Як хонандаи мактаби рақами 1-и ноҳияи Дарвоз ду рӯз пеш ба таври мармуз ба ҳалокат расид.
Парвизи Вазирбек, ки дар синфи 8-уми мактаби рақами 1-ноҳияи Дарвоз таҳсил мекард, рӯзи 1-май дар шароити мармуз ба ҳалокат расид. Мақомот ин ҳодисаро таҳқиқ мекунанд, вале ҷузъиёти онро шарҳ намедиҳанд. Додситони ноҳияи Дарвоз Саидаҳмад Холов дар як тамоси телефонӣ ба радиои Озодӣ гуфт, тамоми иттилоъ дар бораи хабари марги мармузи ин наврас ба додситонии ҳарбии Гарнизони Хоруғ ирсол ва таҳқиқи парванда оғоз шудааст. Вай гуфт:
"Дар ҷои ҳодиса коркунони прокуратураи ҳарбӣ кор карданд ва хулосаҳои худро ба Гарнизони Хоруғ фиристоданд. Азбаски ин як мавзӯи ҳарбӣ аст, ман ба шумо тафсилоти зиёд дода наметавонам", гуфт Саидаҳмад Холов.
Додситони ноҳияи Дарвоз гуфт, бо вуҷуди овозаву фарзияҳои зиёд, ки аз забони сокинони ин маҳал садо медиҳад, ҳоло сабаби аслии ҳалокати Парвизи Вазирбеков маълум нест.
Аммо Саидбек Аҳмадбеков, яке аз хешовандони Парвизи Вазирбек рӯзи 3-юми май дар шарҳи ин қазия ба Озодӣ» гуфт, онҳо медонанд, ки ҳодиса шоми 1 май рух додааст, вале то имрӯз ҷасади бачаро пайдо накардаанд. Ба иддаои Аҳмадбеков, Парвизи Вазирбек бо бархе аз сарбозони қисми марзбонии мустақар дар шаҳраки Қалъаихум додугирифт дошт ва ба ивази маводи сӯхт ба онҳо телефони мобилӣ, симкарт ва дигар васоили зарурӣ меовард.
Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати Озодӣ, "гӯё бегоҳии рӯзи 1-уми май сарбозон Парвизро барои табодули мол бо бензин даъват карданд. Вале ҳангоми гирифтани маводи сӯхт, посбонони ин қисми ҳарбӣ пайдо шуданд ва посбонҳо ба хотири ошкор нашудани муомилот гӯё Парвизро даруни бочкаи яктоннагии маводи сӯхт андохта, худ фирор кардаанд".
Ба иддаои Саидбек Аҳмадбеков, "ҳангоме, ки сарбозон пас омаданд, Парвиз аллакай ҷон дода буд ва онҳо ҷасадро ба дарёи Панҷ андохтанд, то ҳеҷ нишоне ҷой надошта бошад".
Радиои Озодӣ бо чандин нафар дар ноҳияи Қалъаи Хумб дар тамос шуд, ҳамагӣ ҳамин иддаоро такрор мекарданд. Ҳарчанд ҳеҷ далели собиткунандаи ин ҳодисаро дар даст надоранд. Мақомот аз гуфтани тафсилоти ҳодисаи нопадидшавии мармузи ин наврас худдорӣ мекунанд.
Масъулини Додситони ноҳияи Дарвоз мегӯянд, ин ҳодиса "бисёр торик ва печида аст ва чӣ гуна ба ҳалокат расидани Парвизи Вазирбек ҳанӯз норӯшан мебошад".
Аз ин қабл дар моҳи январи соли ҷорӣ як сокини ҳамин ноҳия аз сӯи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон мустақар дар ин минтақа, кушта шуда буд. Ҳодиса бегоҳии рӯзи шанбеи 5-уми январ дар деҳаи Шикеви ин ноҳия рух дод. Дар ин ҳодиса Фурқат Алишибеков, сокини 32-солаи ин деҳа аз сӯи марзбонони қисми 2711-и нерӯҳои сарҳадии Тоҷикистон ҳадафи тир қарор гирифта ва дар ҷойи ҳодиса ҷон дод. Фурқат Алишибеков дар ин ҳодиса ҳамроҳ бо як марди афғон қарор дошт ва аз ҷониби сарбозони тоҷик ҳадафи тир қарор гирифта буд.
Ноҳияи Дарвози Тоҷикистон бо вулусволиҳои Шикай, Нусай, Дарвози Боло ва Кӯфи вилояти Бадахшони Афғонистон марзи муштарак дошта ва ҳодисаҳои убури марз аз сӯи шаҳрвандони он сӯи Омударё, гоҳ-гоҳе ба қайд гирифта мешавад.