Раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, ки номзадияш дигарбора ба мансаби президент пешбарӣ шудааст, гуфт, бо чанд барномаи муҳим вориди корзори сиёсӣ хоҳад шуд.
Мухолифон Абдуҳалим Ғаффорови 69-соларо ба пуштибонӣ аз ҳукумати кунунӣ ва ҳизбашро барои, ба истилоҳ, "кисагӣ" будан танқид мекунанд. Вай рӯзи 26-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳизбаш "кисагӣ" нест ва худаш ҳам шахсияти шонздаҳ соли пеш нест. Замоне ки ӯ раҳбарии як ҷиноҳи Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистонро ба уҳда гирифт ва дертар Вазорати адлия онро ба расмият шинохт.
Номзадии Абдуҳалим Ғаффоров ба мақоми президенти Тоҷикистон бори севум пешниҳод шудааст. Ӯ дар ду интихоботи гузаштаи президентӣ ноком буд. Хабарнигорони Радиои Озодӣ дар оғози суҳбат аз ӯ пурсиданд, ки то куҷо бовар дорад ин дафъа раъйи кофиро ба даст меорад?
Абдуҳалим Ғаффоров: "Ҳар шахс, ки мақсади президент шуданро дар назди худ гузоштааст, кӯшиш мекунад, ба ин поя бирасад. Президент бояд ақлу заковати баланд дошта, олиму оқил бошад ва нисбат ба мардум ғамхорӣ кунаду барои ояндаи неки ҷомеа саҳм гузорад. Муносибати дӯстонаро бо кишварҳои дигар ҳифз кунад. Чунин хусусиятҳо дар баъзе аз одамоне, ки имрӯз номзадии худро ба мақоми президентӣ гузоштаанд, дида мешавад ва ман низ аз он орӣ нестам. Барномаҳои ман тамоми соҳаҳоро фаро мегирад. Аз зиёд кардани нафақа, то ғамхорӣ ба маъюбону занони танҳо ва бештар кардани даромади давлат аз ҳисоби коркарди захираҳои табиӣ."
Радиои Озодӣ: Ба тахминатон чанд дарсади мардум ба Шумо овоз хоҳанд дод?
Абдуҳалим Ғаффоров: "Мутаассифона, инро пешгӯӣ карда наметавонам, аммо кӯшиш мекунем, овози заруриро барои президент шудан соҳиб шавем. Ҳадафи мо ҳам барои ворид шудан ба ин корзор ҳамин аст. Аз сӯи дигар, ин ба барномаҳои таблиғотии мо дар миёни мардум ҳам вобаста аст, ки дар якуним моҳи оянда сурат мегирад."
Радиои Озодӣ: Ҳадди ақал рақами тахминиро намегӯед?
Абдуҳалим Ғаффоров: "Не, чизе гуфта наметавонам."
Аз хатти метро то...
Радиои Озодӣ: Ҳанӯз Кумисюни марказии интихобот номзадии Шуморо расман тасдиқ накардааст, вале бахше аз барномаҳои таблиғотии Шумо ба матбуоти Тоҷикистон роҳ ёфт ва боис ба баҳсҳои зиёд шуд. Яке сохтмони метро дар Душанбе буд ва дигаре ситондани “ҳақ” аз мошинҳое, ки аз минтақаҳои атроф ба пойтахт меоянд...
Абдуҳалим Ғаффоров: "Мардум ин ду чизро нодуруст фаҳмиданд. Якум, ман гуфтам, дар чаҳор дарвозаи шаҳр терминалҳо сохта шавад. Яъне, мошинҳое, ки аз берун ба пойтахт ворид мешаванд, дар онҷо бар ивази аз 3 то 5 сомонӣ гузошта шаванд. Ин маблағ ба буҷа ворид мегардад. Ин барои тоза нигоҳ доштани ҳавои шаҳр аз назари экологӣ ва пешгирӣ аз танбашавии роҳ дар кӯчаҳои пойтахт низ муҳим аст. Дуюм, дар замони Шӯравӣ дар ҳар пойтахте, ки аҳолияш аз як миллион зиёд буд, хатти метро месохтанд. Имрӯз 28 ҳазор гектар заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ ба ҳудуди пойтахт илова карда шуд. Агар вазъ ба ҳамин шакл идома кунад, дар оянда ҳамроҳ шудани Ваҳдату Ҳисор ва Варзоб низ ба Душанбе дар назар аст. Ба хотири ин ки роҳҳо танг нашаваду боис ба танбашавии мошинҳо нагардад, сохтани хатти метро лозим меояд."
Радиои Озодӣ: Вале тарҳи сохтмони метроро дар Душанбе ҳанӯз солҳои 1970 рад карда буданд, чун мегуфтанд аз зери шаҳр об мегузарад...
Абдуҳалим Ғаффорзода: "Шумо дуруст гуфтед, барои мисол, ҳамин дарёи Кофарниҳон дар зери шаҳр ҳаст. Аммо мешавад метроро дар ҷойҳои кушод ҳам сохт, мисле ки дар Русия ҳаст. Мувофиқи релефи шаҳр он метавонад дар баъзе ҷойҳо метрои рӯйизаминӣ бошад. Албатта, инро омӯхтан даркор аст, ки дар куҷо мешавад, дар куҷо не."
Порае аз навори суҳбат бо Абдуҳалим Ғаффоров. Шакли пурраи он дертар дар сомонаи Озодӣ ва саҳифаи мо дар Ютуб нашр хоҳад шуд:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
"Бартарии ман кадом аст?"
Радиои Озодӣ: Киҳоро ҳамчун шахсони боэътимод дар маъракаи таблиғотӣ интихоб кардед?
Абдуҳалим Ғаффоров: "Шахсони боварноки ман одамони қавӣ ва номзадҳои илм ҳастанд. Намояндагони ҳама гӯшаву канори кишвар. Аз сабаби он ки номзад наметавонад бо ҳамаи интихобкунандагон мулоқот кунад, шахси боварнок ҳақ дорад ба ҷойи ӯ барномаҳоро муаррифӣ кунад."
Радиои Озодӣ: Бартарии худро аз президенти феълӣ Эмомалӣ Раҳмон дар чӣ мебинед?
Абдуҳалим Ғаффоров: "Суоли бисёр аҷиб аст. Ҳар кас дар ҳар ҷо ҳар хел мавқеъ дорад. Дар муддати қариб сӣ сол, ки президент Эмомалӣ Раҳмон роҳбари давлат ҳастанд ва дигаргуниҳо дар Тоҷикистон ба вуҷуд омад, мавқеъ ва эътибори ҷаноби олӣ ниҳоят бузург аст. Вақте ман ҳам ба ин корзор ворид шудам, албатта, бартарӣ дорам. Аз миёни нӯҳ миллион аҳолии Тоҷикистон шаш нафар номзад ба мақоми президентӣ пешниҳод шудан ин маънои онро дорад, ки онҳо фаррош ё рӯбанда нестанд..."
Радиои Озодӣ: Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон президент Эмомалӣ Раҳмонро дар интихоботи моҳи октябр номзади худ пешбарӣ кард. Агар дар дебат ё баҳси зинда бо ӯ рӯбарӯ шавед, чӣ мепурсед?
Абдуҳалим Ғаффоров: "Вақте чунин имкон шавад, саволҳои ман ба манфиати миллату давлат аст. Саволҳоеро аз президент мепурсам, ки ҷавобашро намедонам ва он ҷавобҳоро барои татбиқ кардани барномаҳои худ истифода мебарам."
"Бояд аз Сингапуру Чили омӯзем"
Радиои Озодӣ: Бисёриҳо мегӯянд ҳизби Шумо танҳо барои пуррақобат нишон додани интихобот вориди ин корзори сиёсӣ шудааст. Дар доираҳои коршиносон гуфта мешавад, барои ҷамъоварии имзо ба Шумо ҳукумат мадад мекунад ва номзадиятон ҳам аз сӯйи ҳукумат пешниҳод мешавад...
Абдуҳалим Ғаффоров: "Ман даҳ сол аст дар ин бора гап мезанам. Он шахсоне, ки дар Интернет ҳаргуна ҳарфҳоро менависанд, муҳаббат ба ватану миллат надоранд. Агар ҳизби мо кисагӣ мебуд, бо чунин гапҳо дар порлумон суҳбат намекардам. Хушбахтона, ман дигар Абдуҳалими соли 2004 нестам ва дарк мекунам, ки ҷомеа чӣ мушкил ва камбудҳо дорад ва роҳҳои ҳаллаш кадом аст. Барои ин, бояд аз кишварҳое ба монанди Сингапуру Чили омӯзем, ки дар як муддати кӯтоҳ пешрафт карданд. Мутахассисони худро барои омӯзиш ба ин кишварҳо фиристем."
Радиои Озодӣ: Имкон дорад, ки Эмомалӣ Раҳмон аз иштирок дар интихоботи президентии 11-уми октябр даст кашад ва он гоҳ, ба назари Шумо, чӣ ҳолат пеш меояд?
Абдуҳалим Ғаффоров: "Мувофиқи қонуни ҶТ “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат” президенти ҳозира ҳақ дорад, номзадии худро бемаҳдудият гузорад. Агар зарурате пеш ояд ва ягон шахсиятро пешниҳод кунад, ҳеч гапе нест."
Радиои Озодӣ: Вақте ҲСТ дар соли 1996 таъсис ёфту аввалин анҷумани худро баргузор кард, раҳбари нахустинаш зан буд. Аммо чаро дар интихоботҳо номзадии зане пешбарӣ нашуд?
Абдуҳалим Ғаффоров: "Мо ду занро барои номзад шудан ба мақоми президентӣ омода карда будем. Яке имрӯз вакили шаҳрӣ аст ва дуюмӣ муовини раиси ҲСТ. Яке барои ҷавон будан нахост дар ин маърака ширкат кунад, дигаре дар анҷуман номзадияшро пас гирифт ва овозҳояшро ба ман дод."
Дар бораи IRS, андоз ва имтиёзи ширкатҳои алоҳида
Абдуҳалим Ғаффоров
Соли 1951 дар деҳаи Кулолии Панҷекент ва дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон мебошад. Дар шуъбаи фалсафаи Академияи илмҳо, Донишкадаи давлатии санъат ва Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони маорифи ҷумҳурӣ кор кардааст. Номзади илми педагогика, дотсент ва Аълочии маорифи Тоҷикистон аст. "Ванга" ва "Таронаҳои Блитист"-ро тарҷума карда, повести "Савдои умр"-ро навиштааст. Ду дафъа, соли 2006 ва 2013, номзад ба мақоми президент аз Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон буд. Се дафъа вакили порлумон интихоб шудааст.
Радиои Озодӣ: Дар порлумон аз ҷумлаи вакилоне ҳастед, ки баъзан рӯшод камбудҳоро мегӯед ва давлату ҷомеаро ба мубориза бо фасод даъват мекунед. Вале айни замон тарафдор ҳастед, ки ширкати IRS дар ягона роҳи байни марказ ва шимоли кишвар пулчинӣ кунад ва ба мардуму ҷомеа маълум набошад, ки ин пулҳо ба куҷо мераванд...
Абдуҳалим Ғаффоров: "Дуруст аст, порлумон бисёр ширкатҳоро дастгирӣ кард. Инҳо ширкатҳое буданд, ки ҳамкорони хориҷӣ доштанд ва дастгоҳҳои гароннарх ворид мекарданд. Бовар дорам, ин ба оҳистагӣ аз байн меравад, чунки буҷаи кишвар имкони зиёд надорад. Ман тарафдори он ҳастам, ки андоз бояд пурра пардохт карда шавад, новобаста аз ин ки касе набошад. Умед дорам, дар оянда шояд дигар аз андоз озод кардан номумкин шавад."
Радиои Озодӣ: Пандемияи коронавирус вазъи иқтисодии кишварро вазнинтар мекунад. Дар ин ҳол оё беҳтар нест, ҳамаи ширкатҳои бузург андоз супоранд, яъне имтиёзҳои онҳо барҳам дода шавад?
Абдуҳалим Ғаффоров: “Ман мухолифи напардохтани андоз ҳастам. Вақте мо андозро намесупорем, маънои онро дорад, ки дар ҳолатҳои фавқулода наметавонем буҷаи кишварро пур кунем. Мисли бемории коронавирус, ки дар натиҷаи он буҷаи кишварро ғанӣ гардонида натавонистем. Шумо медонед, ки андоз дар моҳи июн фақат 70 дарсад иҷро шуд, гумрук ҳамагӣ 40 дарсадро иҷро кард. Ин таъсири бевоситаи ҳамин беморӣ буд. Ин ё он корхонаву ширкат танҳо дар ҳолате метавонад аз андоз озод шавад, ки агар зарурат пеш ояд. Мо дидем, ки президент чандин субъектҳоро аз андоз озод кард ин ҳам вобаста ба ҳолати пешомада буд. Набояд бидуни зарурат ҳеч субъектро аз андоз озод кард.”
"Агар ин дафъа ноком шудам..."
Радиои Озодӣ: Аз соли 2006 ва, инак, бори сеюм аст, ки номзад ба мансаби президент пешниҳод мешавед. Ду дафъа ноком шудед. Агар ин дафъа ҳам овоз нагиред, чӣ кор мекунед?
Абдуҳалим Ғаффоров: “Агар ноком шудам, дар он ҳолат бо нафақаи худ ба зиндагӣ идома медиҳам. Як нафари арзандаро ба мақоми раҳбари Ҳизби сотсиалистӣ пешбарӣ мекунам. Зиёд мехостам, аз раҳбарии ҳизб канор равам ва дар ин интихобот ширкат накунам. Намояндаҳои ҳизб хоҳиш карданд, ки ин навбат ҳам истам ва розӣ шудам. Мехоҳам ба бовари ҳамсангаронам, ки маро интихоб карданд, сазовор бошам.”
Радиои Озодӣ: Солҳо раҳбари ҲСТ ва вакили порлумон ҳастед. Бисёриҳо мехоҳанд донанд, ки дороиҳои Шумо аз чӣ иборат аст?
Абдуҳалим Ғаффоров: “Дороии ман як манзили чорҳуҷраӣ, ҳафт фарзанду 15 набера аст. Ҳеч кадом аз фарзандонам дар ниҳодҳои давлатӣ кор намекунанд.”
Радиои Озодӣ: Ҳар вақте як вакил ё мансабдори тоҷик дар суҳбат бо расонаҳо мегӯяд, ки дар бисоташ фақат як хона дорад, мардум бо шубҳа менигаранд...
Абдуҳалим Ғаффоров: “Метавонед санҷед, ман ҳамагӣ як хона дорам. Ба сабаби он ки дар он хона чанд узви оила зиндагӣ мекунанд, худам дар манзили давлатӣ меистам. Хонаи давлатиро барои вакилон ба муддати панҷ сол медиҳанд.”