Чашандагони таъми "марги сафед" дар Тоҷикистон

Мутахассисони тоҷик ҳероину афюн ва дигар анвои маводи мухаддирро дар Тоҷикистон месӯзонанд. Акс аз бойгонист.

Мафияи маводи мухаддир онҳоро дар байни қишрҳои камбизоати Тоҷикистон ҷустӯҷу карда меёбанд ва ба тадриҷ аз онҳо “зомбӣ” ва ё ғулом месозанд. Ин афрод озмоишгоҳи зинда ба ҳисоб мераванд, ки таъми ҳероин, афюн ва ё дигар анвои маводи мухаддирро мечашанд ва ба соҳибони бор мегӯянд, ки барои фурӯш хуб аст ё не.

Чашандагони маводи мухаддирро шояд дар байни нашъамандони сабтшуда наёбед, зеро қочоқбарон дар сурати муроҷиати онҳо барои табобат ба шифохона чашандаро зуд аз байн мебаранд

Дар бораи ин ҷавонон, ки онҳоро “чашандагони маводи мухаддир” номидаанд, Зафар Исмоилзода, сардори шӯъбаи Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи вазорати умури дохилӣ ва Саймуддин Мирзоев, пажӯҳишгари Институти масоили Осиёву Аврупо аз Академияи улуми Тоҷикистон як таҳқиқ анҷом додаанд.

Теъдоди ин гуна ҷавонони нашъаманд, ки дар хидмати гуруҳҳои қочоқбар дар Тоҷикистон ҳастанд, маълум нест, вале ба навиштаи муаллифони таҳқиқ, ҳар гуруҳи қочоқбар як ҳалқаи аз 3 то 5-нафарии “чашандаи мавод”-ро доранд.

“Онҳо озмоишгоҳҳои зиндаи қочоқбарони маводи мухаддир ҳастанд, ки баъди чашидани таъми мавод, ба он (ба истилоҳ) сертификати сифат медиҳанд”, – омадааст дар таҳқиқот.

Талошҳои батакрори Радиои Озодӣ барои гуфтугӯ бо яке аз муаллифони пажӯҳиш натиҷа надод, вале ҳарду дар ин таҳқиқ, ки “Чашандагони маводи мухаддир - як абзоре барои густариши нашъамандӣ” унвон гирифтааст, мегуянд, расидагӣ ба масъала бисёр муҳим аст, чун ин гуруҳ “як абзори муҳим барои пешбурди фаъолияти қочоқбарон, созмонҳои ҷиноии фаромиллӣ ва террористӣ мебошанд”.

Аввал рӯи хуш медиҳанд, баъдан ғулом мекунанд

Теъдоди “чашандагони мавод” дар солҳои 1990-ум ва аввали 2000-ум зиёд буд, ҳоло камтар шудааст, мегӯяд, Пӯлод Ҷамолов, раиси созмони ғайриҳукуматии “Спин плюс”, ки пешгирӣ аз густариши истеъмоли маводи мухаддир дар Тоҷикистон яке аз самтҳои асосии фаъолияти онҳост.

Ҳар сол дар Тоҷикистон на камтар аз 100 кило ҳероин кашфу мусодира мекунанд.

“Теъдоди онҳо замоне зиёд буд, ки ҳар касе метавонист, маводи мухаддир мефурӯхт. Қочоқи маводи мухаддир зиёд буд. Ҳоло дар бораашон кам шунидаам, чун ҳоло назорат сахт шудааст, фурӯши маводи мухаддир дар дохил кам аст ва марз бо Афғонистон сахт назорат мешавад”, - гуфт Пӯлод

Ҷамолов.

Зафар Исмоилзода ва Саймуддин Мирзоев дар таҳқиқи фарогир дар бораи “чашандагони маводи мухаддир” дар Тоҷикистон навиштаанд, ки ин гуруҳ ва ҷалби онҳо ба истеъмоли маводи мухаддир аз назарҳо дур мондааст, ҳарчанд ин як мушкили бисёр ҷиддӣ барои сиҳатии мардум ва таъмини амнияти миллӣ дар Тоҷикистон аст.

Гурӯҳи ҷавононеро, ки ба ин кор машғул мешудаанд, аввал бо ваъдаи ба даст овардани сарвати зиёд дар муддати кӯтоҳ, ба истеъмоли маводи мухаддир ҷалб мекардаанд. Ба гуфтаи муаллифон, "арбобонашон аввал бо онҳо рафтори хуб мекунанд, зиёфат ва ҳадяҳои хурд медиҳанд", вале баъдан рӯзашон сиёҳ мешавад.

“Баъд аз онки ин афрод мӯътоди сахт шуданд, ба ғулом табдил мешаванд, дигар қодиранд, барои ба даст овардани андак маводи мухаддир барои истеъмол ба ҳар ҷиноят, дуздиву қатлу куштор даст зананд”, – гуфта мешавад дар таҳқиқ.

Хушмуомила ҳастанд, вале...

Нодир, номи мустаори як ҷавони нашъаманд аст, ки ҳоло дар яке аз марказҳои табобати нашъамандӣ дар Душанбе муолиҷа мегирад. Ӯ дар мусоҳиба бо Радиои Озодӣ аз тариқи Вайбер гуфт, кори “чашандагони мавод” аз маълум кардани сифати нашъа иборат аст. Масалан, ин ки ҳероини холис ҳаст аст ва ба нашъамадон хуб кайф медиҳад ё на.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Боздошти 5 гурӯҳи фаромиллии қочоқчиёни маводи мухаддир

“Онҳо аз таъми ҳероин мефаҳманд, ки холис аст, ё не. Чунки соҳибони бор баъзан барои зиёд шудани ҳероин ба он орд, шакар, шири хушк ва ҳатто хокаи бӯр изофа мекунанд”, – гуфт Нодир. Ба қавли ӯ, “чашандагони мавод”-ро маълум кардан осон нест, зеро ошкор шудани онҳо ба маънии ошкор шудани соҳибонашон аст.

Ба қавли муаллифони таҳқиқот, аксарияти “чашандагони мавод” ҷавононе ҳастанд, ки зиндагии дуруст доранд, соҳиби хонавода ҳастанду зимни муошират инсони хушмуомила ба назар меоянд, чун ба онҳо таълим додаанд, ки сирри корашонро ба касе ошкор накунанд. Синну солашон умдатан аз 19 то ба 30 мерасад.

Зудтар мемиранд ва ё маҳв мешаванд

Ба қавли муаллифон, гуруҳи чашандагони мавод “бадбахтарин” гуруҳи нашъамандон ҳастанд, зеро хатари заҳролуд шудану ҳалокати онҳо назар ба нашъамандони оддӣ бисёр зиёд аст.

“Албатта, бештар заҳролуд ва ҳалок мешаванд, чунки онҳо кореро, мекунанд, ки мо дар лаборатория анҷом медиҳем. Шумо фикр мекунед, ҳероине, ки меоранд, ҳероини тоза аст. Аз Афғонистон ҳар навъ хокаро ҳероин гуфта мефиристанд. Масалан, таркиби ҳероине, ки соли 2017 дар Тоҷикистон мусодира шуд, ҳар навъ буд, баъзе аз бастаҳо то 60 дар сад холис буданд, баъзе то 10 дар сад. Дар таркибашон кофеину парасетамол ва шакари зиёд доранд”, – гуфт дар мусоҳиба бо Радиои Озодӣ як мутахассиси Оҷонсии мубориза бо гардиши ғайриқонуни маводи мухаддир.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Роҳ ба сӯи ҳеҷкуҷо - занҳои мӯътод қиссаҳои худро мегӯянд. ВИДЕО

Ба қавли ин мутахассис, ки ба шарти ифшо нашудани номаш сӯҳбат мекард, маргу мир дар байни чашандагони маводи мухаддир аз он сабаб зиёд аст, ки "як рӯз ҳероини омехтаи пастсифатро мечашад. Баъд фикр мекунад, бастаи дигар ҳам чунин аст ва миқдори зиёди ҳероини холисро истеъмол мекунад ва то шифохона ҳам намерасанду сирру асрори раисонашро ҳам бо худ мебаранд”.

Ба гуфтаи Оҷонси мубориза бо маводи мухаддир дар Тоҷикистон, дар ду соли гузашта дар кишвар 8 нафар бар асари заҳролудшавӣ аз истеъмоли маводи мухаддир ҳалок шуданд, вале маълум нест, ки кадоме аз онҳо “чашандаи маводи мухаддир” буд, ё не.

Мусоҳиби Радиои Озодӣ дар посух ба ин суол, ки аз байни 7 ҳазор мӯътоди маводи мухаддир, ки соли 2018 дар Тоҷикистон сабти ном шудаанд, чанд нафар метавонанд, “чашандагони маводи мухаддир” бошанд, гуфт, "онҳоро мумкин аст, дар байни нашъамандони сабтшуда наёбед", зеро қочоқбарон дар сурати муроҷиати онҳо барои табобат ба шифохона чашандаро “зуд аз байн мебардоранд”.

Пешниҳоди сахттар кардани ҷазо

Ба гуфтаи муаллифони таҳқиқот, “чашандагони маводи мухаддир” дар занҷираи фурӯши ғайриқонунии маводи мухаддир ва паҳн шудани он дар байни аҳолӣ - як ҳалқаи муҳим ба ҳисоб мераванд ва бояд барои мубориза бо чунин ҷиноятҳо тадбирҳои сахт андешида шавад.

Ҳарду муаллиф пешниҳод кардаанд, ки қочоқбарони маводи мухаддиро, ки дар Тоҷикистон аксаран бар асоси банди 200-уми Кодекси ҷиноӣ, ё қочоқ ба ҷавобгарӣ мекашанд, барои ҷалби одамон ба истеъмоли маводи мухаддир ва ё расонидани инсон ба худкушӣ ҷазои саххтар бидиҳанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Аз (ба) Тоҷикистон -- героин ба Аврупо, кокаин аз Аврупо

Тоҷикистон, ки бо Афғонистон марзи 1300-километрӣ дорад, як роҳи асосии қочоқи маводи мухаддир ба кишварҳои аврупоӣ ва бахусус Русия ба ҳисоб меравад.

Соли 2017 дар кишвар тақрибан 4,500 тонна маводи мухаддир ва, аз ҷумла, 110 килограмм ҳероин кашфу мусодира кардаанд. Миқдоре, ки холисии он ва ё бад будани қисме аз онро бешак дар “озмоишгоҳҳои зинда” дар Тоҷикистон ташхис кардаанд.