Садамаи ҳавопаймои МА-60-и сохти Чин эҳтимоли хариди ин навъи ҳавопаймоҳоро аз тарафи ширкати «Тоҷик Эйр» дар оянда зери суол бурдааст.
Садамаи ҳавопаймои МА-60-и сохти Чин эҳтимоли хариди ин навъи ҳавопаймоҳоро аз тарафи ширкати «Тоҷик Эйр» дар оянда зери суол бурдааст. Ҳавопаймои МА-60 баъд аз як садама дар моҳи июли имсол ва ҳам шикояти мусофирон эътибори худро дар Тоҷикистон аз даст дод. Бехатарии он акнун зери шубҳаи бузург аст ва гурӯҳе аз мутахасисони чиноӣ вориди Тоҷикистон шудаст, то сабабҳои садамаро таҳқиқ кунад.
Лола Кенҷаева, сухангӯи ширкати «Тоҷик Эйр» рӯзи 25-уми сентябр дар сӯҳбат ба радиои «Озодӣ» гуфт, «гурӯҳи мутахассисони чиноӣ дар Тоҷикистон қарор доранд ва онҳо сабаби ноқисӣ дар ҳавопаймои МА-60ро муайян карда истодаанд.»
Хонум Кенҷаева афзуд, таҳқиқи сабаби садамаи ҳавопаймо як протсеси дурудароз аст ва ширкати «Тоҷик Эйр» мунтазири посухи мутахассисон хоҳад монд: «Ҳодисае ки дар фурудгоҳ бо ҳавопаймои МА-60 рух дод (яъне дар ҷои исташ ба замин ғалтид) комилан шартномаи харидории нусхаи дуввуми ин тамғаи ҳавопайморо аз Чин зери соя гузошт. То замоне ки сабаби аслии ин ҳолат аниқ нашава,д дар бораи харидории дувумин чунин ҳавопаймо ҳатто гап ҳам намеравад.»
Дар ҳамин ҳол, як масъули бахши техникии ин ширкат дар сӯҳбат бо мо ва ба шарти гуфта нашудани номаш гуфт, мутахассисони чинӣ шояд то нимаҳои моҳи октябр ин ҳавопайморо таъмир ва омодаи парвоз кунанд.
Пештар ҳам муштариёни ширкати «Тоҷик Эйр» аз мушкилоти фаннӣ ҳангоми парвоз бо ҳавопаймои МА-60 шикоят карда буданд. Мусофирони хатсайри Хуҷанд- Душанбе дар санаи 2-уми декабри соли 2012 гуфта буданд, ки ҳангоми парвоз бо ин ҳавопаймои сохти Чин онҳо ба норасоии сахти ҳаво ва нафастангӣ рӯбарӯ шуда, аз гӯши бархе аз мусофирон ҳатто хун рехтааст. Ширкати «Тоҷик Эйр» бо таҳқиқи ин қазия гуфта буд, ки вазъи изтирорӣ ба айби халабонҳои ҳавопаймо сар задааст. Онҳо гӯё бо шунидани сигнали ворид шудани ҳаво ба дохили ҳавопаймо тасмими нодуруст гирифтаанд, ки ин боиси болову поин рафтани фишори ҳаво дар толор шудааст.
Аммо Сӯҳроб Ҷӯраев, собиқадори соҳаи ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, ақидаи бисёриҳо, ки ҳавопаймои МА-60 мисли дигар молҳои чиноӣ сифати паст дорад, дуруст нест: «Ман ҳамчун мутахассиси соҳаи авиатсия камбудии ин тамғаи самолетҳоро надидаам. Ин ҳавопаймо ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ аст, чун аз сертификати ҷаҳонӣ гузаштааст. Дар ҷаҳон қариб 168 навъи ҳавопаймоҳо ҳаст, ки сетификат надоранд. Ин ҳавопаймо кулли хусусиятҳои самолётҳои тамғаи «Боинг»-ро дорад.»
Ҷаноби Ҷӯраев афзуд, он ки ин тамғаи ҳавопаймо дар ҳудуди кишварҳои муштаракулманофеъ(ИДМ) сертификат надорад, ба ин маъно нест, ки Тоҷикистон ҳаққи истифода аз онро надорад. Вай афзуд, вақте Тоҷикистон аввалин бор дар ҳудуди кишварҳои ИДМ ҳавопаймои «Боинги 737»-ро ворид кард, он ҳам дар ин паҳно сертификат надошт ва расман эътироф нашуда буд.
Вале кишварҳои зиёде аз сифати ҳавопаймои МА-60, ки бар пояи АН-24-и сохти Шӯравӣ сохта шудааст, шикоят карда ва аз истифодаи он даст кашидаанд. Барои мисол, кишвари осиёии Мянмар баъди се бор ба садама дучор шудани ин ҳавопаймо истифодаи онро дар қаламраваш мамнӯъ кард.
Дар маҷмӯъ, аз соли 2008 то имрӯз ҳавопаймоҳои тамғаи МА-60 нӯҳ маротиба ба садама дучор шудаанд.
«Тоҷик Эйр» бо истифода аз қарзи «Эксимбонк»-и Чин ду ҳавопаймои тамғаи МА-60 ро фармоиш додааст. Ҳарчанд харҷи ин қарордод пинҳон дошта мешавад, мутахассисон мегӯянд, нархи ҳар ҳавопаймои МА-60 метавонад то 15 миллион долларро ташкил кунад.
Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» дар миёни кишварҳои ИДМ ягона ширкатест, ки аз ҳавопаймои навъи МА-60 дар хатсайрҳои кӯтоҳи байни Душанбе ва Хуҷанду Хоруғ, Бишкеку Алма-Ато ва Машҳад истифода мекунад. Дигар кишварҳои ИДМ то ба ҳол санади амнияти ин ҳавопайморо эътироф накардаанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад