Садои пои бӯҳрон ва 4 тадбири Э.Раҳмон

Бонки миллии Тоҷикистон эътироф кардааст, ки суръати рушди иқтисоди ин кишвар дар ду моҳи аввали сол нисбат ба як соли пеш кунд шудааст. Аммо ба ҳисоби доллар, ҳаҷми иқтисоди Тоҷикистон имсол 140 миллион доллар коҳиш ёфтааст.

Бино ба омори расмие, ки Бонки миллӣ ҳафтаи гузашта нашр кард, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кимшвар дар моҳҳои январ-феврали соли равон ҳамагӣ 4,8 миллиард долларро ташкил додааст. Ин назар ба 2 моҳи аввали соли қаблӣ 5,2 фоиз бештар аст, вале аз нигоҳи суръати рушд – 1,9 фоиз камтар.

Аммо ин муқоиса бо пули сомонист. Агар таҳлили қиёсии вазъи иқтисодии Тоҷикистонро ба доллари амрикоӣ бигардонем, тасвири боз ҳам ҳузнангезтаре бароямон ҷилвагар мешавад.

Дар ду моҳи аввали соли 2013 маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон чизе бештар аз 4,5 миллиард сомониро ташкил дода буд, ки бо қурби як сол пеши доллар қариб 900 миллион доллар мешуд. Аммо агар 4,8 миллиард сомонӣ маҷмӯи маҳсулоти дохилии ду моҳи аввали соли ҷории Тоҷикистонро бо қурби имрӯзаи доллар ҳисоб кунем, он чизе дар ҳудуди 760 миллион доллар мешавад. Яъне 140 миллион доллар, ё қариб 16 фоиз камтар аз як соли пеш.

Тавлидоти ТАЛКО - бузургтарин корхонаи саноатии Тоҷикистон 2 маротиба кам шудааст

Ҳамин тавр, тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-феврал назар ба айни давраи соли 2013 ҳудуди 15,8 дарсад коҳиш ёфта, ҳамагӣ 615 миллион долларро ташкил додааст. Аз ин миён 460 миллионаш (22 фоиз камтар аз як соли пеш) аз ҳисоби воридот ба даст омада, Тоҷикистон дар ду моҳи аввали сол ба хориҷа ба маблағи ҳамагӣ 149,4 миллион доллар, яъне 3 маротиба камтар аз воридоташ, мол фурӯхтааст, ки низ ба айни давраи соли гузашта 11,6 фоиз камтар мебошад.

Мақомоти Бонки миллӣ коҳиши суръати рушди иқтисоди Тоҷикистонро асосан ба омилҳои берунӣ рабт додаанд. Ба гуфтаи онҳо, “вазъи мураккаби сиёсӣ дар ҷаҳон, ноустувории ҳолати сиёсию иқтисодии кишварҳои шарикони савдо ва номӯътадилии нархи маҳсулоти асосии содиротии ватанӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба афзоиши фишорҳои қурбӣ, касри тавозуни савдо ва то андозае ба сустшавии фаъолнокӣ дар бахшҳои алоҳидаи иқтисодиёти кишвар таъсири худро расонд.”

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ рӯзи 23 март дар як ҷаласаи корӣ бо раҳбарони вилояти Суғд дар маркази он вилоят, шаҳри Хуҷанд зимни баррасии вазъи иқтисодии вилоят ва кишвар таъкид кардааст, ки омилҳои иқтисодию молиявӣ ва сиёсию фарҳангии беруна ба ҷомеаи Тоҷикистон таъсири манфии эҳсосшаванда дорад.” Оқои Раҳмон дар ин ҷаласа як силсила тадбирҳои лозими зидди бӯҳрониро, аз қабили:

-таъсиси ҷойҳои нави корӣ,

-афзун намудани истеҳсолоти ватанӣ,

-ғанӣ гардондани бозори истеъмолӣ

- боло бурдани иқтидори содиротии кишвар” ном бурд ва ин ҳамаро аз “роҳҳои асосии коҳиш додани таъсири манфии омилҳои беруна” ба иқтисоди Тоҷикистон хонд.

Вилояти Суғд аз манбаъҳои муҳими такмили буҷаи Тоҷикистон ба шумор меравад. Вале ба гуфтаи президент суръати рушди иқтисод ҳатто дар ин вилоят дар соли гузашта қариб 1 дарсад коҳиш ёфта, 5 ноҳияаш нақшаи андозро иҷро карда натавонистаанд.

Афзоиши нигаронии мақомоти Тоҷикистон аз коҳиш ёфтани суръати рушди иқтисод дар ҳолест ки дар соли гузашта таҳти таъсири омилҳое, чун бӯҳрони иқтисодии Русия, таҳримоти Ғарб алайҳи он кишвар ва ба ин ду далел кам шудани ҳаҷми пулҳои интиқолии муҳоҷирони тоҷик, ҳамчунин пойин рафтани нархи маҳсулоти умдаи содиротии Тоҷикистон дар бозори ҷаҳонӣ, бахусус нархи алюминий, суръати рушди иқтисоди Тоҷикистон баъди қариб 15 сол рушди собиту пайваста (бо фосилаи хеле кӯтоҳе дар пайи бӯҳрони молиявии соли 2008) рӯ ба кундӣ овард. Ин заифтарин иқтисоди пасошӯравӣ ҳамчунин таҳти фишори коҳиши қурби пули сомониаш мондааст, ки дар як соли охир, бино ба ҳисобҳо, то 30 дарсад қурбашро гум кардааст.

Маҷаллаи «Forbes» моҳе пеш иқтисоди Тоҷикистонро дар миёни 15 кишвари Шӯравии собиқ аз ҳама заиф ба қалам дода, дар ҷои охирин гузошта, навишт, ки иқтисоди ин кишвар асосан аз ҳисоби пули фиристодаи беш аз 1 миллион муҳоҷираш мечархад. Аммо агар дар соли 2013 пули муҳоҷирони тоҷик ба 4,1 миллиард доллар расид, соли гузашта он танҳо 3,9 миллиардро ташкил дод ва имсол, бино ба пешбинии Сандуқи байналмилалии пул, боз 30 дарсади дигар коҳиш хоҳад ёфт.

Тоҷикистон 142 000 километри мураббаъ масоҳат ва 8 миллион аҳолӣ дошта, маҷмӯи маҳсулоти дохилиаш дар соли 2014 беш аз 45 миллиард сомонӣ, муодили чизе бештар аз 8 миллиард долларро ташкил медиҳад. Буҷаи солонаи ҳукумати Тоҷикистон тақрибан ба 3 миллиард доллар баробар мешавад. Тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар сол аз 4 миллиард доллар мегузарад, вале таносуби байни содирот ва воридоти кишвар шадидан манфӣ буда, Тоҷикистон назар ба моле ки ба хориҷ мефурӯшад, то 4 маротиба бештар аз хориҷ мол ворид мекунад.

Иқтисоддонҳо мегӯянд, Тоҷикистон амалан ба як кишвари истеъмолкунанда табдил ёфтааст, ки ба хориҷ асосан 2 навъи маҳсулот - алюминий ва пахта – ва он ҳам дар шакли ашёи хом мефурӯшад, вале ин кишвар дар муқобил беш аз 90 дарсади бозорҳояш – сар карда аз гӯгирду сӯзан, орду макарон ва равғану гӯшт то досу белу ҳатто ҷомаву тоқии тоҷикиро аз хориҷ ворид мекунад. Чӣ расад ба маҳсулоти сохтанаш мураккабтаре, чун дастгоҳу мошин ё телефону компутар, ки сохтани онҳо дар худи Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир мисли як афсонаи боварнокарданӣ менамояд.