Ин суҳбати ӯ пеш аз ироаи "нақшаи пирӯзӣ" ба Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико ва дар пасманзари ҳамлаҳои давомдори Русия ба шаҳрҳои Украина садо хоҳад дод.
Зеленский аз замони ворид шуданаш ба Амрико барои ширкат дар Маҷмаи Умумии СММ, бо шуморе аз қонунгузорони таъсиргузори амрикоӣ мулоқот кард ва дар расонаҳои ИМА зоҳир шуд, то аз Вашингтон бихоҳад, ки ҳимояти муҳими худро аз Украина идома диҳад.
Президенти Украина рӯзи 24-уми сентябр ба Шӯрои амнияти СММ гуфт, Русия танҳо метавонад "маҷбур" ба сулҳ шавад ва Эрон ва Кореяи Шимолиро барои "ҳамдастӣ" маҳкум кард, ки ба Маскав дар ҳамлаҳои худ ба Украина бо силоҳ ёрӣ карданд.
"Владимир Путин он қадар меъёрҳо ва қоидаҳои байнулмилалиро шикастааст ва намехоҳад ба он поён диҳад. Маҳз ҳамин чиз лозим аст: маҷбур кардани Русия ба сулҳ ҳамчун таҷовузгари ягона дар ин ҷанг, ягона вайронкунандаи Оинномаи СММ", -- гуфт Зеленский.