"Таҳдидҳои Эрон алайҳи Доналд Трамп афзоиш ёфтааст"

Доналд Трамп

Ситоди интихоботии Доналд Трамп, раисҷумҳури собиқи Амрико, дар эъломияе гуфт, ки мақомоти амниятии Иёлоти Муттаҳида рӯзи 24-уми сентябр номзади ҷумҳурихоҳонро дар бораи таҳдидҳои эҳтимолии Эрон барои террори ӯ хабардор кардаанд.

Ситоди интихоботии Трамп афзуд, мақомоти истихборотии Амрико дарёфтаанд, ки таҳдидҳои Эрон “дар чанд моҳи гузашта афзоиш ёфтааст" ва мақомоти давлатии Амрико талош доранд, ӯро муҳофизат кунанд ва итминон ҳосил намоянд, ки таҳдидҳо бар интихобот таъсир нагузоранд.

Намояндагии доимии Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк ин мавзуъро шарҳ надод.

Эрон қаблан иддаои Амрикоро дар бораи дахолат ба умури дохилии ин кишвар рад карда буд.