Сукути ҳукумати Узбекистон дар баробари таҳқиқоти Озодӣ

Бо гузашти беш аз ду ҳафта, мақомоти Узбекистон ба таҳқиқоти бахши узбекии Радиои Озодӣ вокуниш накардаанд. Дар он таҳқиқот даҳҳо миллион доллар зиёни расондаи як ширкати вобаста ба оилаи президенти Узбекистон ба буҷаи ин кишвар ошкор шуда буд.

Видеои таҳқиқотро дар YouTube зиёда аз як миллион бор дида, ҳазорҳо кас дар зери он шарҳ гузоштаанд.

Дар таҳқиқи бахши узбекии Радиои Озодӣ сухан дар бораи ширкати Ultimo Group Limited меравад. Ин ширкат аз ҳисоби интиқоли гази табиӣ барои хешовандони Шавкат Мирзиёев ва бозигарони дигар фоида овардааст.

Узбекистон бо 36 миллион аҳолӣ як кишвари ғанӣ аз газ ба шумор меравад.

Мирзиёев дар соли 2019 бо ишора ба даврони ҳукмронии Ислом Каримов гуфта буд, ки "касе ҳақ надорад имрӯз ба мисли гузашта кор кунад... Пинҳонкорӣ, ношаффофӣ, коррупсия, хешутаборбозӣ ба кор кумак намекунанд."

Вале таҳқиқи бахши узбекии Радиои Озодӣ маълум кард, ки шарикони Отабек Умаров, домоди хурдии Шавкат Мирзиёев, бо ширкати Ultimo Group Limited пайванд доранд. Маҳз ҳамин ширкат чанд сол пеш барандаи қарордоди таъмини газ бо нархи гаронтарин ба ширкати калонтарини истеҳсоли семент дар Узбекистон будааст. Дар ҳоле ки дар гузашта бо чунин кор машғул нашуда, таҷриба надорад.

Отабек Умаров аз рӯйи вазифааш мансабдори сатҳи миёна ба ҳисоб меравад, вале солҳои охир як шахсияти шинохта шудааст: ӯ бо меҳмонҳои баландпояву шайхони араб мулоқот карда, худро ба ҳайси пуштибони варзиш дар Узбекистон намоиш медиҳад.