Дар паёме дар вебсайти ҳукумати Бритониё навиштаанд, ки сухан дар бораи истифодаи эҳтимолии хлоропикрин меравад. Созмони байнулмилалии OPCW ин маводро силоҳи кимиёӣ донистааст.
Ба феҳристи таҳримҳо нерӯҳои дифои радиологӣ, кимиёӣ ва биологии нерӯҳои мусаллаҳи Русия ва сардори онҳо Игор Кириллов шомиланд. Онҳо ба даст доштан дар истифодаи силоҳи кимиёӣ ва паҳн кардани маълумоти бардурӯғ муттаҳам мешаванд.
Дар ин рӯйхат марказҳои пажӯҳишии 27 ва 33-юми Вазорати дифои Русия низ ҳастанд. Гуфта мешавад, ки онҳо ба тавлиди силоҳи кимиёӣ ва биологӣ иртибот доранд.
Амрико ва муттаҳидонаш дар моҳи майи соли ҷорӣ Русияро ба истифода аз силоҳи кимиёӣ дар ҷанг алайҳи Украина муттаҳам карданд. Он замон Иёлоти Муттаҳида дар робита ба нақзи Конвенсияи силоҳи кимиёӣ ба зидди Русия таҳрим ҷорӣ кард.