Тафтиши ҳафтмоҳаи ҳамла ба "Крокус" чиҳоро рӯшан кард?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Аз ҳамла ба толори мусиқии "Крокус Сити Ҳолл" дар канори Маскав, ки ба гумони тарҳрезӣ ва иҷрои он камаш 14 зодаи Тоҷикистонро дастгир кардаанд, 7 моҳ гузашт. Мақомоти Русия дар ин муддат ба ҷуз иқрори чор тоҷикистонӣ, ки ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ зери шиканҷа ба даст омадааст, далели дигаре пешниҳод накарданд. Радиои Озодӣ ба он чи давоми ҳафт моҳ гузашт, мурур кард.