Ҳукми Кумитаи Марказӣ
Мурофиаи Султон Раҷабов ва Сайфулло Саидов, ки дар Лефортово буданд, дар моҳи майи соли 1983 баргузор шуд. Парвандаи онҳоро муфаттишон Тсиганков ва Приступа таҳқиқ кардаанд.
Карим Ҳасанов, муовини собиқи додситони ҷумҳурӣ, мегӯяд, ӯ бо айбдоркунандаи давлатӣ, муовини Додситони кулли ИҶШС Шишков тобистони соли 1983 дар ин мавзуъ суҳбат дошта ва ҷузъиёти қазияро пурсид. Шишков гуфтааст, ӯ ва муовини раиси Додгоҳи олии ИҶШС-ро ба Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунист хонда, ишора кардаанд, ки ба Султон Раҷабов ҳукми парондан бидиҳанд. “Ҳарчанд фикри айбдоркуниро дастгирӣ кардам, аз хулосаҳои худ қонеъ нестам”, -- изҳор доштааст Шишков ба Карим Ҳасанов (мақолаи “Жертвы “правосудия”. Народная газета. 29-уми январи 1999).
Ба ин тартиб, Коллегияи судии Додгоҳи олии ИҶШС Султон Раҷабовро ба муҳлати 15 сол бо мусодираи молу мулк маҳкум кард. Сайфулло Саидов ба муддати 12 сол бо мусодираи молу мулк аз озодӣ маҳрум гардид.
Дар миёни касоне, ки Раҷабовро мешинохтанд, гумони ғолиб ин аст, ки ӯро ҳамроҳи Саидов махсус ҳабс карданд, зеро харидани коло аз кишварҳои капиталистӣ тавассути ширкатҳо ё тоҷирони маҳаллӣ кори маъмулӣ буд ва Раҷабову Саидов аз ин таҷриба истифода мекарданд. Ҷонибдорони ин фарзия мегӯянд, вазири адлияи собиқ Султон Раҷабов нияти раиси Шӯрои вазирони ҶШС Тоҷикистон шудан дошт. Агар нияти Раҷабов ҳукми як фарзияро дошта бошад, пас, дар мавриди таъйин шудани Сайфулло Саидов ҳеч гуна гумону тахмин зарур нест, зеро ӯ аллакай дар Душанбеву Маскав зинаҳои гуногуни санҷиш ё имтиҳонро барои ишғоли мансаби муовини раиси Шӯрои вазирони ҷумҳурӣ гузашта буд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Сталин бунёдгузори Тоҷикистон: афсона ё воқеият?Худойназар Асозода дар китоби хотироти худ “Афғонистони инқилобӣ” менависад, ки дар Кобулу Душанбе ва Маскав барои Султон Раҷабов “балое”-ро месохтанд ва дар ин кор дастаҳои кашшофӣ низ саҳм мегузоштанд (Китоби зикршуда саҳ. 377-388). Дар ин маврид чанд фарзия вуҷуд дорад, аммо азбаски онҳоро санҷидан имкон надорад, аз иброзашон худдорӣ мекунем.
Сайёра Юсупова ҳангоми бозбинии ин парванда дар Пленуми Додгоҳи олии Тоҷикистон дар охири моҳи августи соли 1998 мегӯяд, Раҷабов бо мақсади исботи бегуноҳии худ ба собиқ раиси КГБ-и ИҶШС Чебриков В.М. ариза навиштааст. Ӯ зикр карда, ки шиносоии худро бо Тарлук ва Картор Сингҳ барои гирифтани маълумоти махфӣ истифода мебурд. Аз ҷумла, “барои ошкор кардани роҳҳои фурӯши силоҳ аз ҷониби соҳибмансабони ҳукумати Афғонистон ба душманони инқилоб”. Ҳамчунин, ӯ мехостааст маълум кунад, ки душманони инқилоб дар куҷо ҷамъ мешаванд.
Ба қавли Сайёра Юсупова, Султон Раҷабов далелҳои мушаххас оварда, зикр кардааст, ки ахбори дастрасшударо ба кадоме аз роҳбарони ҳукумати Афғонистон расонду онҳо чора диданд. Гузашта аз ин, ӯ тазаккур додааст, ки ба сабаби ахбори ба даст овардааш чанд кӯшиши табаддулот дар Ҷумҳурии Демократии Афғонистон ва ҷиноятҳои вазнини зиддидавлатӣ пешгирӣ карда шуд (Китоби “Ҳомии адлу инсоф”, саҳ. 60-61).
Аз парванда бармеояд, ки Раҷабов ва Саидов на дар рафти тафтишот ва на дар мурофиаи додгоҳӣ худро дар қочоқи тило гунаҳкор надонистанд ва барои ҳимояи худ далелҳо оварданд, аммо ин далелҳо тафтишу таҳқиқ нашуданд ва баҳои ҳуқуқӣ нагирифтанд. Дар натиҷа, ҳукми ғайриқонунӣ ва беасос нисбат ба онҳо содир гардид.
Коллегияи судӣ Раҷабов ва Саидовро гунаҳкор донист. Дар ҳукми Додгоҳ омадааст, ки бо мусоидат намудан барои интиқоли борҳои Тарлук ва Картор Сингҳҳо аз хориҷа ба тариқи қочоқ ба нишонии сафорати Шӯравӣ дар Кобул ба номи Саидов ҷинояти вазнин содир карданд. Аммо Тарлук ва Картор Сингҳҳо дар рафти тафтишот дар Кобул борҳо изҳор доштаанд, ки Раҷабов ва Саидов аз қочоқи тило аслан хабар надоштанд. Бино бар ин, Сайёра Юсупова эътироз мекунад, ки хулосаи коллегияи судӣ беасос будааст, зеро Раҷабов ва Саидов бояд танҳо барои он аъмолашон ҷавобгар мешуданд, ки қасду нияташонро дар бар мегирифт.
Ҷолиб ин аст, ки тилоҳои мусодирашуда на дар рафти тафтишот, на дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ ба ҳайси далел пешниҳод нашуданд. Умуман сарнавишти ин тилоҳо номаълум аст. Вақте яке аз духтарони Султон Раҷабов илоҷе карда, дар боздоштгоҳи Лефортово аз падараш пурсидааст, ки чаро ӯ, ҳуқуқшиноси донову ботаҷриба бо чунин гуноҳи вазнин айбдор шуд, аз қавли муфаттиш посух додааст, ки агар гуноҳро ба гардан намегирифт, ба ӯ ҳукми парондан медоданд. (китоби “Ҳомии адлу инсоф”. Душанбе, соли 1999, саҳ. 67).
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Ғанӣ Абдулло. Аз “душмани халқ” то пешниҳод ба Ҷоизаи РӯдакӣЯке аз тарҷумонҳои тоҷик, ки дар миёнаҳои солҳои 80-ум дар Афғонистон кор кардааст, мегӯяд, утоқи кориаш дар рӯбарӯи кабинете буд, ки дар он пештар Султон Раҷабов менишаст. Ба қавли ӯ, соли 1985 ин утоқи кории Бобров буд, аммо Кормал Бобровро на ягон бор ба ҳузур пазируфт ва на суроғ кард.
Баъд аз баромадани ҳукм, Султон Раҷабовро ба яке аз маҳбасҳои Қазоқистон фиристодаанд. Яке аз дӯстони ӯ, ки ба зиндони мазкур тавассути Додситони ҳарбии округи Осиёи Миёна Гуринович роҳ ёфт, дар хотироти худ менависад, ки Раҷабов ба маҳбусон некӣ карда, аз номи онҳо аризаву шикоятнома ва мактубҳо менавишт. Дере нагузашта, роҳбарияти зиндон ӯро мудири мактаби дохили зиндон таъин кард, аммо дертар маълум шуд, ки ӯ мубталои бемории саратон аст.
Вақте саломатиаш бад шуд, тибқи хулосаи духтурон Султон Раҷабовро ҷавоб доданд. Яке аз дӯстонаш мегӯяд, вақте ба аёдаташ рафт, Раҷабов чашм кушода ба ӯ нигарист ва сар ҷунбонду оҳиста ва шунаво гуфт: “Тақдир ҳамин будааст. Партияе, ки мани сағираро хӯронду пӯшонд, тарбият карду соҳиби вазифа намуд, охир кушт. Номардона кушт.”
Раҷабов ва Саидов “сафед” шуданд
Раиси собиқи Додгоҳи олӣ, вазири адлияи Тоҷикистони шӯравӣ Султон Раҷабов дар моҳи декабри соли 1985 дар Душанбе, дар хонаи худ аз дунё гузашт. Дар маросими дафни ӯ теъдоди ками ҳамкорони собиқ ва пайвандонаш ҳузур доштанд.
Моҳи августи соли 1998 Пленуми Додгоҳи олии Тоҷикистон парвандаи ҷиноии Султон Раҷабов ва Сайфулло Саидовро бозбинӣ кард. Раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон Д. Убайдуллоев баъди омӯзиши парванда эътироз навишт.
Сайёра Юсупова, узви Додгоҳи олии ҶТ дар Пленум суханронии муфассал карда, изҳор дошт, ки ӯ ҳуҷҷатҳои парвандаи мазкурро омӯхт ва ба хулосаи қатьӣ омад, ки Раҷабов ва Саидов гунаҳкор нестанд. Дар ин иртибот ӯ чанд далел овард.
“Дар таҷрибаи қариб 30-солаи фаъолияти ман дар мақомоти судӣ ин танҳо парвандаест, ки дар он меъёрҳои қонун ошкоро ва дағалона вайрон карда шуда, сафедро сиёҳ гуфтаанду одамони бегуноҳро ҷинояткор эълон намуданд,” -- изҳор доштааст Юсупова.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Аввал куштанд, баъд бегуноҳ гуфтанд"Сайёра Юсупова дар фароварди суханронии худ эълон кард, ки парвандаи мазкур мурофиаҳои солҳои 1937-ро, ки одамонро бе ҳеч гуна исботу далели шайъӣ аз рӯи буҳтони шоҳидони ғаразманд мепарронданд, ба ёд меорад.
Карим Ҳасанов низ изҳор доштааст, ки Султон Раҷабов ва Сайфулло Саидовро мисли “тройка”-ҳои даврони сталинӣ маҳкум карданд. Пленуми Додгоҳи олии Тоҷикистон ба сабаби мавҷуд набудани ҷиноят дар аъмоли Султон Раҷабов ва Сайфулло Саидов ҳардуро бегуноҳ баровард ва қарори Додгоҳи олии Иттиҳоди Шӯравиро нисбат ба ин ду нафар ғайриқонунӣ ва беасос донист.
Замоне ки ин ҳукм баромад, аз марги Султон Раҷабов аллакай 15 сол гузашта буд. Сайфулло Саидов, ки ҳанӯз дар соли 1991 аз маҳбас озод гардида буд, дар соли 2018 аз дунё гузашт.
Аз Идора: Матолибе, ки дар гӯшаи "Блогистон" ба нашр мерасанд назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд