Шӯрои мудирони 4 анҷумани илмӣ – Анҷумани таҳқиқоти халқҳои славянӣ, Аврупои шарқӣ ва АвроОсиё, Анҷумани таҳқиқи миллатҳо, Ҷамъияти таҳқиқоти АвроОсиёи Марказӣ ва Ҷамъияти аврупоии омӯзиши Осиёи Марказӣ – бо изҳори нигаронии ҷиддӣ аз боздошти унвонҷӯи бахши улуми сиёсии донишгоҳи Торонтои Канада Александр Содиқов аз раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймӯмин Ятимов хостаанд, то ӯро дар кӯтоҳтарин фурсат раҳо кунад. Дар ин нома, ки гуфта мешавад, аз номи 4500 донишманду пажӯҳитшгари узви ин 4 анҷумани илмӣ навишта шуда, нусхааш рӯзи 24 июн ба дасти Озодӣ расид, омадааст, «таассуроте ҳосил мешавад, ки боздошти ӯ ба фаъолиятҳои илмиаш ва шояд ба таҳлилҳои таҳқиқотие, ки дар гузашта нашр кардааст, рабт дорад.» Муаллифон мегӯянд, «ҳабсу боздошти муҳаққиқони академӣ барои ҳамаи аъзои мо мояи нигаронии бузург шудааст. Мисли Содиқов,бисёре аз мо низ бар пояи мусоҳибаҳо дар минтақа таҳқиқот мегузаронем. Боздошти ӯ намунаи поймол кардани озодии зеҳнист ва як собиқаи ташвишовари то куҷо барои дунё боз будани Тоҷикистон шудааст.»
Ин 4 анҷумани илмӣ низ таъйид кардаанд, ки Александр Содиқов дар донишгоҳи Торонто рӯи рисолаи докториаш кор мекард ва ба хотири тарҳи «Кишварҳои дар ҳоли нумӯъ ва ҳалли низоъҳо дар Осиёи Марказӣ», ки ба гуфтаи онҳо, аз тарафи Шӯрои таҳқиқоти иқтисодииву иҷтимоии Бритониё маблағгузорӣ мешуд, ба Тоҷикистон сафар карда буд. Ба гуфтаи муаллифон, «ин тарҳ ба омӯзиши роҳҳои ҳалли низоъҳо дар Осиёи Марказӣ ихтисос ёфта, натоиҷаш мебоист ба арсаҳои илмии байналмилалӣ нишон медод, ки Тоҷикистон аз замони хатми ҷанги шаҳрвандиаш дар соли 1997 чӣ роҳу шеваҳои ҳалли низоъҳоро таҳия кардааст.»
Ин 4 анҷумани илмӣ дар поёни нома аз раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймӯмин Ятимов хостаанд, то Александр Содиқовро «дар фурсати кӯтоҳтарин» раҳо кунад.
Александр Содиқов, муҳаққиқи бахши улуми сиёсии донишгоҳи Торонтои Канада, рӯзи 16 июн дар шаҳри Хоруғ замоне боздошт шуд, ки бо як намояндаи ҷомиаи шаҳрвандии Бадахшон дар бораи эътирозҳои моҳи май дар маркази ин вилоят сӯҳбат мекард. Содиқовро дар ҳафтаи гузашта ба Душанбе оғоварданд ва рӯзи 19-уми июн ҳам додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ қарори боздошти ӯро содир кард.
Мақомоти амниятии Тоҷикистон Александр Содиқовро бар асоси моддаи 305-и Кодекси ҷиноӣ - «хиёнат ба давлат, яъне ҷосусӣ, додани сирри давлатӣ, ё расонидани дигар хел ёрӣ ба давлати хориҷӣ, ташкилоти хориҷӣ ё ба намояндагони онҳо дар фаъолияти душманонаашон ба зарари истиқлолият, дахлнопазирии арзӣ, иқтидори мудофиавӣ ва ё амнияти берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон содир шудааст» - гумонбар медонанд. Гуфта мешавад, мутобиқи ин моддаи Кодекси ҷиноӣ дар сурати исбот шудани иттиҳом Содиқовро аз 12 то 20 соли зиндон таҳдид мекунад.
Аммо боздошти Содиқов ва ба ҷосусӣ муттаҳам шудани мавҷи интиқодҳоро дар хориҷ аз Тоҷикистон барангехтааст. Дар робита ба боздошти Александр Содиқов созмонҳои Human Rights Watch, Freedom House, ҳамчунин САҲА ва ИА изҳори нигаронӣ карда, хостори таъмини ӯ бо вакили мудофеъ ва дастрасӣ ба аҳли хонаводааш шудаанд. Аммо Мушаррафа Содиқова, ҳамсари Александр Содиқов рӯзи 23 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, то ҳол шавҳарашро баъд аз боздошт надидааст ва танҳо аз забони муфаттиши парванда шунидааст, ки аҳволи ӯ хуб аст. Ба гуфтаи Мушаррафа Содиқова, мақомоти амниятӣ гӯё Александр Содиқовро бо вакили мудофеъ таъмин кардаанд, вале ин вакил то ҳол ба наздикони вай аз худ дарак надодааст.
Унвонҷӯи Донишгоҳи Торонтои Канада Александр Содиқови 31-сола зодаи ноҳияи Панҷакент буда, дар Душанбе дар Донишгоҳи славянӣ таҳсил кардааст ва аз соли 2011 дар Канада ба сар мебурд. Ӯ дар аввалҳои моҳи июн ба Тоҷикистон омад ва рӯзи 16 июн дар шаҳри Хоруғ, ҳангоми мусоҳиба бо Алим Шерзамонов, раиси созмони вилоятии ҳизби мухолифи сотсиал-демократ боздошт шуд.