Дар ин бора як корманди маҳбас бе зикри номаш рӯзи 23-юми декабр ба Радиои Озодӣ хабар дод. "Ӯ ҳамроҳи чаҳор нафари дигар оварда шуд," – гуфт мусоҳиби мо.
Пайвандони Сӯҳроб Зафар ва намояндагони Идораи зиндонҳо ба зангҳои мо посух надоданд. Додгоҳи шаҳри Душанбе ӯро рӯзи 10-уми октябр ба 30 сол зиндон маҳкум кард.
Насимҷон Шарифов, узви дигари "Гурӯҳи 24", барои адои давраи ҷазо ба маҳбаси шаҳри Хуҷанд бурда шудааст.
Бародараш, Файзалӣ Шарифов, рӯзи 23-юми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, "аз телефони маҳбас тамос гирифт. Гуфт, ки дар ҳамин ҷо аст. Кӯшиш дорем, базудӣ барояш хӯроку либос барем."
Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шарифов дар моҳҳои феврал ва марти соли 2024 дар шаҳри Истанбули Туркия ба таври мармуз нопадид шуданд.
Додситони кул Юсуф Раҳмон баъди қариб ним сол дар Тоҷикистон будани онҳоро тасдиқ кард. Дар ҳоле ки мақомот чӣ гуна дастгир ва аз Туркия ба Тоҷикистон овардани онҳоро нагуфтанд, "Гурӯҳи 24" қазияро "дуздӣ" номид.
Сӯҳроб Зафар аз соли 2014 дар Туркия мезист. Вай дар гузашта, аз ҷумла соли 2018, чанд дафъа дар Туркия дастгир, вале озод гардида буд. Насимҷон Шарифов аз соли 2015 дар Туркия мезист ва ба камияш се бор дастгиру раҳо шудааст. Ӯ соли 2018 беш аз ду моҳ дар боздоштгоҳ буд.
“Гурӯҳи 24”, ки соҳибкори норозӣ Умаралӣ Қувватов бунёд гузоштааст (худаш соли 2015 дар Туркия кушта шуд), бо қарори Додгоҳи олӣ дар Тоҷикистон “ифротгаро” ва “мамнуъ” эълон шудааст. Раҳбаронаш дар хориҷа худро мухолифи ҳукумати Тоҷикистон ва фаъолияташонро қонунӣ медонанд. Ниҳодҳои Созмони Милал, Иттиҳоди Аврупо ва САҲА намояндагони онро ба маҳфилҳои худ даъват мекунанд.