Як хонандаи Озодӣ бо номи Меҳрубони Меҳрубон бо ирсоли як акс ба Озодӣ хабар дода буд, ки дар навишти англисии исми ширкат иштибоҳ рафта, ба ҷои “Barqi Tojik” “Barki Tojik” навиштаанд.
Меҳрубони Меҳрубон рӯзи 28 май дар номае дигар бо ирсоли акси нави “Барқи Тоҷик” хабар дод, ки иштибоҳи мавҷуда дар навишти англисии номи ширкатро алакай ислоҳ кардаанд.
Матлаби аввали мо дар ин бора рӯзи 12 май бо номи "BarKi Tojik" ё "BarQi Tojik"? чоп шуд ва баҳси гармеро ҳам дар сомонаи Озодӣ ва ҳам дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук барпо кард.
Нафаре бо номи Кодер бо ишора ба камбарқие, ки Тоҷикистонро то 6 моҳ фаро мегирад, навиштааст, "Дурусташ, "Барқи Торик" бояд навишта мешуд". Раҳмон Назаров аз Меҳрубон барои кашфи ин иштибоҳ ситоиш карда, навиштааст, месазад ки раҳбарони ширкат барои ин ба ӯ мукофот диҳанд.
Хонандае бо номи 24часа аммо навишт, “барои ман аз barK-у barQ, муҳим он аст, ки ба аҳолӣ ҳамеша дар як шабонарӯз 24 соат барқ дода шавад... сипас масъалаи barK-у barQ-ро дида баромадан мумкин. чӣ хеле ки мегӯянд мусалмонӣ ба ишкамсерӣ...” Мухтор аз Себзор навишт, “Ҳоло муҳим чист? Сев гӯем ё Себ!? Мақсад ки ҳамон меваро чихел пайдо кунем?”
Хонандае бо номи Заминковак афзудааст: “Бигзор ҳеч лавҳае надошта бошаду мардум бо барқи орзону бо сифати 24- соата таъмин бошанд. Собиқ тамоман навиштаҷоте надошт, аммо барк дошт... Гирифта партоянд ҳамон лавҳаро, Худо хохад, барқ фаровон мешавад.” Тоҷикҷон бо танз пешниҳод кардааст, ки исми ширкат умуман “Барқи тоҷик” неву "БЕБАРҚИ ТОҶИК " номгузорӣ шавад!” Шӯҳрат низ ин шӯхиро об дода, афзудааст: “Беҳтараш, то барқ шудан "Тоҷики Бебарқ" нависанд.”
Дар ҳар сурат, ширкати “Барқи Тоҷик” дар зарфи ҳамагӣ ду ҳафта иштибоҳи рафта дар навишти англисии номашро ислоҳ кардааст. Акнун бояд умедвор шуд, ки масъулони ширкат акнун дар амри ҳалли мушкилоти бебарқии кишвар низ чунин чолокӣ нишон хоҳанд дод.