Таҳрим ба зидди Оқохон ва Бунёди ҳамномаш дар Русия. Чӣ таъсир дорад?

Шоҳзода Карим Оқохон, пешвои исмоилиёни ҷаҳон

Русия Бунёди Оқохон ва асосгузори он Шоҳзода Карим Оқохонро дар рӯйхати таҳримҳо ворид кардааст. Ниҳоди ғайридавлатие, ки ба муҳоҷирон, аз ҷумла дар мутобиқ шудани онҳо ба ҷомеаи Русия мадад мекард, акнун ғайриқонунист.

Баёнияи Вазорати корҳои хориҷии Русия дар мавриди ҷорӣ кардани таҳримҳо рӯзи 19-уми август нашр шуд. Ин ниҳод тасмими худро посух ба "талошҳои хасмонаи Лондон" бо ҳадафи беэътибор кардани Русия хонд. Дар ин баёния омадааст, ингуна созмонҳо "фаъолиятҳои вайронгаронаеро дар кишварҳои дӯсти Русия мебарад ва суботу рифоҳи мардумро халалдор мекунад".

Бунёди Оқохон ҳамроҳи пешвои мазҳабии исмоилиёни ҷаҳон Карим Оқохони IV ва чор тан аз намояндагони ин ниҳод вориди феҳристи таҳримҳо шудаанд. Онҳо аз ҳаққи сафар ба Русия маҳруманд. Радиои Озодӣ бо дафтари марказии Бунёди Оқохон дар Лондон тамос гирифт, то дар мавриди тасмими мақомоти Русия ва таъсири он ба кори ин ниҳод бипурсад. Ин ниҳод бо фиристодани посухи кӯтоҳи расмӣ иктифо кард.

“Бунёди Оқохон (AKF) аз тасмими Федератсияи Русия барои эъмоли таҳрим алайҳи кормандони дафтари Бритониё изҳори нигаронӣ мекунад ва ин мавзуъро аз роҳҳои дипломатӣ баррасӣ мекунад. Бунёди Оқохон (AKF) як созмони ғайрисиёсиест, ки бо ҳукуматҳо, созмонҳои байнулмилалӣ ва ниҳодҳои дигар бо ҳадафи боло бурдани кайфияти зиндагии бошандагони минтақаҳои дуруфтода кор мекунад,” – омадааст дар нома. Дафтари иртибототи ин ниҳод аз посух ба суолҳои дигар худдорӣ кард.

Вазорати адлияи Русия дар моҳи апрели соли 2022 намояндагиҳои чанд созмони хориҷиро дар Русия баст, ки Бунёди Оқохон низ дар феҳристи онҳо буд. Мақомоти Русия далели бастани ин намояндагиҳоро шарҳ надоданд. Дар баёнияи Вазорати адлия танҳо дарҷ шуда буд, ки ин созмонҳо "дар робита бо ошкор шудани нақзи қонунҳои феълӣ" аз феҳрист хориҷ шуданд.

Бунёди Оқохон дар Русия чӣ кор мекард?

Бунёди Оқохон (Aga Khan Foundation) яке аз ташкилоти Шабакаи Оқохон оид ба Рушд аст. Тибқи иттилои расмӣ, намояндагии Бунёди Оқохон дар Русия дар заминаи тандурустӣ ва маориф, беҳбудбахшии вазъи муҳоҷирон ва фарзандони онҳо дар шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Ставропол ва Новокузнетск кор мекард. Инчунин, дар заминаи ироаи омӯзишҳои ҳирфаӣ дар мудирият, ҳисобдорӣ, дарсҳои хусусӣ, ҷамъоварии кумакҳои молӣ, навиштани ариза барои гирифтани грант ва барномарезии стратегӣ барои ризокорон ва кормандони созмонҳои иҷтимоӣ фаъол буд.

Яке аз кормандони собиқи Бунёди Оқохон тарзи амалӣ шудани ин корҳоро чунин шарҳ дод: “AKF барномаҳои созмони “Нур”-ро кумаки молӣ мекард, ки умдатан бошандагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро гирди ҳам меовард. Ба ғайр аз чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзишӣ дарси англисӣ ва русӣ барои калонсолон ва муҳоҷирон гузаронда мешуд. Шахсоне, ки мехостанд маҳоратҳои навро ёд бигиранд, аз сӯи Бунёд 50 дарсад кумаки молӣ дарёфт мекарданд. Дар умум ҳадафи ин корҳо ёрӣ ба муҳоҷирон барои мутобиқ шудан ба шароити Русия ва беҳбуди кайфияти зиндагии онҳо буд,” -- мегӯяд ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ. Ба гуфтаи ӯ, дар ду соли охир ташкилоти “Нур” комилан ба худкифоӣ рӯй овард. Аз ҳисоби кумакҳои довталабона ва ҳаққи узвият кор мекунад.

Робита бо Маскав

Робитаи пешвои исмоилиёни ҷаҳон Оқохонро бо Маскав метавон пойдор ва маҳдуд гуфт. Соли 2022 Оқохон дар шаҳри Маскав бо Владимир Путин дидор дошт, ки дар он масъалаи Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд.

Шоҳзода Карим Оқохон бо пайравони исмоилия дар Тоҷикистон

Оқохон дар соли 2017 бо ҳадафи дидор бо Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия ба Маскав рафт. Дар ин боздид дар масъалаи Сурия гуфтугӯ сурат гирифт. Дар ҳар ду ин кишварҳо теъдоди қобили мулоҳизаи ҷамоати исмоилиён - пайравони Оқохон зиндагӣ мекунанд. Оқохон муддатҳост дар ин минтақаҳо аз нуфузи зиёде бархурдор аст.

Моҳи сентябри соли 2019 Оқохон бо ҳадафи иштирок дар эътои “Ҷоизаи меъмории Оқохон” ба шаҳри Қазон сафар кард. Ӯ ҳамроҳи президенти собиқи Тотористон Минтимер Шаймиев дар ин маросим ҳузур дошт.

"Намояндагони Бунёди Оқохон дар Русия муддати зиёд талош доштанд бо мақомоти ин кишвар робитаи наздик ба роҳ монанд. Дар дараҷаи аввал ба далели вуҷуди ҷомеаи бузурги исмоилиён дар қаламрави Русия, имкониятҳои густурдаи сармоягузорӣ ва инчунин нуфузи Маскав бар паҳнои шӯравии собиқ. Ин қадамҳо дар аввал писанди Маскав буданд. Кор дар масъалаи Тоҷикистон, Афғонистон ва Сурия хуб пеш мерафт. Аммо, бо қувват гирифтани рӯёрӯии геополитикӣ бо Ғарб курсидорҳои Кремл дар амалкардҳояшон таҷдиди назар карданд. Илова бар ин, баъзе аз мансабдорони олирутбаи ниҳодҳои истихборотӣ аз аввал ба тарҳҳои Бунёди Оқохон бо эҳтиёт назар мекарданд ва амалан мухолифи эҷоди робита буданд," – мегӯяд яке аз кормандони баландпояи собиқи ин ниҳод, ки бо сабабҳои амниятӣ нахост номаш ифшо шавад.

Дар миёни олимон ва коршиносони руси умури Осиёи Марказӣ онҳое ҳам ҳастанд, ки ба тарҳҳои Бунёди Оқохон бо чашми “Бозии бузург” нигоҳ мекунанд. Яъне, рақобати Бритониё ва Русия барои нуфуз бар Помир. Онҳо дар матлабҳояшон Оқохонро ҷонибдор ва ё лоббигари манофеи Бритониё ва инчунин кор барои МИ-6 (созмони истихборотии Бритониё) медонанд. Аммо ҳеч далел дар таъйиди ин иттиҳомот пешниҳод нашудааст.

Оё кори AKDN таҳрим мешавад?

Таҳрим кардани Бунёди Оқохон дар Русия дар ҳоле рух медиҳад, ки дар Тоҷикистон низ фаъолиятҳои ин ниҳод эҳсоси фишор мекунанд. Дар муддати ду сол иншооти миллионии ин ниҳод дар ҳудуди ВМКБ гирифта шуданд: сохтмонҳои калон, литсей, кӯдакистонҳо, урдугоҳҳои тобистона, меҳмонхона ва дармонгоҳ. Намояндагони Бунёд дар мавриди ин тасмими мақомот изҳори назар накарданд.

Омодагӣ ба истиқболи Шоҳзода Карим Оқохони чор. Хоруғ, соли 2008

Сиёсатшинос Азиз Нуруллоев мегӯяд, аз эҳтимол дур аст, ки тасмим Маскав ба кори Шабакаи Оқохон оид ба Рушд (AKDN) дар Осиёи Марказӣ таъсире дошта бошад. “Маълум аст, ки сохторҳои Оқохон ҳамчун “ташкилоти бритониёӣ” вориди феҳристи Вазорати корҳои хориҷии Русия шуданд. Аммо кишварҳои минтақа бо тамоми нерӯ талош мекунанд сиёсати чандинсамта дошта бошанд. Бунёди Оқохон дар Тоҷикистон ва Қирғизистон сармоягузори калон аст, махсусан дар заминаи иҷтимоӣ. Аз ин рӯ, намешавад ба ин осонӣ аз он рӯ гардонд”, - таъкид мекунад Нуруллоев.

Тибқи иттилои AKDN, ин созмон аз соли 1995 то 2018 барои иҷрои тарҳҳои гуногун дар Тоҷикистон 1 миллиард доллар харҷ кардааст. Дар Тоҷикистон беш аз 3500 нафар дар ин ташкилот кор мекунанд. Тарҳҳои сармоягузории калон дар заминаҳои нерӯи барқи обӣ, сайёҳӣ, молӣ, омӯзиш ва тандурустӣ амалӣ шудаанд. Ин ташкилоти ғайридавлатӣ ва дунявӣ (ғайридинӣ) дар беш аз 30 кишвари Осиёи Марказӣ ва ҷанубу шарқӣ, Шарқи наздик, Африқо, Аврупо ва Амрикои шимолӣ бо буҷаи солонаи 625-миллиондолларӣ кор мекунад.