Бархе нашрияҳову саҳифаҳои интернетии Чин филмсози маъруфи амрикоӣ Стивен Спилбергро танқид карданд, ки ба қавли онҳо, вазъияти воқеиро сарфи назар мекунад.
Ҳафтаи гузашта Стивен Спилберг гуфт, ки дигар наметавонад ба ҳайси мушовири ҳунарии бозиҳои Олимпии Чин фаъолият кунад. Вай гуфт, ҳукумати Судон, ки аз пуштибонии Чин бархурдор аст, даст ба куштори ҷамъии сокинони минтақаи Дорфур мезанад.
Як нашрияи бонуфузи чиноӣ дар робита бо тасмими ахири филмсози амрикоӣ гуфт, ки вай дар ҷаҳони тахаюлӣ, на воқеӣ ба сар мебарад. Нашрияи дигар гуфтааст, ки оқои Спилберг роҷеъ ба воқеиятҳои Чин ва масоили Дорфур чизе намедонад ва қазоватҳои вай иштибоҳӣ аст.
Дар айни ҳол, ҳазорҳо чиноиҳои норозӣ бо тасмими коргардон, дар шабакаҳои Интернет канорагириҳои вайро аз ширкат дар ташкили бозиҳои Олимпӣ бо лаҳни шадид танқид кардаанд.