Султон Раҷабов: "Ҳизбе, ки маро одам кард, худаш кушт"

Маскав, 18-уми майи соли 1978. Гуфтушуниди Иттиҳоди Шӯравӣ ва Афғонистон. Андрей Громико (чап) ва Ҳафизулло Амин (рост)

Дар даврони истиқлол номи як теъдод аз шахсони маъруфи замони шӯравӣ аз хотирҳо зудуда шуданд. Дар мавриди бархе ҳатто дар донишномаҳо маълумот пайдо кардан намешавад ва Султон Раҷабов аз ҳамин қабил аст.

Чеҳраи фаромӯшшуда

Нуралӣ Давлат, рӯзноманигор

Султон Раҷабов дар солҳои 1962-1970 раиси Додгоҳ (Суд)-и олӣ ва дар солҳои 1970-1979 вазири адлияи Тоҷикистон буд. Ба ҳайси раиси Шӯрои олӣ ва вакили порлумон кор карда, дар таҳияи қонунҳо саҳм гирифтааст. Ба кори илмӣ низ машғул буд. Соли 1967 рисолаи номзадиро дифоъ ва сипас онро дар шакли китоби алоҳида чоп кард.

Дар нимаи солҳои ҳафтодум ба навиштани рисолаи докторӣ машғул шуд, аммо дигар имкон наёфт онро ба поён расонад. Сабаб ин буд, ки соли 1979 бо дастури Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ ба сафари хидматӣ ба Афғонистони инқилобӣ фиристода шуд ва то охири ҳамон сол дар мансаби мушовири вазири адлияи ин кишвар - Шаръии Ҷузҷонӣ - кор кард.

Султон Раҷабов

Пас аз даромадани Артиши Сурх ба Афғонистон, қатли президент Ҳафизулло Амин ва ба сари қудрат омадани Бабрак Кормал, Султон Раҷабов роҳбари Гурӯҳи мушовирони Шӯрои инқилобӣ ва Раёсати Шӯрои инқилобӣ таъйин шуда, дар ин вазифа то ибтидои соли 1983 кор кард. Баъди чаҳор соли кор дар Афғонистон ҳамроҳи Сайфулло Саидов, котиби аввали сафорати ИҶШС дар Афғонистон, ки ҳамзамон раиси Маркази фарҳангии Шӯравӣ дар Кобул буд, ногаҳон аз ҷониби маъмурони амнияти шӯравӣ боздошт ва зиндонӣ шуд.

Дар Афғонистони инқилобӣ

Обрӯву нуфузи Султон Раҷабов дар Афғонистон замоне боло рафт, ки дар ибтидои соли 1980 роҳбари Гурӯҳи мушовирони шӯравӣ дар назди Шӯрои инқилобӣ ва Раёсати он таъйин шуд. Ин Шӯро дар пайи пирӯзии табаддулоти низомии охири моҳи апрели соли 1978 таъсис ёфта, нахустин раиси он Нурмуҳаммад Таракӣ, роҳбари Ҳизби халқӣ-демократии Афғонистон буд. Дар ибтидо Шӯрои инқилобӣ аз 35 шахси таъсиргузори ҳамин ҳизб иборат буд.

Дар ҷаласаи дуюми он роҳбари ҷиноҳи “Парчам” – Бабрак Кормал – муовини раис интихоб гардид. Ҳамзамон, Кормал дар қатори Ҳафизулло Амин ва Муҳаммад Аслам Ватанҷор муовини сарвазир (садри аъзам) интихоб шуд.

Оғози тобистони ҳамон сол муборизаи ҷиноҳҳои “Халқ” ва “Парчам” ба авҷи худ расид ва чеҳраҳои матраҳи он, аз ҷумла Кормал, Наҷибулло, Ротибзод ва ғ. аз мансабҳои худ сабукдӯш ва ба ҳайси сафирони Афғонистон ба хориҷа фиристода шуданд. Дар асл ин бадарғаи сиёсии роҳбарони ҷиноҳи “Парчам” буд.

Баъд аз террори парчамиҳо, бахусус аъзои мондааш дар Афғонистон, ихтилоф дар дохили худи ҷиноҳи “Халқ” шиддат гирифт ва дар миёнаҳои моҳи сентябри соли 1979 Ҳафизулло Амин устоди худ, дабири кулли Ҳизби халқӣ-демократии Афғонистон Нурмуҳаммад Таракиро кушта, қудрати сиёсиро пурра ба даст гирифт. Ҳамин тариқ, аз 16-уми сентябр то 27-уми декабри соли 1979, яъне то рӯзи вуруди Артиши Шӯравӣ ва кушта шудани Амин аз ҷониби афсарони хадамоти махсуси КГБ-и шӯравӣ, ӯ роҳбарии Афғонистонро дар даст дошт.

Баъд аз қатли Ҳафизулло Амин парчамиҳо бо ёрии Артиши Шӯравӣ ба қудрат баргаштанд ва Бабрак Кормал раиси Шӯрои инқилобӣ интихоб гардид. Ба ҳайати ниҳоди мазкур Нур Аҳмад Нур, генерал Абдул Қодир ва подполковникҳо Муҳаммад Аслам Ватанҷор ва Гулобзуй ворид карда шуданд. 11-уми июни соли 1981 Шӯрои инқилобӣ васеътар ва ба ҳайати он 15 узви дигар дохил карда шуд.

Муовинони раиси Шӯрои инқилобӣ Нур Аҳмад Нур ва Абдул Рашид Ориён интихоб гардиданд. Дар ин ҷаласа яке аз чеҳраҳои намоёни “Парчам” Султон Алӣ Киштманд садри аъзам ё сарвазири Афғонистон интихоб шуд.

Қабули Қонуни асосӣ

Яке аз тасмимҳои нахустини Шӯрои инқилобӣ лағви Қонуни асосие буд, ки дар даврони ҳукмронии Довудхон аз ҷониби Луя Ҷирга қабул гардида буд. Шӯрои инқилобӣ ба ҷойи он “Самтҳои асосии вазоифи инқилобии Ҷумҳурии демократии Афғонистон”-ро ба ҳайси санади конститутсионӣ пазируфт. Ин ҳуҷҷат аз муқаддима, ду қисм ва сӣ банд иборат буд ва дар он вазифаҳои асосии Шӯрои инқилобӣ ва ҳукумати Афғонистон муайян шуда буданд. Ҳамчунин дар он таъкид мешуд, ки “то қабули Қонуни асосии нав масъулон бояд дар кори худ ба “Самтҳои асосии вазоифи инқилобии Ҷумҳурии демократии Афғонистон” такя кунанд.

Бабрак Кормал

Дар асоси қарори Шӯрои инқилобӣ аз моҳи апрели соли 1978 баъди бекор шудани Қонуни асосии даврони Довудхон салоҳиятҳои порлумон ба Шӯрои инқилобӣ ва салоҳиятҳои раиси ҷумҳур ба раиси Шӯрои инқилобӣ дода шуд. Сарпарастии Додгоҳи олӣ ва салоҳиятҳои Додситонии кул ба вазири адлия гузашт. Ин нуктаро ҳам бояд зикр кунем, ки Шӯрои инқилобӣ дар оғози кори худ дар баҳор ва тобистони соли 1978 як қатор декретҳои муҳими дигареро қабул кард, ки аҳамияти конститутсионӣ доштанд, аз ҷумла: қонун дар бораи лағви рибо ё судхӯрӣ, декрет дар бораи ислоҳоти замин ва ғайра.

Аммо бо гузашти замон дар Афғонистон халои ҷиддии қонун ба вуҷуд омад, ки сабаби он муайян набудани марзи салоҳиятҳо дар байни мақомоти кишвар буд, аз ин рӯ зарурати қабули Қонуни асосӣ ба вуҷуд омад, то ба таври фаврӣ роҳи ҳалли проблемаҳои рӯзафзун дар ҷомеа пайдо шавад. Ин масъаларо пас аз чанд рӯзи ба қудрат расидани Амин дар миёнаҳои моҳи сентябри соли 1979 вазири адлия Шаръии Ҷузҷонӣ, ки тоза узви Дафтари сиёсии Ҳизби халқӣ-демократии Афғонистон интихоб гардида буд, пешниҳод кард. Амин онро пазируфт ва маслиҳат дод, ки мушовирони шӯравиро низ ба ин кори муҳим ҳатман ҷалб кунанд.

То ин айём дар ниҳодҳои ҳуқуқии Афғонистон се мушовири шӯравӣ дар Кобул фаъолият доштанд, аз ҷумла Султон Раҷабов, мушовири вазири адлия ва Бобров мушовири Додгоҳи олӣ. Ба қавли Ҷузҷонӣ, ӯ ба Амин мегӯяд, ки аз миёни се мушовири ҳуқуқшиноси шӯравӣ танҳо Бобров таҷрибаи таълифи қонунро дорад, бинобар ин, зарур аст, ки мушовирони дигар даъват шаванд.

Ба назари мо, ин суханони Ҷузҷонӣ шубҳабарангез ҳастанд, зеро Раҷабов дар таълифи қонунҳо дар Тоҷикистон иштирок дошт. Соли 1978 дар Тоҷикистон Қонуни асосии нав қабул шуд ва ҳеч имкон надошт, ки вазири адлияи ҷумҳурӣ дар таълифи он ширкат накарда бошад. Дар ҳар сурат, Амин ба Маскав муроҷиат ва хоҳиш кардааст, ки чанд мушовири дигареро, ки дар таълифи Қонуни асосӣ таҷриба доранд, ба Кобул фиристад, то ба мутахассисони маҳаллӣ ёрӣ диҳанд. 23-юми сентябр ин дархост тавассути паёми комилан махфӣ ба Кумитаи Марказии Ҳизби коммунист расид.

Ин мавзуъ чаҳор рӯз баъд дар ҷаласаи Котиботи КМ ҲКИШ мавриди баррасӣ қарор гирифт ва онро як қатор аъзо ва номзадҳои Дафтари сиёсӣ (Политбюро), аз ҷумла, Черненко, Долгих, Горбачёв, Капитонов ва ғайра дастгирӣ карданд. Дар қарори махфии Котиботи Кумитаи Марказӣ гуфта мешуд: “Қонеъ гардондани дархости роҳбарияти Ҷумҳурии демократии Афғонистонро мувофиқи мақсад дониста, ба Кобул ба муҳлати се моҳ рафиқон Седугин П.И., муовини мудири Шӯъбаи ҳуқуқи Президиуми Совети олии ИҶШС, номзади илми ҳуқуқ (роҳбари гурӯҳ), Кузнетсов, муовини раиси Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотӣ доир ба қонунгузории советӣ, Шеремет К.Ф. муовини мудири Пажӯҳишгоҳи давлат ва ҳуқуқи АИ ИҶШС фиристода шаванд.”

То расидани гурӯҳ вазири адлия Ҷузҷонӣ бо супориши Амин рӯйхати аъзои Комиссияро тартиб дода, баъди чанд рӯз онро барои тасдиқ ба назди ӯ бурдааст. Ҳафизулло Амин рӯйхатеро, ки иборат аз 30 нафар буд, бодиққат хонда, номи бархеро хат зада, ба ҷойи онҳо чанд узви Кумитаи марказӣ, вазирон ва кадрҳои ҳизбии Афғонистонро илова кардааст. Баъд аз расидани мушовирони нави шӯравӣ ба Кобул, рӯзи 1-уми октябр кори комиссия сар мешавад.

Барои таълифи Қонуни асосии Ҷумҳурии демократии Афғонистон конститутсияҳои баъзе аз кишварҳо, аз ҷумла Миср, Иттиҳоди Шӯравӣ ва Фаронса ҳамчун меъёр интихоб шудаанд. Азбаски дар масъалаи ташкили идораи давлат миёни аъзои афғонистонии комиссия ва мушовирони шӯравӣ баҳсҳои ҷиддӣ ба амал меояд, мушовирон назари Аминро мепурсанд.

Бабрак Кармал

Ташкили идории давлатро ба тартиби зерин зикр мекунад: “Ҷумҳурии муттаҳидаи демократии Афғонистон: Ҷумҳурии муттаҳидаи демократии Паштунистони афғонӣ, Ҷумҳурии муттаҳидаи демократии Тоҷикистони афғонӣ, Ҷумҳурии муттаҳидаи демократии Узбекистони афғонӣ, Ҷумҳурии муттаҳидаи демократии Ғарчистони афғонӣ, Ҷумҳурии муттаҳидаи демократии Туркманистони афғонӣ”. Аммо пешниҳоди Амин ба мушовирони шӯравӣ хуш намеояд, зеро, ба қавли онҳо ин нусхаи шӯравӣ аст ва барои ҳукумати Афғонистон мушкилоти зиёд ба бор хоҳад овард.

Далели мушовирон ин буд, ки баъзе аз вилоятҳо сармоя ва кадри кофӣ дар ихтиёр надоранд, аммо давлати марказӣ наметавонад аз ҷониби худ ба онҳо ёрӣ расонад. Ҳамчунин, мушовирони шӯравӣ таъкид мекунанд, ки агар ҳукумати марказии Афғонистон аз ӯҳдаи таъмини талабот дар ин замина баромада натавонад, унсурҳои таҷзияталаб дар Афғонистон ба ҷудоихоҳӣ даст мезананд ва дар он сурат ҳукумат маҷбур мешавад на танҳо муқобили душман, балки ҷудоихоҳон низ ҷанг кунад.

Вақте ки музокирот бо Амин дар ин масъала натиҷа намедиҳад, мушовирони шӯравӣ мегӯянд, ки пас бояд идораи марказии ягона ва нерӯманд ҳифз гардаду вилоятхои худгардон ба усули федералӣ ташкил шаванд, аз ҷониби дигар, ба мардум дар маҳалҳо ҳуқуқ дода шавад, ки масоили дохилии худро худашон ҳаллу фасл кунанд. Аммо Амин ин тарҳро низ қабул накарда, мегӯяд, ки сохтори идории давлат монанди пештара бимонад.

Пас аз поёни таълифи Қонуни асосӣ он мавриди қабули Комиссия қарор гирифт. Дар марҳилаи баъдӣ ин тарҳ бояд барои қабул ба Шӯрои инқилобӣ ва ё Луя Ҷирга фиристода мешуд. Аммо баъди ҳуҷуми ногаҳонии Артиши шӯравӣ ба Қасри Тоҷбек дар охири моҳи декабри соли 1979 ва кушта шудани Амину зиндонӣ гардидани Ҷузҷонӣ ва теъдоди зиёди масъулони ҳукумат ин кор ба таъхир афтод.

Ҳукумати Кормал ба ин ин мавзуъ каме дертар, баъди ҷо ба ҷо кардани кадрҳои худ машғул шуд. Дар ибтидои соли 1980 Султон Раҷабов раиси Гурӯҳи мушовирони назди Шӯрои инқилобии ҶХА таъин шуд. 21 апрели ҳамон сол санади ҳуқуқии конститутсионӣ зери унвони “Усулҳои асосии ҶДА”-ро Шӯрои инқилобӣ тасдиқ кард, ки он аз муқаддима, 10 боб ва 68 банд иборат буд. Ин санади конститутсионӣ-ҳуқуқӣ аз рӯи ҳаҷм, мазмуну сохтор аз “Самтҳои асосии вазоифи инқилобӣ”-и соли 1978 фарқ мекард, аммо ин ҳуҷҷат низ муваққатӣ буд ва ба андешаи мутахассисон камбудҳои асосии он аз нуктаҳои зерин иборат буданд,:

  • режими тоталитариро дар Афғонистон қонунӣ кард;
  • монополияи як ҳизби сиёсиро ба сатҳи қонунӣ баровард;
  • яккаҳизбӣ дар ниҳояти кор ба мубаддал гаштани ҲХДА ба ҳизби ҳоким боис гардид;
  • дигаргуниҳое, ки дар сохтори давлатӣ татбиқ гардиданд, на дар марказ, на дар маҳалҳо механизми самараноки ҳокимияти давлатиро ба вуҷуд оварда натавонистанд.

Идома дорад

Аз Идора: Матолибе, ки дар гӯшаи "Блогистон" ба нашр мерасанд назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд