Толибхон Шаҳидӣ, ҳунарманди мардумии Тоҷикистон дар як сӯҳбати ихтисосиаш бо радиои Озодӣ аз шаҳри Лондон гуфт, солҳои охир мактаби мусиқии касбӣ ва оҳангсозӣ дар Тоҷикистон заъиф шудааст. Бо ин вуҷуд, гуфт ӯ, талошҳои мақомот барои тақвияти фаннии оркестри касбии симфонии Тоҷикистон дар зери чатри Театри операву балети ба номи С. Айнӣ ӯро хушҳол мекунад, ба он хотир, ки умедҳоеро барои дубора эҳё шудани мусиқии касбии классикӣ дар ин кишвар зинда мекунад.
Рӯзи 29 апрел худи оҳангсоз дар консерваторияи ба номи Чайковскии шаҳри Маскав шаби эҷодиашро ба муносибати 70-солагии зодрӯзаш барпо хоҳад кард. Соли 1972 худи ӯ ин муассисаи маъруфи ҳунариро зери раҳбарии устоди мусиқӣ Арам Хачатурян хатм кардааст. Ӯ мегӯяд, дар ташаккули касбии ӯ ба ҳайси оҳангсоз ва дирижер мактаби ҳунарии падараш - Зиёдулло Шаҳидӣ (1914-1985), яке аз саромадони мусиқии касбии миллӣ дар Тоҷикистон, консерваторияи ба номи Чайковский ва худи муҳити мусиқии Маскав кӯмак кардааст.
Аснои зиёрати Тоҷикистон дар солҳои охир, Толибхон Шаҳидӣ талош мекунад "мастер-класс" ё дарсҳои мусиқии барои шогирдонаш барпо кунад. Ӯ мегӯяд, шод аст, ки бо вуҷуди баҳсҳое дар бораи мавқеи мусиқии классикии симфонӣ дар фарҳанги миллии мардуми тоҷик, дар сатҳи мақомот ва ҳам аҳли ҳунар "то ҳол ҳеҷ кас монеи" ташкили ин дарсу консертҳояш дар Тоҷикистон нашудааст.
Т. Шаҳидӣ барандаи ҷоизаи ба номи Рӯдакӣ дар Тоҷикистон, нишони тиллои оҳангсозони Маскав ва чандин ҷашнвораи мусиқии ҷаҳонӣ аст. Солҳои охир ба таври фаъол дар хориҷи Тоҷикистон кор мекунад, асарҳои ӯ дар толорҳои консертии Фаронса, Бритониё, Амрикову Ҷопон садо додаанд. Муаллифи операву балетҳои “Амир Исмоил”, “Марги судхӯр”, “Юсуфу Зулайхо” ва дигарҳо мебошад.
Дар як сӯҳбати видеоӣ бо Толибхон Шаҳидӣ назари ӯро ба вазъи мусиқии имрӯз ва фаъолиятҳои эҷодии ӯ суол кардем.