Талоше дигар барои наҷоти "Тоҷик Эйр" аз гирдоби бӯҳрон

Рустам Холиқов

Раҳбари нави ширкати давлатии "Тоҷик Эйр" умедвор аст, ки ин ширкати ҳавопаймоиро аз вартаи бӯҳрони молӣ берун оварда метавонад. Аммо коршиносон ба фарқ аз Рустам Холиқов, чунин хушбин нестанд.

Раиси ширкати ҳавопаймоии «ТоҷикЭйр» таъин шудани раҳбари Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ин ақидаро ба миён овардааст, ки ҳукумат мехоҳад бо якҷоя кардани ду сохтор «Тоҷик Эйр»- ро аз бӯҳрон наҷот диҳад.

Аммо Рустам Холиқов, раҳбари тозатаъини «Тоҷик Эйр», ки ҳамзамон раҳбарии фурудгоҳро ҳам ба ӯҳда дорад, рӯзи 25 июл дар мулоқоташ бо хабарнигорон изҳор дошт, ки дар ҳоли ҳозир ин ду ниҳод дар алоҳидагӣ фаъолият доранд ва дар назар нест, ки «Тоҷик Эйр» аз ҳисоби фурудгоҳи Душанбе наҷот дода шавад. Вай инро ҳам гуфт, «Тоҷик Эйр» аз фурудгоҳ 70 миллион сомонӣ қарздор аст ва ин қарз бахшида намешавад.

Рустам Холиқов, ки рӯзи 21 июл, ғайриинтизори худаш раҳбари ширкати «ТоҷикЭйр» таъин ва ӯҳдадор шудааст, ки ин ширкатро обод кунад, мегӯяд, тасмим дорад, «Тоҷик Эйр»-ро бо истифода аз захоири дохилии худи он аз бӯҳрон раҳо кунад. Ӯ мегӯяд, «роҳҳои зиёде ҳаст, албатта кори осон нест, вале мо аз давлат пул намепурсем, ин корро аз ҳисоби фурудгоҳ ҳам карда наметавонем, бе ин ҳам ширкат аз фурудгоҳ 70 миллион сомонӣ қарздор аст.» Оқои Холиқов як роҳи наҷот метавонад додани имтиёз аз андоз барои «Тоҷик Эйр» ва роҳи дигар – «бознигарии шеваи мудирият ва маблағҳои даромаду хароҷоташ» «бошад.

Ҳукумат ба масъулони ин ду сохтор - фурудгоҳи Душанбе ва «Тоҷик Эйр» - барои муайян кардани сохтори минбаъдаи фаъолияти онҳо ду моҳ мӯҳлат. Холиқов гуфт, «мумкин аст, ки ба системаи ҳолдингӣ гузаранд ва ё ба ягон системаи дигар. Ҳоло мо рӯйи ҳамин масъала кор бурда истодаем. Дар ҳар сурат бояд тавре кор кард, ки фаъолияти як ширкат ба ширкати дигар таъсир нарасонад.»

Ширкати «Тоҷик Эйр» дар ҳоле зери раҳбарии Рустам Холиқов гузашт, ки 110 миллион сомонӣ қарздор аст ва парвозҳояш ҳам дар аксар масирҳо қатъ ва коҳиш ёфтаанд. Ин бори аввал нест, ки ин ширкат бо қарзҳои бузург ва мушкилоти зиёд аз як даст ба дасти дигар мегузарад. Фирӯз Ҳамроев, ки рӯзи 21 июл аз вазифаи раҳбари «Тоҷик Эйр» барканор шуд, дар сӯҳбат бо Озодӣ ҳам гуфт, эҳтимолан барканории ӯ ба мушкилоти молии ширкат рабт дорад. Аммо оё то куҷо раҳбари нав метавонад «Тоҷик Эйр»-ро аз буҳрон раҳо кунад ва аслан ин тағйири ғайриинтизор ва рӯ задании масъалаи якҷошавии ду ширкат чӣ маънӣ дорад?

Зафар Абдуллоев, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, то замоне ки ин ширкати давлатӣ аз «Ориёнбанк» вобаста аст, ягон ислоҳот ва ҳеч як мудир наметавонад ин ширкатро аз бӯҳрон берун орад: «Ҳама суратҳиобҳои ин ва чанд ширкати дигари бузурги кишвар дар Ориёнбонк аст ва то он ҷое, ки ман медонам чунин ширкатҳо ҳатто наметавонанд бе иҷизат пули худро гиранд, яъне пули худро ҳам кор бурда наметавонанд.»

Мушкили дигари гиребонгири «Тоҷик Эйр», ба гуфтаи Зафар Абдуллоев, бозори носолим ва берақобати фурӯши маводи сӯхт барои ҳавопаймоҳост, ки боиси нисбат ба кишварҳои дигари минтақа хеле боло рафтани ин қиматҳо дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон шудааст. Ӯ мегӯяд, «Тоҷик Эйр» бояд ҳаққи хариди мустақилонаи маводи сӯхти лозимашро дошта бошад. Вале дар ҳеҷ сурат, ба ақидаи ӯ. «Тоҷик Эйр» набояд пароканда карда шавад: «Чун таҷрибаи ислоҳот дар соҳаи авиатсия дар кишварҳои ҳамсоя нишон дод, ки ин дуруст нест ва манфиате ба давлат намеорад. Ин ҳама кор ва ҳаракат ба хусусигардонӣ аз ҷониби гурӯҳҳои олигархӣ аст, онҳо мехоҳанд бо як пули кам соҳаи барои Тоҷикистон муҳимро аз худ кунанд.»

Ҷаноби Абдуллоев аз «Тоҷик Эйр» кашида гирифтани масирҳои беҳтарин ва ба ӯҳдаи ширкати «Сомон Эйр» додани онҳоро иштибоҳ унвон кард ва гуфт, агар воқеан мақомот мехоҳад, ин ширкати ватанӣ рушд кунад, бояд ин парвозҳоро барояш баргардонад.

Аммо Ҳаким Даврон, хабарнигори тоҷик, мегӯяд, бо вуҷуди вазъ ва таҷҳизоте, ки феълан ширкати «ТоҷикЭйр» дар ихтиёр дорад, боз ҳам имкониятҳои ин ширкат барои рақобатпазир шудан дар ин бозор кам нест: «ТоҷикЭйр» метавонад аз ин имконот истифода кунад, аммо барои ин ба тайёраҳои рақобатпазир ниёз дорад ва барои ин қабл аз ӯ ба сармоя зарурат дорад ва аз як тараф тасмими якҷо кардани ин ду ниҳод шояд ба манфиати «ТоҷикЭйр» бошад, чун фурудгоҳ даромади хуб дорад.»

«Тоҷик Эйр», ширкате, ки дар солҳои аввали истиқлол 100 дарсади парвозҳо аз Тоҷикистонро анҷом медод ва тамоми ниҳодҳои марбут ба ин соҳа, бо шумули фурудгоҳҳои кишвар дар ихтиёраш буд, чанд сол боз дар гирдоби мушкилоти зиёди молӣ гирифтор аст.