"Хатари террористони маргталаб дар Осиёи Марказӣ бештар шудааст"

Акси гумонбарони эҳтимолии ташкили ҳамла ба сафорати Чин дар Бишкекро Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон нашр кард

Масъулони баъзе ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон мегӯянд, ки хатари ҳамлаҳои террористони маргталаб дар кишварҳои Осиёи Марказӣ бештар шудааст. Як масъули Додситонии кулли Тоҷикистон ба шарти ифшо нашудани номаш рӯзи 13 сентябр далели ин амрро ба видеои ҳамлаҳои интиҳорӣ марбут хонд, ки аз ҷониби гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистону Ироқ ва Сурия дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш шуда ва бештар миёни ҷавонон таблиғ мешавад.

Дар ҳамин рӯз Шӯрои минтақавии сохтори зиддитеррористии Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар Алмаато низ мавзӯи муборизаи муштарак бо террористони маргталабро баррасӣ кард. Сергей Смирнов, муовини аввали раиси Хадамоти амнияти Русия (ФСБ) дар поёни ин ҷаласа гуфт, бо пешниҳоди ин кишвар дар заминаи ташкили маълумотнома дар бораи террористҳои маргталаб қарор қабул шудааст.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, ки дар ним соли гузашта аз чаҳор кӯшиши ҳамлаҳои аъзои "Давлати исломӣ" дар кишвар ҷилавгирӣ шудааст.

Маълумот дар бораи маргталабон

Ба қавли Смирнов, ҳоло дар доираи Шӯрои минтақавии сохтори зиддитеррористии Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой феҳристи ҷустуҷӯӣ ва маълумотнома дар бораи мубориза бо терроризм мавҷуд аст. Ӯ афзудааст, дар бораи 69 созмон ва 2,5 ҳазор нафар маълумот вуҷуд дошта ва ҳамакнун иттилоъ дар бораи террористони маргталаб ба ин феҳрист шомил мешавад ё барои онҳо бахши алоҳида ташкил хоҳад шуд. Ба Шӯрои минтақавии сохтори зиддитеррористии Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ниҳодҳои амниятии Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон шомиланд.

Дар чанд соли ахир хатари ҳамлаҳои террористони маргталаб, ки қаблан дар Афғонистону Ироқ ва кишварҳои дигари Ховари Миёна рух медод, ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, Тоҷикистон таҳдид мекунад. Корманди масъули Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, ки танҳо аз тариқи чораҳои сахтгирона ҳал кардани ин масъала душвор буда, бояд дар ин замина бо ҷавонон суҳбатҳои наздику самимона сурат гирад ва хатари воқеии ҳамлаҳои интиҳорӣ шарҳ дода шавад.

Изи тоҷикӣ, русӣ ва чинӣ дар ҳамлаи Бишкек

Инчунин, дар ҷаласаи Шӯрои минтақавии сохтори зиддитеррористии Созмони Ҳамкориҳои Шонҳой таъкид шудааст, ки дар ҳамлаи ахири террористӣ ба сафорати Чин дар шаҳри Бишкек шаҳрвандони Тоҷикистон, Чин ва Русия даст доштаанд. Субҳи 30 август террористи худкуш тавассути мошини Mitsubishi Delica дарвозаи сафорати Чин дар шаҳри Бишкекро хароб карда, ба дохили бино ворид шуд ва маводи мунфаҷираи дар мошинбударо тарконд.

Бар асари ин инфиҷор 3 корманди маҳаллии сафорати Чин захмӣ шуда ва бинои сафорат осеб дид. Террористи маргталаб дар маҳалли ҳодиса ҳалок шуда, дипломатҳои чинӣ осеб надиданд.

Тибқи иттилои Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон, ин ҳамла аз ҷониби узви созмони “Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ” дар Сурия ва уйғур бо шиносномаи шаҳрванди Тоҷикистон Зоир Халилов анҷом шудааст. Аммо Вазорати корҳои дохилӣ ҳузури Халилов Зоир Абдуҳалимовичи 33-сола (Панҷакент) ва Бобоҷонов Фирдавс Муъминҷоновичи 21-сола (Ҷалолуддини Балхӣ) дар ҳамла ба сафорати Чин рад карда ва гуфт, ки дар ин ҳамла фақат аз шиносномаҳои шаҳрванди Тоҷикистон истифода шудааст.

Ҷилавгирӣ аз чор ҳамлаи ДИИШ дар Тоҷикистон

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи ин вазорат, ба Радиои Озодӣ гуфт, “онҳо дар ҷустуҷӯ буданд. Бар асоси маълумоти мо дар давлати Сурия қарор доштанд. Мо ба хонаҳои соҳибони ин паспортҳо рафта, бо хешу таборашон вохӯрдем. Онҳо гуфтанд, ки фарзандонашон дар Сурия ҳастанд.”

Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, ки дар ним соли гузашта аз чаҳор кӯшиши ҳамлаҳои аъзои "Давлати исломӣ" дар кишвар ҷилавгирӣ шудааст. Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, моҳи июли имсол дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, талоши ҳамлаҳои террористии аъзои ДИИШ дар Панҷакент, Хуҷанд ва ду ҳолат дар Душанбе сабт шудааст. Вай афзуд, мақомоти интизомӣ ва қудратии Тоҷикистон тамоми талоши худро барои ҳифзи субот дар кишвар ба харҷ дода, аз ҳамагуна харобкориҳо пешгирӣ хоҳанд кард.

Раҳимзода дар ин суҳбаташ гуфт, дар ҳоли ҳозир раванди ба сафи гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” пайвастани шаҳрвандони Тоҷикистон коҳиш ёфта, то кунун 50 нафар бо ёрии Вазорати корҳои дохилӣ аз майдонҳои ҷанги Сурияву Ироқ ба кишвар баргаштаанд.