"Дар хона ҳастанд ва зери ҳимояти ФСO." Таҳқиқот дар бораи писарони Путину Кабаева

Владимир Путин бо Алина Кабаева. Акс аз соли 2024

Маркази таҳқиқотии "Досе" маълум кардааст, ки президенти Русия Владимир Путин ду писари хурдсол дорад. Расона рӯзи 4-уми сентябр онҳоро Иван ва Владимир ва модарашонро Алина Кабаева, варзишгари собиқ, муаррифӣ кардааст.

Ба гузориши Маркази таҳқиқотии "Досе", Иван дар соли 2015 ва Владимир дар соли 2019 таваллуд шудаанд. Кӯдакон бо санадҳои махфӣ зиндагӣ доранд ва дар ҳавопаймову яхтаҳои шахсӣ зери муҳофизати кормандони ФСО ё Хадамоти федеролии посбонӣ мегарданд.

Дар таҳқиқот гуфта шудааст, ки онҳо дар қароргоҳи президент зиндагӣ карда, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳозир намешаванд. Манбаи “Досе” шахсе будааст, ки дар қасри Путин кор мекунад.

Хабарҳо дар бораи аз Кабаева ду фарзанд доштани Путин пештар ҳам расонаӣ шуда буд. Нашрияи швейтсарии “Sonntags Zeitung” навишта буд, ки яке аз фарзандони Путин дар Швейтсария ба дунё омадааст. Ҳамчунин гуфта шуда буд, ки Кабаева писари дуюмашро дар Маскав, аммо зери назорати духтури швейтсарӣ таваллуд кард. Номи кӯдакон бори аввал эълон мешавад.

Таҳқиқоти "Досйе" маълум карда, ки барои Иван ва Владимир дар Валдай маркази махсуси омӯзишӣ таъсис ёфта, омӯзгоронро ба воситаи Оҷонси “English Nanny” меҷӯянд.

Пас аз ҳамлаи Русия ба Украина атрофиёни Путин барои фарзандони ӯ аз Африқои Ҷанубӣ омӯзгор ёфтаанд. Тибқи шартнома, омӯзгорон набояд аз қароргоҳи президент берун шаванд. Онҳо бо волидони кӯдакон тамоси мустақим надоранд ва аз ёрдамчиёни оила супориш мегиранд.

Бо дояву нигаҳбонони кӯдакон Оксана Федина, хоҳари Алина Кабаева, кор мекардааст. Вай дар назди онҳо худро модари кӯдакон муаррифӣ мекунад.

Писарони хурдсоли Путин ҳамсолони худро дар рӯзҳои ҷашну ид мебинанд. Маъмулан ин фарзандони атрофиёни Алина Кабаева ҳастанд. Дар таҳқиқот гуфта шудааст, ки омӯзгорони кӯдакони Путин маоши худро тариқи ширкати ММС (Мой медицинский центр") мегиранд.

Радиои Озодӣ борҳо дар бораи ин дармонгоҳи воқеъ дар Санкт-Петербург навиштааст. Дар онҷо ҷангҷӯёни “Вагнер”-ро табобат мекарданд. Аксар дӯстону атрофиёни Путин дар ҳамин дармонгоҳ муолиҷа мегиранд.

Аз соли 2020 дастикам 10 омӯзгор бо ин дармонгоҳ қарордоди корӣ бастаанд. Онҳо чун тарҷумон сабт шудаанд, агарчӣ гуфта мешавад, маошашон бештар аз он аст, ки як тарҷумон тасаввур кунад.

Ба фарзандони Путин ба ғайр аз омӯзгорон аз Африқои Ҷанубӣ, шаҳрвандони Бритониё ва Зеландияи Нав ҳам дарс гуфтаанд.

Кремл таҳқиқотро шарҳ надодааст. Владимир Путин ҳеч гоҳ ба таври ошкор эътироф накардааст, ки писар дорад. Дар айни замон ӯ борҳо гуфтааст, ки дар оилааш кӯдакон ҳам ҳастанд. Чанде пеш изҳор дошт, ки аъзои хурди хонаводааш забони чинӣ меомӯзанд.