Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода дар нишасти хабарии худ ба масоиле чун марзшиканӣ, афзоиши боҷи гумрукӣ ва интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дахл кард.
Раиси вилояти Суғд дар робита ба рабуда шудани 10 нафар сокинони ноҳияи Панҷакент аз ҷониби марзбонони Узбакистон гуфт, ки онҳо аз ноогоҳӣ марзшиканӣ кардаанд.
Қоҳир Расулзода рӯзи ҷумъаи 19-уми июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки сокинони Панҷакент бинобар надонистани хатти мушаххаси марзи Тоҷикистону Узбакистон дар мавзеъи марзии Фароб ҳангоми чӯпонию алафдаравӣ ноогоҳона вориди хоки кишвари ҳамсоя шудаанд, ки дар натиҷа онҳоро сарҳадбонони узбак дастгир кардаанд. Расулзода афзуд, онҳо аз вазъи саломатии ин 10 нафар бохабар ҳастанд ва дар ҳоли ҳозир Вазорати умури хориҷӣ ва неруҳои марзбонии Тоҷикистон барои раҳоии ин афрод бо ҷониби Узбакистон гуфтугӯ пеш мебаранд.
Рӯзи 15-уми июн марзбонони узбак 5 чӯпони сокини рустои Моғиёни ноҳияи Панҷакент - Тӯлибой Қурбонхоҷаев, Рустам Ҳайдаров, Меҳриддин Шамсиддинов, Сӯҳроб Абдуллоев ва Довуд Ҳайдаровро бо рамаи гӯсфандону говҳояшон ба Узбакистон бурданд. Марзбонони узбак онҳоро ба марзшиканӣ айбдор мекунанд. Ҳамчунин рӯзи 10-уми июл 5 сокини деҳаи Фароби ҳамин ноҳияро низ марзбонони узбак барои “сарҳадшиканӣ” дастгир карда, ба он сӯи марз бурданд ва то кунун дар боздошти ҷониби Узбакистон қарор доранд.
“Боҷи гумрукӣ барои мошинҳои воридотӣ бо роҳи қонунӣ баланд шуд”
Ба гуфтаи Қоҳир Расулзода боҷи гумрукӣ ба автомобилҳои воридотӣ, ки аз 1 июли соли равон дар Тоҷикистон аз ҳудуди 800 то 1200 доллар боло рафт, дар чаҳорчӯби қонун сурат гирифтааст: “Мақомоти гумрук мегӯянд, ки тоҷирон арзиши гумрукии автомобили воридотиро паст нишон дода, вале онро дар бозор бо қимати баланд мефурӯшанд. Ва ин ҷо қонун вайрон карда мешуд. Вале ман ҷонибдори он, ки аз ин гуна тағйир тоҷирон бояд қаблан карда мешуданд ва ман бовар дорам агар ба мардум ошкоро фаҳмонида мешуд, қабул мекард.”
Ӯ афзуд, то ҳол ҳудуди 90 дарсад аз мошинҳои воридотӣ ба вилояти Суғд бо арзиши нави гумрукӣ аз ҷониби тоҷирон ба расмияти гумрукӣ гузаронида шудааст. Вале Илҳом Ёқубов, яке аз ин тоҷирон дар суҳбат бо "Озодӣ" гуфт, ин маънии ризояти онҳо ба гарон шудани боҷи гумрукиро надорад. Вай афзуд : “Чунки мувофиқи Кодекси гумрук агар то 15 рӯз мошинҳои воридкардаамонро ба расмияти гумрукӣ надарорем, ба ҳадди 15 дарсад аз арзиши он ҷарима баста мешуд. Ба ҳамин хотир мо ба мошинҳои худ боҷи нави гумрукӣ пардохт кардем.”
Вай афзуд, ахиран гурӯҷи тоҷирони мошин ба мақомоти гумрук ва ҳукумати Суғд зимни вохӯрӣ дар ин замина ду пешниҳод кардаанд: якум, ҳадди ақал 2 – 3 моҳ пеш аз чунин дигаргунӣ огоҳ намудани тоҷирон ва дуюм, на 50 дарсад, балки 15-20 дар сад боло бурдани боҷи гумрукӣ. Ба гуфтаи Илҳои Ёқубов, афзоиши боҷи гумрукӣ қимати мошинро дар бозор баланд бурда, бозори тоҷиронро касод мекунад. Ва тоҷиронеро, ки бо қарзи бонк мошин овардаанд, ба қарзи бештар меғӯтонад.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Қ. Расулзода, қарор аст рӯзи сешанбеи 23-юми июл ин мушкил дар як нишасти рӯбарӯи хабарнигорону намояндагони тоҷирон бо мақомоти гумрук мавриди гуфтугӯ қарор бигирад.
Ва дар бораи ширкаташ дар интихоботи раисҷумҳурӣ
Оқои Расулзода дар посух ба ин пурсиш, ки оё фикри номзадии худро ба интихоботи президентии моҳи ноябр пешниҳод кардан дорад, гуфт, дар ин бора ҳатто андеша ҳам намекунад ва ӯро иҷрои беҳтари вазифаи худ ба ҳайси раиси вилоят машғул медорад. “Ҳар кас бояд ба қадри нерӯи худ кор кунад. Ман дар фикри онам, ки аз ӯҳдаи иҷрои он масъалаҳое, ки назди ман давлату ҳукумат ва мардум гузоштаанд, баромада истодаам ё не. Чунки ҳоло камбудиву проблемаҳои зиёде дорем. Худо кунад, ки ҳамин кореро, ки бар дӯши мост, пеш барем.” - афзуд Расулзода.