Бобои Шариф дар яке аз бозорҳои марказии пойтахт ба фурӯхтани нос машғул мебошад ва ҳар рӯз ба андозаи 45 сомонӣ аз фурӯши нос даромад мебинад.
Бобои Шариф, ки ҳоло 76 сол дорад ва муддати 28 сол аст ба носфурӯшӣ машғул аст, мегӯяд, ки ҳоло зиндагии хонаводаашро аз ҳисоби фурӯши нос таъмин мекунад:
«Ман ҳар рӯз аз ҳисоби носфурӯшӣ чор ва ё панҷто нон мехарам. Хайр чӣ кор кунем, рӯзгорамонро аз ҳамин ҳисоб каме ҳам бошад мепӯшонам».
Ба гуфти ҳамсӯҳбатам, дар як рӯз то 10 кило нос мефурӯшад ва харидоронаш синну соли мухталиф ҳастанд. Аммо шояд ба ҳамин зудиҳо соҳаи фаъолияти ӯ ба таври назаррас коҳиш ёбад.
Тарҳи қонун барои маҳдудсозии носкашӣ
Мутобиқи лоиҳаи қонун, ки бо супориши раисиҷумҳур таҳия шудааст, фурўши сигор, нос ва дигар маҳсулоти тамоку дар ҳудуд ва наздикии муассисаҳои тандурустӣ, маориф, фарҳанг ва варзиш ва ҳам кашидани тамоку дар дохили биноҳои маъмурӣ, ҷои кор, истироҳатгоҳҳо, фурўдгоҳҳову истгоҳҳо, дар дохили нақлиёти ҷамъиятӣ, ба ҷуз ҷойҳои махсуси барои ин кор таъиншуда, манъ хоҳад шуд.
Аммо, Сӯҳбатулло як ҷавони носкаш аз ин ғамхории ҳукумат зиёд хушҳол нест. Ӯ мегӯяд, ки нос ба саломатии инсон зарари ҷиддӣ надорад:
«Ман 6 сол мешавад, ки нос мекашам кайфияташ дар он аст, ки агар одам зиқ бошад, ҳолаташро сабук мегардонад. Ман ҳам вақте зиқ мешавам нос мекашам, вақте носро наёбам сигарет мекашам. Як халта нос 50 дирам аст ва як рӯз пас 50 дирамӣ сарф мекунам. Агар марди носкаш бе нос монад, гӯё ки чизеро гум кардааст ва паи ёфтани он мешавад. Ҳарчанд мусбат нест, вале кашидани нос зиққии онҳоро кам мекунад».
Ҷонибдорони қонуни нав
Аммо иддае аз шаҳрвандон талаботи лоиҳаи қонуни мазкурро мусбат маънидод мекунанд:
Фирӯз Одинаев, раиси созмони ҷавонони Донишгоҳи тиббии Тоҷикимтон мегӯяд, ки чунин як ташаббус ду сол пеш дар соҳаи маориф ба роҳ монда шуд ва натиҷаи хуб ҳам дод:
«Нафари сигоркаш 50 дарсади дудаш ба саломатии худаш зарар дорад ва 50 дарсади дигараш ба атроф ва ба нафари дар бараш истода мегузарад».
Аснои пешниҳоди лоиҳаи қонун ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон, президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштааст, ки ҳадафи асосии ин қонун пеш аз ҳама тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни аҳли ҷомеа, хусусан миёни ҷавонону наврасон аст .
Зимнан, барои риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» ба андозаи аз 5 то 15 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз 30 то 300 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад. Тибқи қавонини Тоҷикистон барои як ҳисоб 35 сомонӣ ҷарима пешбинӣ шудааст.

- «Дигар ҳама мехарад. Намедонӣ, ки мусбат аст, ё манфӣ. Ҳам зан, мӯйсафед наврасон ва ҷавонон - ҳама мехаранд».
- «Қонунҳо нағз ҷорӣ намешавад. Ман дар маркази шаҳр зиндагӣ мекунам ва кор ҳам дорам то ҳол ягон корманди интизомиро надидам, ки нафареро барои нос туф кардан ҳушдор диҳанд».