Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беш аз 7 ҳазор нашъаманд дар Тоҷикистон (ВИДЕО)


Тибқи омори расмӣ, ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор мӯътодони маводи мухаддир сабти ном шудаанд. 200 зану духтари тоҷик низ ба ин "вабои аср" гирифтор будааст.

Миёни нашъамандон дар Тоҷикистон, ки шумораашон беш аз 7 ҳазорнафар гуфта мешавад ҳудуди 200 нафари онҳо занон будаанд.

Ин матлаб шоми чоршанбе, 25 июн дар ҳошияи баргузории аксия ба муносибати Рӯзи байналмилалии мубориза алайҳи нашъамандӣ, дар майдони Театри Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, дар шаҳри Душанбе баён гардид.

Ин чорабинӣ ба ибтикори вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо шаҳрдории Душанбе сурат гирфт. Ба гуфтаи Хушвақт Ҳасанов, раиси Маркази миллии мониторинг ва ҷилавгирӣ аз нашъамандии Тоҷикистон мақсад боло бурдани сатҳи огаҳӣ ва маърифати сокинони кишвар аз паёмадҳои истифодаи маводи мухаддир ҳадафи аслии ин чорабинӣ мебошад.

Ин ҳам дар ҳоле, ки ба иттилои гузориши Оҷонсии назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон, дар як соли ахир дар қаламрави ин кишвар беш аз 7 ҳазор мӯътоди маводи мухаддир ё нашъаманд сабт шудааст, ки 200 тани онҳо занонанд.

Ин гузорриш ҳокист, ки бештари мӯътодони маводи мухаддир - 3011 нафар, бо шумули 119 зан - дар шаҳри Душанбе ба сар мебаранд.

Аммо гуфта мешавад, шумораи мӯътодон дар шаҳри Душанбе нисбат ба соли пеш як каме коҳиш ёфтааст. Дар соли 2012 дар пойтахти Тоҷикистон 3046 мӯътод, аз ҷумла 131 зани нашъаманд сабт шуда буд.

Чорабинӣ ба муносибати Рӯзи байналмилалии мубориза алайҳи нашъамандӣ дар майдони Театри Опера ва балет шомили барномаҳои консертӣ, викторинаҳо ё суолу ҷавоб ва тақдими туҳфаҳо ба ширкатдорони аксия буд.

Рӯзи байналмилалии мубориза алайҳи нашъамандӣ ҳамасола 26-уми июн ҷашн гирфта мешавад. Ин сана соли 1987 аз ҷониби Ассамблеяи генералии СММ эътироф шудааст.

Баргузории чорабиниҳо дар ҷиҳати ҷилавгирӣ аз нашъамандӣ ва боло бурдани сатҳи огаҳӣ ва маърифатии сокинон дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки ин кишвар бо шимоли Афғонистон ҳаммарз аст ва мавориди қочоқи маводи мухаддир аз кишвари ҳамсоя тариқи Тоҷикистон ба мушоҳида мерасад.

Ин аст, ки мутахассисон мегӯянд, маҳз қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва ҳамин тавр ба дигар кишварҳо дар ниҳоят сабаби он мешавад, ки қисмате аз ин мавод дар дохили Тоҷикистон мемонад ва ин боиси афзоиши нашъамандӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG