Мақомоти тоҷик бо ҳамтоёни узбакистонии худ барои раҳоии Манучеҳр аз он кишвар машварат кардаанд ва дар назар аст рӯзҳои наздик вайро ба Тоҷикистон баргардонанд.
Масъулони хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ мегӯянд, барои озод кардани Манучеҳр Бӯриеви 12-сола аз Узбакистон бо ҳамтоёни узбаки худ, яъне намояндагони хадамоти кор бо ноболиғон ва ҷавонони ВКД-и кишвари ҳамсоя машварат намуда, масъалаи интиқоли ӯро ба назди волидонаш ҳал кардаанд.
Латиф Зокиров, раиси Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ва ҷавонони ВКД-и Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 6-уми сентябр бо тасдиқи ин хабар ба радиои Озодӣ гуфт, ки се рӯз қабл бар асоси шикояти волидони Манучеҳр Буриеви 12 сола, сокини деҳаи Фароби ноҳияи Панҷакент, бо хадамоти кор бо ноболиғон ва ҷавонони ВКД-и Узбакистон дар тамос шуда, масъалаи раҳоии ӯро ҳаллу фасл намудаанд.
«Тибқи ин музокира мақомоти Узбакистон бар асоси «Созишномаи баргардондани ноболиғон ва ҷавонон», ки соли 2002 дар Кишинёв миёни кишварҳои СНГ, аз ҷумла Тоҷикистону Узбакистон ба имзо расидааст намояндагони мақомоти кишвари ҳамсоя Манучеҳрро ба минтақаи марзии Бекобод меоранд ва намояндагони мо дар вилояти Суғд ба онҷо рафта ӯро гирифта ба назди волидонаш ба шаҳри Панҷакент хоҳанд бурд», зикр кард Латиф Зокиров.
«Ман бо худи Манчеҳр Буриев, кӯдаки ноболиғ низ бо телефон ҳамсуҳбат шуда, аз аҳволи вай пурсон шудам ва гуфтам, ки дар наздиктарин фурсат ба назди бибияш бармегардад», меафзояд ҷаноби Зокиров.
Раиси Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ва ҷавонони ВКД-и Тоҷикистон мегӯяд, онҳо омодагӣ доранд ва дар рӯзҳои наздик бо мусоидати мақомоти Узбакистон Манучеҳрро бармегардонанд.
Қаблан модаркалони Манучеҳр, Норчучук Эшмуродова 23 август, гуфта буд, ки наберааш бо мусоидати як масъули боздоштгоҳи Қаршӣ занг зада гуфтааст, ӯро ба дасти волидонаш таслим мекунанд.
«Ман набераамро гуфтам, ки телефонро ба масъули боздоштгоҳи Қаршӣ деҳ, дар суҳбат масъули боздоштгоҳ ба тоҷикӣ гуфт, ки барои ноболиғ будани наберааш ӯро бо омода кардани санадҳои лозима ба волидонаш месупоранд», зикр кард Эшмуродова.
Манучеҳр гуфтааст, пас аз боздошт дар моҳи июл таи як ҳафта бобои 74 солааш ва амаку дигар ҳамроҳонашон дар бозоштгоҳи Қаршӣ буданд, вале баъдтар онҳоро ба ҷои дигар кӯчониданд, ки дигар дар бораи онҳо хабар надорад.
Норчучук Эшмуродова, ҳамсари Мардон Бӯриеви 74 сола, рӯзи 3-юми сентябр ба Озодӣ гуфта буд, чанд рӯз пеш як зани ношинос аз Қаршии Узбакистон ба вай занг зада, бо хоҳиши шавҳараш расонидааст, ки ӯро ҷарроҳи кардаанд.
“Вай гуфт, дар беморхонаи Қаршӣ мӯйсафедамро 5 духтур ҷарроҳӣ карданд. Ҳоло ба ҳуш наомадааст, гуфт. Аммо вай зани узбак худашро шинос накард, фақат гуфт, ки шавҳарам рақамамро дода хоҳиш кардааст, ба ҳамсараш занг зада фаҳмонад,” - гуфт Эшмуродова.
Хонум Эшмуродова афзуд, пайвандонаш ҳанӯз намедонанд, ки Мардон Бӯриев ба сабаби чӣ беморӣ ё ҷароҳате ҷарроҳӣ шудааст ва ҳоло чӣ ҳол дорад? Ба гуфтаи вай, шавҳараш ба он зан гуфтааст, ки 2 моҳ боз ӯро бегуноҳ дар маҳбаси Узбакистон нигоҳ медоранд.
Манучеҳр Буриеви 12 сола ҳамроҳи се бародару бобои 74-солааш шоми 10 июл дар дараи Шохпази ҷамоати Фароб ҳангоми алафдаравӣ марзбонони узбак барои марзшиканӣ айбдор карда ба он тарафи марз мебаранд ва дар боздоштгоҳи ноҳияи Қаршӣ нигаҳдорӣ мекунанд.
Чунин ҳодиса бори аввал нест, ки дар марз бо кишвари ҳамсоя рух медиҳад. Рӯзи 15-уми июн марзбонони узбак 5 чӯпони сокини рустои Моғиёни ноҳияи Панҷакент - Тӯлибой Қурбонхоҷаев, Рустам Ҳайдаров, Меҳриддин Шамсиддинов, Сӯҳроб Абдуллоев ва Довуд Ҳайдаровро бо рамаи гӯсфандону говҳояшон ба Узбакистон бурдаанд ва танҳо баъд аз як моҳ онҳоро раҳо карданд.