Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи 15 март дар Кремл дар баробари гурӯҳе аз низомиҳои аз Сурия баргашта гуфт, кишвараш дар зарфи қариб ним соли амалиёти низомиаш дар он кишвари арабӣ қариб ним миллиард доллар харҷ кардааст. Путин гуфт, “албатта, амалиёти низомӣ як миқдор харҷ талаб кард, вале қисмати асосии хароҷот – ҳудуди 33 миллиард рубл - захираҳои худи вазорати дифоъ буд, ки аз қабл дар буҷаи соли 2015-уми ин вазорат барои баргузории машқҳо ва омодагии ҳарбӣ дохил карда шуда буд. Мо ҳамин захираҳоро барои таъмини нирӯҳоямон дар Сурия равон кардем.”
Русия то кунун аз ифшои маълумот дар бораи хароҷоти амалиёти низомиаш дар Сурия худдорӣ мекард. Аммо хабаргузории РБК рӯзи 15 март бар асоси омори вазоарти дифои Русия ва арзёбиҳои коршиносони низомиаш гузориш дод, ки Маскав дар зарфи қариб ним сол барои амалиёти низомиаш дар Сурия на камтар аз 38 миллиард рубл сарф кардааст. Ин манбаъ бо ҳисобукитоби парвозҳои ҳавопаймоҳо, маоши низомиҳо, харҷи интиқоли бору таслиҳот ва харҷи нақлиёт ҳар рӯзи ҷанги нирӯҳои артиши Русия дар он кишвари Ховари Миёнаро 156 миллион рубл, ё тақрибан 2,5 миллион доллар баровард кардааст.
Хабаргузории Bloomberg аз ин пеш пешбинӣ карда буд, ки агар Русия дар соли 2016 низ ба амалиёти низомиаш дар Сурия идома диҳад, ҳар рӯзи идомаи ин амалиёт барояш 3,3 миллион ва дар маҷмӯъ дар як сол 1,2 миллиард доллар тамом хоҳад шуд.
Нирӯҳои Русия аз 30 сентябри соли 2015 ба амалиёти низомӣ дар Сурия шурӯъ карданд. Аммо Владимир Путин рӯзи 14 март эълон кард, ки нирӯҳои Русия дар Сурия ба ҳадафҳои худ ноил шуданд ва бояд сар аз 15 март хуруҷи онҳоро аз он кишвари арабӣ оғоз кунанд.
Владимир Путин дар мулоқоти рӯзи 17 марташ бо низомиҳои аз Сурия баргашта гуфт, анҷоми амалиёти низомӣ ва хуруҷи нирӯҳо аз Сурия ба маънои хатми комили ҳузури низомии Русия дар он кишвар нест: “Тамоми бахшҳои шабакаи зиддиҳавоии ҷобаҷошуда, бо шумули маҷтамаъҳои наздикгири "Панцирь-Ф" ва дургири С-400 "Триумф" ба навбатдории ҷангиашон идома хоҳанд дод.” Ӯ афзуд, ки Маскав дар ин бора “тамоми ҷонибҳои зидахл”-ро дар ҷараён гузоштааст.
Путин таъкид кард, ки Русия қодир аст “дар зарфи ҳамагӣ чанд соат” тамоми ҳавопаймоҳои аз Сурия берункашидаашро ба онҷо баргардонад ва амалиёти низомиашро аз сар бигирад: “Агар лозим шавад, Русия дар зарфи ҳамагӣ чанд соат қодир аст ҳаҷми нирӯҳояшро дар минтақа то ҳадди мутаносиб ба вазъи пешомада бирасонад ва тамоми имкони дар ихтиёрамон будашро ба кор барад.”
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Маскав ҳадафи амалиёти низомиашро дар Сурия “муқобила бо гурӯҳҳои террористӣ” унвон карда, баъди анҷомаш эълон кард, ки “нирӯҳои давлатӣ ва нирӯҳои ватандӯсти Сурия” тавонистанд бо кумаки ҳавопаймоҳои ҷангии Русия ба пешрафтҳои қобили мулоҳиза ноил шаванд. Маскав ҳамчунин аз кушта шудани то 2 000 “террорист” ва тахриби хутути муҳими интиқоли нирӯву таслиҳот ба гурӯҳҳои чирикӣ ва аз байн бурдани масирҳои қочоқи нафт – як манбаи муҳими таъмини гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Сурия хабар додааст.
Аммо дар Ғарб бар ин назаранд, ки ҳадафи Маскав аз амалиёти низомӣ дар Сурия бештар тақвияти мавқеъҳои раиси он ҷумҳурӣ Башор Асад ва заиф кардани мухолифони мӯътадили ӯ буд, то муқобила бо гурӯҳҳои террористие, чун “Давлати исломӣ”.
Кишварҳои Ғарб ва давлатҳои арабӣ таҳти раҳбарии Амрико эътилофи байналмилалие созмон додаанд, ки аз августи соли 2014 мавқеъҳои “Давлати исломӣ”-ро дар Сурия бомбборон мекунад. Аммо Русия амалиёти низомиашро дар Сурия аз ин эътилоф алоҳида пеш мебурд.
Бештари таҳлилгарон низ ба натиҷаҳои маъракаи низомии Русия дар Сурия назари интиқодомез доранд ва мегӯянд, як ҳадафи Путин аз ин “ҷанг дар хориҷ” аз мушкилоти доғи дохилии кишвар дур бурдани таваҷҷӯҳи мардуми норозӣ аз кам шудани сатҳи зиндагӣ ва маошу даромадҳояшон буд.
Андрей Пионтковский, таҳлилгари рус мегӯяд: “Дар нӯши мо афсона мехонданд, ки мо каме ба раисиҷумҳури қонунии Сурия кумак мекунем, вале дар ҳадафи аслӣ манфиатҳои миллии худи Русияанд ва мо бояд душманони худ аз “давлати исломӣ”-ро дар лонааш саркӯб кунем, ки зарурати ҷангидан алайҳи онҳо дар худи Русия пеш наояд. Вале ҳоло мегӯянд, ки ҳадафҳо иҷро шуд ва нирӯҳои мо бо сари баланд бармегарданд. Бубахшед, магар ҳамаи ҷангиён кушта шуданд? “Давлати исломӣ” магар аз байн рафт?”
Павел Фелгенгауэр, таҳлилгари масоили низомии Русия хуруҷи нирӯҳо аз сӯи Путинро як навъ муомила бо Ғарб мешуморад: “Рӯшан аст, ки Русия роҳҳои гузашт меҷӯяд, чунки барои ихтилофи ҷиддӣ бо Ғарб омода нест. Путин инҷо манёвр мекунад ва рақибро хеле моҳирона гӯл заданист. Яъне эълон кард, ки мо берун мешавем, вале на ба сурати пурра. Яъне мо онҷо мемонем. Ин қадам байни кишварҳои Ғарб ва муттаҳидонаш дар минтақа – Туркияву Арабистони Саудӣ ихтилоф бармеангезад.”
Дар моҳи ноябр нирӯҳои ҳавоии Туркия як ҳавопаймои ҷангии Русияро, ки дар ҷараёни анҷоми амалиёт вориди ҳарими ҳавоии ин кишвари ҳамсояи Сурия шуд, суқут доданд. Ин қазия ба ҷиддитарин таниш дар равобити Русияву Туркия оғоз гузошт ва Маскав алайҳи Туркия як силсила таҳримот ҳам ҷорӣ кард.
Дар натиҷаи 5 соли ҷангҳои харобиовар дар Сурия садҳо намунаи тамаддуни бостонӣ дар ин қаламрав тахриб гардид. Бино ба ҳисобҳо, то имрӯз ин ҷанги хунин байни нирӯҳои содиқ ба Башор Асад ва мухолифини ӯ мунҷар ба ҳалокати беш аз 270 ҳазор нафар ва маҷбур ба фирор аз ин кишвари ҷангзада гардидани миллионҳо тани дигар шудааст. Ҷанги шаҳрвандии Сурия бо мавҷи паноҳҷӯёнаш бузургтарин бӯҳрони паноҳҷӯён дар қораи Аврупо аз замони хатми Ҷанги дувуми ҷаҳониро ба вуҷуд овард. “Давлати исломӣ”, як созмони тундрави мазҳабӣ, ки дар ҳоли ҳозир як таҳдиди умда ба амнияти ҷаҳонӣ шинохта мешавад, низ аз “мева-ҳои дигари ҷангест, ки аз марти соли 2011, инак 5 сол боз идома дорад.