Дар натиҷаи "рейд" ё амалиёти муштараки Кумитаи тафтишотӣ ва пулиси Русия рӯзи 25-уми ноябр дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград беш аз 300 муҳоҷир мавриди санҷиш қарор гирифтанд.
Масъулони Кумитаи тафтишотӣ гуфтанд, 40 муҳоҷирро дар комиссариатҳои ҳарбӣ номнавис карда, ба мардоне, ки нав соҳиби шиносномаи русӣ гаштанд, даъватнома ба артиш супурданд.
Пештар баъзе аз муҳоҷирон шикоят доштанд, ки онҳоро барои рафтан ба артиш ва ширкат дар ҷанги Русия дар Украина маҷбур мекунанд.
Ташкили чунин амалиёту тафтишҳо дар макони зисту коргоҳи муҳоҷирон дар тамоми минтақаҳои Русия мушоҳида мешавад.
Аз моҳи август дар Русия қонуне ба иҷро даромад, ки бар асоси он ҳар фарде, ки шаҳрвандии ин кишварро дорад, бояд ҳатман худро дар комиссариати ҳарбӣ номнавис кунад, вагарна аз шиносномаи русӣ маҳрум хоҳад шуд.