Гран-прии Тошканд (Ӯзбекистон, 2014), ҷойи сеюм, дар Ҷоми Осиё дар Тайван (2015) ҷойи аввалро ишғол кардааст.

Ду бор барандаи Ҷоми Президенти Тоҷикистон (2014 ва 2015) гардида, як маротиба (2013) ҷойи дуюмро гирифтааст. Инчунин ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ барои ҷоизаҳои Саидмуъмин Раҳимов (2014) мебошад.

Муҳаммадмурод Абдураҳмонов аз рӯи натиҷагирии мусобиқоти квалификатсионӣ бо имтиёзҳои ба даст овардааш ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Рио-2016 мушарраф шудааст.

Мураббии калони Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аст.

Оиладор аст. Се фарзанд – ду писару як духтар - дорад.

​Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия аз 5 то 21 август барпо мегарданд. Ба ҳайати мунтахаби олимпии Тоҷикистон ҳафт варзишгар - Дилшод Назаров (варзиши сабук, гурзандозӣ), Комроншоҳи Устопириён ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (ҳарду дар риштаи дзюдо), Анвар Юнусов (бокс), Олим Қурбонов ва Анастасия Тюрина (ҳарду оид ба шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод) ва Кристина Пронженко (давидан ба масофаи 200 метр) – дохиланд.

Гурзандоз Дилшод Назаров дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ, ки шаби 5 август дар варзишгоҳи “Маракана”-и Рио-де-Жанейро баргузор мешавад, парчамбардори ҳайати Тоҷикистон интихоб шудааст. Олимпиадаи навбатӣ барои ӯ чорумин ба шумор меравад.

Бояд тазаккур дод, ки варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистони соҳибистиқлол сар аз соли 1996 ширкат меварзанд. Ба ин тартиб, барои шашумин бор аст, ки Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпӣ беҳтарин варзишгарони кишвар намояндагӣ мекунанд.

Нарзуллоҳи Латиф,

Рио-де-Жанейро

XS
SM
MD
LG