Донишмандони Шветсия бо дархости ҳамтоёнашон аз Қазоқистон барои бори аввал таркиби нос, як навъи тамокуи роиҷ дар кишварҳои Осиёи Марказиро омӯхта, ба натиҷае расидаанд, ки миқдори бархе маводи кимиёвии заҳрдор ва саратонзо дар таркиби он назар ба меъёр даҳҳо маротиба бештар аст.
Ношири ин хабар – хабаргузории қазоқии Tengrinews.kz менавирсад ки нос дар кишварҳои минтақа, аз ҷумла дар Қазоқистон асосан дастӣ сохта мешавад ва таркиби он ба таври ҷиддӣ то ҳол боре ҳам таҳқиқ нашуда буд. Донишмандони қазоқ ба хотири анҷоми чунин ташхис носеро намуна гирифтаанд, ки аз бозори шаҳри Қарағанда харидорӣ шуда буд.
Аммо азбаски дар худи Қазоқистон озмоишгоҳҳое, ки битавонад таркиби носро ташхис кунад, вуҷуд надорад, ин намунаи носро ба озмоишгоҳи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Стокҳолм, пойтахти Шветсия супурдаанд.
Натиҷаҳои ин ташхиси донишмандони швед нишон дод, ки носи Қарағанда дар таркибаш хром ҳам доштаасту кадмий ҳам ва ҳам никелу сурбу … марг имуш(номи оммиёнаи маводи кимиёвии арсен) вуҷуд доштааст. Аз ҷумла миқдори никел дар таркиби нос назар ба меъёр 5,1 маротиба, миқдори хром – 17 маротиба ва ҳаҷми сурб 38 маротиба аз меъёр бештар буда, марги муш, ки як моддаи қаттол аст, ки дар таркиби нос, ки инсони носкаш ба даҳон меандозад ва баъзан миқдоре аз онро ҳамроҳ бо луоби даҳонаш фурӯ мебарад, бояд тамоман набошад.
Ҳамчунин бино бар ин таҳқиқот, дар таркиби носи Қарағанда микробҳое беморизое ҳам вуҷуд дошта, ки аз сохта шудани ин нос дар шароити хеле дур аз меъёрҳои тозагиву санитарӣ шаҳодат медиҳад.
Майрам Паганин, ташаббускори ташхиси таркиби нос ба Tengrinews. kz гуфт: «Ман худам дар ҷараёни таҳқиқи ҳузур доштам. Дар таркиби тамокуе, ки барои сохтани нос истифода мешавад, пеститсидҳо ёфт нашуд. Аммо нитрозамин, як маводи саратонзо, ки метавонад боиси гирифтории нафари нсокаш ба бемориҳои саратон шавад, дар намунаҳои носе, ки мо барои ташхис ба Стокҳолм бурдем, назар ба меъёр 4 маротиба бештар буд.»
Ҳамчунин, ба гуфтаи Майрам Паганин, дар таркиби носи Қазоқистон маводи саратонзои бензопирен кашф шудааст: «Миқдори ионҳои нитрит назар ба меъёр 91 маротиба бештар буд. Ин нитритҳоест, ки боиси пайдо шудани маводи саратонзо мешавад.»
Донишмандони қазоқ бар пояи натиҷаҳои ин таҳқиқот ба хулосае расидаанд, ки бояд тавлиду фурӯш ва истеъмоли носро дар Қазоқистон ҳамчун як маҳсулоти барои саломатии инсонҳо зараровар ва ҳатто хатарнок манъ кунанд.
Дар Қазоқистон, бино ба ҳисобҳо, то 10 дарсади мардум нос мекашад. Қаблан созмонҳои тандурустии Қазоқистон манъи манъи фурӯши нос ва снус пешниҳод карда, дар моҳи май расман ба порлумони ин кишвар муроҷиат карданд. Аммо вазорати умури дохилаи Қазоқистон дар моҳи июни соли равон гуфта буд, ки фурӯши носро манъ намекунад, чунки нос маводи мухаддир нест. Ба гуфтаи пулиси қазоқ, «ин маҳсулоти тамокуст, ҳарчанд бо иловаи бархе маводи дигар.»
Снус як навъи тамокуи монанд ба нос аст, ки бо иловаи моддаҳои хушбӯ дар Шветсия аз тариқи тавлидоти саноатӣ сохта мешавад. Бовар меравад, ки снус ҳанӯз дар асри 17 аз Осиё ба ин гӯшаи дури Аврупо расидааст.
Аммо ба фарқ аз носе, ки дар Осиёи Марказӣ то ҳол дар хонаҳо ва аз сӯи афроди алоҳида сохта мешавад, снюс дар корхонаҳои саноатӣ бо риояи меъёрҳои қабулшуда ва нисбат ба тавлиди тамоку хеле шадиди Иттиҳодияи Аврупо тавлид мешавад. Ҳоло ширкатҳои маъруфе, чун Philip Morris International (PMI) таҳти тамғаи маъруфи "Parliament" снус ҳам тавлид мекунад.
Фурӯши нос дар Русия аз 1 июни соли 2013 манъ шудааст. Роспотребнадзор воридоти ин навъи тамокуро, ки асосан аз кишварҳои Осиёи Марказӣ оварда мешуд ва дар солҳои охир шумори истеъмолкунандагон дар Русия ҳам хеле зиёд шуд, ҳам манъ кардааст.
Дар Тоҷикистон аз оғози соли 2012 бар асоси қонуне, ки кашидани сигор ва навъҳои дигари тамокуро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ маҳдуд мекард, барои кашидани сигор ё ҳатто нос дар чунин маконҳо ҷарима таъйин шудааст. Аммо агар дар моҳҳои аввал маъмурони милиса хеле бо шавқ ва асосан сигоркашҳоро “таъқиб” мекарданд, ки аз онҳо ҷарима бирӯёнанд, ҳоло зоҳиран ин қонун тақрибан “фаромӯш” шудааст.
Назари чанде аз сокинони Душанбе ба носкашӣ ва мардуми носкашро аз ин видео тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Носкашҳо мегӯянд, ба фарқ аз сигоркашҳо, ки дуди сигорашон аз дур маълум аст, таъқибу бо далели шайъӣ ба даст афтондани носкаш кори осон нест ва аз ин рӯ, то ҳол дар бораи бо ҷурми носкашӣ дар макони ҷамъиятӣ муҷозот шудани кадоме аз Тоҷикистон ягон гузориш ба даст нарасидааст.
Ҳамин тавр, оморе мавҷуд нест, ки оё чанд дарсади мардум дар Тоҷикистон нос мекашанд. Аммо бино ба як пурсиши ҳанӯз 8 сол пеши Созмони ҷаҳонии беҳдошт ва вазорати тандурустии Тоҷикистон, то 21 дарсади хонандагони мактабҳо дар манотиқи рустоии Тоҷикистон нос мекашидаанд.
Гуфта мешавад, дар ҳар сурат, шумори носкашҳо дар Тоҷикистон назар ба онҳое, ки сигор мекашанд, хеле бештар аст, чунки нос назар баа сигор хеле арзонтар ва дастрас аст.
Дар ҷомеаи Тоҷикистон баҳонае роиҷ аст, ки одамон аз мушкилоти зиндагӣ ва ғаму андӯҳ ба носу сигор рӯ меоранд. Аз тарафи дигар, арзонӣ ва дастрасии нос дар сари ҳар қадам, бешубҳа, сафи мӯътодони ин навъи тамокуро, махсусан дар миёни ҷавонону наврасон бештар мекунад. Бархе аз наврасон одати нос ё сигоркаширо далели гӯё ба камолот расидан ё ба навъе марди баркамол ҳисс кардани худ медонанд.
Як фурӯшандаи нос дар яке аз бозорҳои Душанбе мегӯяд, онҳо дар сохтани ин навъи тамоку аз маводе, ки ба саломатии мардум зарар биорад, истифода намекунанд. Сӯҳбати видеоии ин марди носфурӯшро инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Тавлид ва фурӯши нос низ дар Тоҷикистон таҳти назорати ҷиддие қарор надорад ва таркиби носро тақрибан ҳеҷ идорае дар ин кишвар то ҳол наомӯхтааст. Мақомоти Тоҷикистон танҳо аз тавлидкунандагон ва фурӯшандагони нос як талаб доранд, ки барои ин кор аз мақомоти андоз патенти расмӣ бигиранд ва андози давлатро бисупоранд. Тибқи муқаррароте, ки ҳукумати Тоҷикистон дар моҳи августи соли 2013 тасдиқ кардааст, пули патенти моҳона барои фурӯшандагони нос 240 сомонӣ муқаррар шудааст.