100 миллион $ қарзи нигаронкунандаи "Барқи тоҷик"

Ахиран ширкати «Барқи тоҷик» эътироф кард, ки танҳо аз ду нерӯгоҳе, ки бо сармояи хориҷӣ бунёд шудаанд, ҳудуди 100 миллион доллар қарздор аст.
Мушкили қарзи ширкати «Барқи тоҷик» то андозае бузург шудааст, ки нақшаи қаблан тарҳрезишудаи табдили сохтори онро боздоштааст. Гузашта аз и,н коршиносон мегӯянд, ғайри қобили пардохт шудани ин ширкат ба эътибори кишвар дар арсаи байналмилалӣ латма зада, метавонад монеъи ҷалби дигар сармоягузорони хориҷӣ ба тарҳҳои энержии Тоҷикистон шавад.


Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Қарзҳои "Барқи тоҷик" сармоягузоронро мегурезонад



Шодӣ Шабдолов, узви кумитаи сохтмон, саноат ва энергетикаи Маҷлиси намояндагон мегӯяд, «Барқи тоҷик» дар ҳолати пеш аз варшикастагӣ қарор дорад ва агар ҳукумат оҷилан барои кумакш тадбир наандешад, шояд ин ширкат муфлис шавад: «Дигар ягон сармоягузори хориҷӣ бо ширкати «Барқи тоҷик»ҳамкорӣ намекунад. Онҳо нерӯгоҳро сохтанд ,барқро ба хатҳои «Барқи тоҷик» медиҳанд ва бояд пули барқашонро гиранд. «Барқи тоҷик» мегӯяд, дар суратҳисобаш пул нест. Онҳо («Сангтӯда- 1», «Сангтӯда -2») ба суратҳисоби ширкат чӣ кор доранд? Онҳо пулашонро интизоранд.»


Шодӣ Шабдолов

Шодӣ Шабдолов мегӯяд, дар 4 соли охир 4 дафъа роҳбари ширкати «Барқи тоҷик» иваз шуд, аммо вазъ бетағйир ва буҳронӣ боқӣ монд. Ба ақидаи ӯ, то замоне ки давлат бархӯрдашро иваз накунад, аз табдили раҳбарони «Барқи тоҷик» сӯде ба даст намеояд.

Ба таъкиди ин ҳамсӯҳбати ман, бояд «касе ба фаъолияти ин ширкат мудохила накунад ва пули ҳар киловатт/ соат нерӯи барқе, ки мефурӯшад, новобаста ба он ки кадом ширкат истифода кардааст, бояд пардохт карда шавад."

Раҳоӣ аз буҳрони энергетикӣ яке аз се ҳадафи стротегии давлати Тоҷикистон буда, бунёди нирӯгҳҳо ягона роҳи расидан ба ин ҳадаф номида мешавад. Аммо тавре мушоҳида мешавад, афзун шудани қарзи Тоҷикистон сармоягузорони умдаи бахши энержиаш - Эрон ва Русияро дилсард кардааст ва онҳо зоҳиран моили сармоягузории бештар дар ин ришта нестанд.

Русия ҳудуди чор сол боз барои сармоягузорӣ ба бунёди се нерӯгоҳи хурд дар Тоҷикистон ваъда медиҳад, аммо то ба ҳол аз ваъда ба амал нагузаштааст. Қарор буд, Эрон низ бунёди нерӯгоҳи Айниро дар рӯдхонаи Зарафшон моҳи майи соли ҷорӣ оғоз кунад. Аммо тавре як манбаъи аршад дар сафорати Эрон ба шарти набурдани номаш ба Озодӣ гуфт, далели ба таъхир афтодани оғози сохтмони ин нерӯгоҳ низ қарздории Тоҷикистон дар назди нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» аст, ки бо сармояи Эрон бунёд шудааст.

Ба таъкиди ин ҳамсӯҳбати мо, қарзи ширкати “Барқи тоҷик” дар назди нерӯгоҳи “Сангтӯда- 2” ба 25 миллион доллар расидааст ва ин қарз ҳар моҳ ҳудуди 1,5 миллион доллар зиёд мешавад. Ин дар ҳолест ки ба гуфтаи ӯ, ҷониби Эрон ният дошт, қисме аз ин пулро ба тармиму таҷдиди нақби “Истиқлол“ ва боқимондро барои шурӯъи сохтмони нерӯгоҳи Айнӣ сарф кунад.

Аммо Шӯҳратҷон Раҳматбоев, муовини раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ мегӯяд, баҳси ду нерӯгоҳ бо як ширкати дигар дар Тоҷикистон наметавонад ба обрӯи Тоҷикистон дар амри ҷалби сармояи хориҷӣ латма ворид кунад: «Ин баҳси ду ширкат аст. Бигзор онҳо қарздори худро ба додгоҳ кашонанд ва пули худро бирӯёнанд. Ҳамчунин ин нерӯгоҳҳо озоданд ва метавонанд барқи худро мустақилона ба кишварҳои хориҷа фурӯшанд.»


Нирӯгоҳи Сангтӯда-2

Аммо ин иддаои дасти бози ширкатҳо барои фурӯхтани барқи худ чандон воқеъӣ наменамояд, зеро дар Тоҷикистон зербинои дигари ҳамлу нақл ва фурӯши барқ ба ҷуз аз хутуте, ки пурра дар монополияи «Барқи тоҷик» аст, аслан вуҷуд надорад.

Дар ҳоли ҳозир, ба иттилоъи масъулони «Барқи тоҷик», ин ширкат аз нерӯгоҳи «Сангтӯда-1», ки бо пули Русия сохта шудааст, 379 миллион сомонӣ ва аз «Сангтӯда-2» 86 миллион сомонӣ қарздор аст.

Тавре дар нишасти хабарии ахираш Сӯҳроб Раҳимов, муовини раиси «Барқи тоҷик» изҳор намуд, ин ширкат вобаста ба тавон ҳар моҳ то 10 миллион сомонӣ қарзҳои «Сангтӯда-1» ва аз 4 то 6 миллион сомонӣ қарзҳои нерӯгоҳи «Сангтӯда-2»-ро пардохт мекунад, ки танҳо барои пардохти музди меҳнати кормандони нерӯгоҳҳо кофӣ аст. Аммо бо чунин сурату чунин суръат қарзи ширкат аз ин ду нирӯгоҳ ҳамчунон болову боло хоҳад рафт.