Бар асари садама дар маркази вилояти Суғд як муфаттиши шуъбаи кофтукоби ҷиноии Идораи корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд ҷон бохта, чаҳор нафари дигар дар бемористон бистарӣ карда шудаанд.
Ҳодиса шаби 3-юми октябр дар рӯйи "пули кӯҳна"-и шаҳри Хуҷанд рух дод.
Акбар Шарипов, сухангӯи Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, рӯзи 5-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин ҳодиса Акбар Ғаффорзода, корманди шуъбаи кофтукоби ҷиноии Идораи умури дохилии Хуҷанд ҷон бохтааст.
Ӯ афзуд: "Баҳром Азаматов, корманди Шуъбаи Бозрасии Давлатии Автомобилӣ дар Суғд, бо мошини "Ҷип Мерседес Бенс GL" ба самти муқобил баромада, ба мошини Акбар Ғаффорзода бархӯрдааст. Дар натиҷа, дувумӣ бо ҷароҳатҳои вазнин дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад."
Акбар Ғаффорзода 32-сола буда, Баҳром Азаматов 33 сол доштааст. Дар ҳоли ҳозир чаҳор нафар бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон бистарӣ ҳастанд.
Дар ин ҳодиса, ба иттилои расмӣ, боз ду мошини "Мерседес Бенс" ва як худрави тамғаи "Нексия" зарар дидаанд.
Тарзи ҳаракати мошинҳо дар роҳҳои Тоҷикистон яке аз масоили доимии мавриди интиқод дар забони мардум, мақомот ва матбуот аст.
Дар миёни маъмултарин қонуншиканиҳо – ҳаракат бо суръати баланд, риоя нашудани қоидаи ронандагӣ, мастӣ ва надоштани ҳуҷҷати ронандагӣ номбар мешаванд.