Хабарнигори Радиои Озодӣ аз шаҳри Турсунзода иттилоъ медиҳад, ки дар ин маросим, мақомоти ҳукуматӣ, меҳмонон, собиқадорони ширкат ва хабарнигорони расонаҳои дохил ва хориҷи кишвар ҳузур доранд.
Талко аз бузургтарин корхонаи саноатии Тоҷикистон рӯзи 31 марти соли 1975 дар шаҳри Турсунзода бо номи ТадАЗ, корхонаи алюминсозии Тоҷикистон ба тавлиди маҳсулот оғоз карда, соли 2007 ба ТАЛКО табдил ном кард.
ТалКо панҷ соли пеш 360 000 тонна алюминиум тавлид мекард ва тақрибан 60 дарсади содироти Тоҷикистон аз ҳисоби фурӯши фаровардаҳои ҳамин ширкат ба даст меомад. Аммо солҳои ахир тавлиди маҳсулот дар ТалКо коҳиш ёфт ва дар соли 2014 тавлиди алюминиум ҳудуди 2 маротиба, ё қариб 100 000 тонна кам шуд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Шариф Раҳимзода, собиқ вазири вақти рушди иқтисодӣ ва тиҷорати Тоҷикистон рӯзи 28 январи соли ҷорӣ дар нишасти хабарии вазораташ гуфт, дар соли 2014 ТАЛКО ҳамагӣ 121 200 тонна алюминии хом тавлид кардааст. Дар соли 2013 тавлидоти ин корхона 218 477 тонна ва дар соли 2012 беш аз 275 ҳазор тоннаро ташкил медод.
Ба гуфтаи Шариф Раҳимзода, “сабаби аслии коҳиши тавлидоти ТалКо пойин рафтани нархи алюминий дар бозори ҷаҳонист. Соли гузашта нархи миёнаи алюминий ҳамагӣ 1870 долларро ташкил дод. Маълум аст, ки ягон корхона ба зарари худаш кор намекунад.”
Игор Сатторов, сухангӯи ширкати ТалКо низ рӯзи 28 январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар чанд соли охир ва бахусус дар соли 2014 дар панҷаи мушкилоти сахт қарор доштани ин ширкатро тасдиқ кард, вале гуфт, рӯзҳои сиёҳи ТалКо аллакай пушти сар шудаанд.
Игор Сатторов афзуд: “Бӯҳрони шадид дар бозори ҷаҳонии алюминий боиси башиддат поин рафтани нархи он шуд ва дигар тавлиди алюминий базарар шуда буд. Ба ин далел, мо барномаи зиддибӯҳрониеро қабул кардем, ки як бандаш коҳиши тавлидот то замони беҳтар шудани вазъи бозор буд. Мо, албатта, наметавонистем ба зарари худ кор кунем.”
Алюминий, дар баробари пахта аз маҳсулоти аслии содиротии иқтисоди Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Корхонаи ТалКо мустақиман ба дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ итоат мекунад ва ба фарқ аз боқӣ корхонаҳои саноатии Тоҷикистон, вобастаи вазорати саноат ва технологияҳои навин нест.
Ин корхона чанд соли охир дар сархати мавзӯъҳои баҳсии расонаҳои маҳаллӣ қарор дорад. Бори охир соли 2014 ба далели баҳсҳои додгоҳиаш бо ширкати РусАл дар як додгоҳи Швейтсария ҳам вирди забони матбуот шуд. РусАл дар додгоҳи ҳакамии Швейтсария бар коршарики корхонаи аллюминюм ТалКо - СDH Investment - ғолиб омада, онро ба пардохти 274 миллион доллар қарзу ҷарима муваззаф кард. Вале охири моҳи январ ин баҳс бо як муомилаи миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати РусАл ҳалли худро пайдо кард.
Як мояи дигари интиқод аз ин ширкат дар дасти ҳалақоти наздик ба раисиҷумҳури Тоҷикистон чархидани пулу фоидаҳои ширкати алюминий аст. ТалКо ҳамчунин барои он интиқод мешавад, ки дар бебарқиҳои фасли сармо то нисфи нирӯи барқи Тоҷикистонро “мехӯрад”, вале саҳмаш дар супурдани андоз дар сол тақрибан 30 миллион доллар, яъне камтар аз ҳатто андози солонаи як ширкати телефонҳои мобил, назири “Вавилон” мебошад.