Дар Тоҷикистон Оркестри давлатии симфонии зери назари дастгоҳи иҷроияи президент таъсис хоҳад ёфт. Дар ин бора раисиҷумҳур фармон содир карда ва гуфтааст, ки оркестри давлатии симфонӣ то се моҳи дигар ташкил шавад.
Ҷаъфар Халилов, оҳангсози тоҷик, рӯзи 23-юми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, агар ин даста таъсис ёбад, он аввалин Оркестри давлатии симфонӣ дар Тоҷикистон хоҳад буд. Халилов мегӯяд, Тоҷикистон то ҳол як оркестри симфонӣ дорад, ки дар заминаи Театри опера ва балет фаъолият мекунад.
То мустақилияти Тоҷикистон аз Иттиҳоди Шӯравӣ дар кишвар се оркестри симфонӣ амал мекард. Аммо бо шикасти Шӯравӣ ва рӯ овардани кишвар ба решаҳои фарҳангӣ ин дастаҳо пароканда шуданд ва талабот ба ҳунари онҳо кам шуд.
Ҳар давлати мустақил, ки мехоҳад ҷузъи тамаддуни башарӣ бошад, бояд оркестри давлатии симфонӣ дошта бошад.Амирбек Мӯсоев
Мусиқии симфонӣ дар даврони Шӯравӣ пайдо шуд ва рушд кард. Зиёиён, шоирону нависандагон, донишҷӯён ва сиёсатмадорон аз мухлисони аслии ҳунари опера ва балет буданд.
Соли 1940 дар Тоҷикистон Шӯрои композиторони Тоҷикистон таъсис ёфт ва аз шаҳри Маскав оҳангсозҳои варзидае мисли Баласанян, Урбах ва Волберг даъват шуданд, ки то мусиқии суннатиро дар омезиш бо мусиқии ҷаҳонӣ эҷод кунанд. Аз миёни онҳо оҳангсозҳое мисли Сергей Баласанян балети "Лайлӣ ва маҷнун", операҳои машҳури “Коваи оҳангар” ва “Шӯриши Восеъ”-ро эҷод карданд, ки берун аз Тоҷикистон низ шӯҳрат доштанд.
Аммо баъди солҳои истиқлолият бисёре аз оҳангсозони маъруфи тоҷик мисли Толиб Шаҳидӣ, Фирӯз Баҳор, Алишер Латифзода аз Тоҷикистон рафтанд. Шумори тамошобинони ин ингуна асарҳои мусиқӣ низ бо рафтани ақаллиятҳои миллӣ ва паст рафтани сатҳи зиндагӣ дар Тоҷикистон коҳиш ёфт. Солҳои охир оркестри симфонӣ маъмулан дар назди меҳмонони хориҷӣ ҳунарнамоӣ мекунад.
Аммо ҳоло Тоҷикистон барнома дорад, ки ин навъи санъатро дубора эҳё кунад. Таъсиси оркестри давлтии симфониро ҳамсуҳбатҳои мо аз хайли мусиқишиносон талоши муаррифии Тоҷикистон ҳамчун як давлати мутамаддин ва фарқи Тоҷикситон аз кишварҳои ақибмондаи дунё медонанд.
Амирбек Мӯсоев, оҳангсоз ва узви Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, барои таъсиси оркестри симфонии давлатӣ як гуруҳ таъсис ёфтааст. “Оркестр дар ҳайати 75 нафар аз ҳисоби донишҷӯён ва устодон оркестр таъсис ёфтааст. То ҷое медонам, шумораи навозандагони ин оркестр бояд ба 100 нафар расад. Роҳбари ин оркестр дирижер Далер Тиллоев аст. Дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни истиқлол ин оркестр бояд чанд асари мусиқиро иҷро кунанд,”-гуфт оҳангсоз Мӯсоев.
Амирбек Мӯсоев гуфт, ки дар Шӯравии собиқ бисёре аз ҳунармандони ин соҳа дар шаҳрҳои бузурги Иттиҳоди Шӯравӣ таҳсил карда,шумори донандагони ин мусиқии ҷаҳонӣ зиёд буд. Аммо ҳоло оҳангсозоне, ки барои оркестри симфонӣ асар эҷод кунанд, хеле каманд, аз ин рӯ ин оркестр бояд асарҳои маъруфи классикӣ ва эҷоди даврони Шӯравиро иҷро кунад.
"Ҳар давлати мустақил, ки мехоҳад ҷузъи тамаддуни башарӣ бошад, бояд оркестри давлатии симфонӣ дошта бошад. Албатта, аудиторияи ин навъи ҳунар дар Тоҷикистон бузург нест, аммо як гуруҳе аз тамошбинон мухлиси ин гуна мусиқӣ ҳастанд ва хубу бади онҳоро мешиносанд,"-гуфт ин оҳангсози тоҷик.
Ҳоло Тоҷикистон танҳо як Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айниро дорад, ки дар Душанбе фаъоляит мекунад ва мусиқии симфонӣ аз толорҳои он баланд мешаванд. Таъсиси Оркестри давлатии симфонӣ роҳро барои ҳунармандони номдори тоҷик боз мекунад, ки дар даҳсолаҳои охир дар саҳнаҳои Италия, Олмон ва Лаҳистон ҳунарнамоӣ мекунанд, вале аудиторияи тоҷик онҳоро хуб намешиносад.