Пайвандони Сулаймон Қаюмов, ки бино ба хабари расонаҳои Туркия дар робита ба куштори Умаралӣ Қувватов – раҳбари “Гурӯҳи 24” боздошт шудааст, мегӯянд, ӯ барои тиҷорат ба Истамбул рафта буд. Гулрухсор Қаюмова – хоҳари Сулаймон рӯзи 7 март дар сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, бародараш сӣ сол дорад ва солҳои охир дар Русия кор мекард ва дар дохили Тоҷикистон тиҷорати хурд низ дошт. Аммо ӯ ошкор нагуфт, тиҷорати бародараш аз чӣ чиз иборат будааст.
Гулрухсор афзуд, Сулаймон Қаюмов як сол пеш аз Русия ба зодгоҳаш омада, дубора ба он ҷо баргаштааст. “Мо фақат аз ин хабардор будем, ки гӯиё барои харидории кадом таҷҳизоте, ки обро сард нигоҳ медорад ва дар тобистон зарур аст, ба Туркия рафтааст. Вале намедонем, кай ва чигуна ба он ҷо рафтааст”,-гуфт ӯ.
Вай илова кард, Сулаймон соҳиби ду фарзанд буда, модараш баъд аз шунидани хабари гӯиё боздошти ӯ сахт бемор шудааст ва ба қавли Гулрухсор дар Душанбе қарор дорад. Пайвандони Сулаймон Қаюмов мегӯянд, то кунун ягон намояндаи мақомот ба дари онҳо наомада ва дар бораи бародараш ҳам суолуҷавоб накардаанд.
Алишер Неъматов, сардори раёсати умури дохилии ноҳияи Восеи вилояти Хатлон гуфт, Сулаймон Қаюмов дар ин ноҳия ба ягон тиҷорат машғул набуд. “Дар ин ҷо ягон бизнес надошт,”-таъкид кард ӯ.
Номи Сулаймон Қаюмов баъд аз зӯҳри 6 март дар робита ба куштори Умаралӣ Қувватов, раҳбари "Гурӯҳи 24" дар расонаҳо пайдо шуд. Як манбаи мо ҳам гуфт, лаҳзаҳое пеш аз қатлаш Умаралӣ Қувватов ҳамроҳ бо ҳамсараш Қумриннисо Ҳафизова, ду писар ва як муҳофизаш дар манзили кирояи Сулаймон Қаюмов дар Истамбул оши палаверо хӯрдаанд, ки ҳамсари Қувватов пӯхта буд.
Сулаймон Қаюмови 30-сола, ки се моҳ пеш ба Туркия муҳоҷир шуда, аз шикасти тиҷораташ дар Тоҷикистон ва қарзи бузурги бонкияш шикоят карда буд, ба сафи тарафдорони "Гурӯҳи 24" пайваста ва шаби 5 март ба муносибати дарёфти манзили иҷора барои Қувватов ва аҳли оилааш зиёфат оростааст. Дар ҳоле ки пас аз хӯрдани ғизо вазъи Қувватов, ҳамсар, писарон ва муҳофизаш бад шудааст, онҳо ба берун баромадаанд, то худро ба бемористон расонанд. Дар ҳоле ки муҳофиз барои ёфтани таксӣ рафтааст ва Сулаймон нопадид гаштааст, шахси номаълуме ба Умаралӣ Қувватов аз фосилаи наздик ба пушти сари ӯ тир задааст. Писарони Қувватов қотилро дидаанд.
Қариб 200 паёми таҳдидомез
Дар ҳамин ҳол, Сулаймон Қаюмов, сокини 33-солаи шаҳри Кӯлоб мегӯяд, баъд аз он ки хабарҳо дар бораи боздошти як ҳамному насаби ӯ дар робита ба қатли Умаралӣ Қувватов дар расонаҳо пайдо шуд, дар саҳифаи "Одноклассники"-яш ҳудуди 200 паёми таҳдидомез дарёфт карда, якбора 500 нафар ба саҳифаи ӯ "меҳмон" шудаанд.
Ин сокини 33-солаи шаҳри Кӯлоб гуфт, шояд тасодуф буд ва ё шояд бо "роҳнамоӣ"-и касе ин афрод ба саҳифаи ӯ роҳ ёфта, ҳатто бо марг таҳдидаш кардаанд. Аммо мусоҳиби мо мегӯяд, "ман Қаюмов Сулаймон Бобоевич ҳастам. 33-солаам. Бо он Сулаймон Қаюмове, ки гӯиё боздошт шудааст, фақат ҳамному ҳамнасабем."
Ӯ субҳи 7 март бо Радиои Озодӣ дар тамос шуда гуфт, як овозхон асту дар идораи фарҳанги шаҳри Кӯлоб кор мекунад ва аслан бо қазияҳои сиёсӣ сари коре надорад. Ҷаноби Қаюмов афзуд, ирсоли паёмҳо дар саҳифаи "Одноклассники"-яш бегоҳи 6 март сар шуда, танҳо баъд аз иваз намудани акси аввал ва номи саҳифааш қатъ гардидааст.
"То соати 12-и шаб машғули номанависӣ будам. Тасаввур кунед, қариб 200 нома омад",-нақл мекунад Сулаймон Қаюмов аз Кӯлоб. Мусоҳиби мо дар идома гуфт, баъзе аз номанависон аз ӯ дар бораи чигунагии куштор ва ҷуръаташ пурсидаанд.
"Баъзеи дигарашон дашном доданд. Ҳатто таҳдид карданд. Ҳайрон будам. Як ҳолати ғайриинтизор ва ногувор. Пеши обро гирифта мешавад, даҳони мардумро - не. Ба баъзеяш ҷавоб навиштам, дарк карданду маро ба ҳолам гузоштанд. Аммо баъзеяш аслан фаҳмидан намехостанд ва гумон доштанд, воқеан қотил ман ҳастам",-гуфт Сулаймон Қаюмов.
Мусоҳиби мо мегӯяд, танҳо баъд аз он ки номи саҳифаашро аз Сулаймон Қаюмов ба "студия" табдил дод, мавҷи номаҳо қатъ ва асабҳои ӯ низ ором шудаанд. Вай афзуд, ин бори аввал буд, ки дар чунин ҳолат афтодааст ва бисёр нигарон буд, ки бо ӯ чӣ хоҳанд кард.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад